ТАНЗИМ ОМИЛИ РУШДИ САТҲИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ27-12-2023, 09:41
Хабарро хонданд: 121 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 қабул гардид. Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур мувофиқ ба талаботи замони муосир ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросим буда, дар ин замина арзишҳои асосии фарҳанги миллиро ҳифз кардан ва эҳтиром гузоштан ба суннатҳои мардумӣ мебошад. Ҳамчунин муҳтавои қонуни мазкур барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Мусаллам аст, ки то қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашну маросим хеле бо ҳашамат, бо истифодаи маблағҳои ҳангуфт ва забҳи чорвои зиёд баргузор мешуданд. Ҳамватанони мо дар тӯю сурҳояшон миёни ҳамдигар рақобати шадид мекарданд. Ҳар нафар кӯшиш ба харҷ медод, ки маъракаҳои бодабдаба баргузор намояд. Аз ҷумла шахсонеро вохӯрдан мумкин буд, ки “Ман аз ҳамсоя чӣ камӣ дорам?” - гӯён, бо вуҷуди надоштани шароити хуби зиндагӣ ба тақлиду намоишкорӣ даст зада, дар натиҷа маблағҳои зиёд харҷ мекарданд. Баъзан чунин мешуд, ки сокинони кишвар аз бонк қарз гирифта, маросими боҳашамат баргузор намуда, сипас маблағи қарзиро пардохт карда наметавонистанд. Тӯю маъракаҳои хурсандӣ як тараф истад, ҳатто пурдабдабаю серхарҷ гузаронидани маъракаи азодорӣ ба мусобиқаи бемаънии сокинон табдил ёфта, сарфу харҷ аз рӯзи дафн оғоз мегардид. Ин амал на танҳо дар рӯзи фавти шахс, ҳатто дар серӯзагӣ, ҳафтрӯзагӣ, бистрӯзагӣ, чилрӯзагӣ ва сари сол идома меёфт. Барои баргузории маъракаи азодорӣ маблағи зиёди шаҳрвандон беҳуда сарф мегардид. Беҳуда ба он хотир, ки дар баргузории маъракаҳо ҳеҷ кас ғолиб ҳам намешуд ва ба касе ҳам инъом намедоданд. Ҳамаи ин барои қонеъ гардонидани нафс буду барои «шикастан»-и миёни шахси азодор. Ин ҳама ҳараҷу мараҷ дар як ё ду рӯз амалӣ мешуд, вале шахси азодорро ба солҳои тӯлонӣ қарздору муфлис мекард. Мутаассифона, чунин зиёдаравӣ, балки бенизомӣ дар рӯзи таваллуд, “арӯсбинон”-у “домодталбон”, “ҳоҷиталбон”-у “гаҳворабандон” ва дигар маъракаҳои бемаънӣ ба назар мерасид. Агар як нафар рӯзи таваллудашро дар хона бо иштироки ёру дӯстон ва наздиконаш мегузаронд, ҳамсоя “қафо намонам” гуфта, зодрӯзашро бо иштироки хешу табор ва даъвати сарояндагон ва истифодаи садоафзо дар саҳни ҳавлиаш мегузаронду шахсони зиёдро ҷамъ мекард, то ки садои чангу доира дар миқёси деҳа танинандоз гардаду мардум таърифу тавсиф кунанд. Аммо баъди ин амалҳо ҳамсояи дигар бинобар худнамоӣ барои баргузории зодрӯзаш нақша мекашиду рӯзи таваллудашро дар тарабхона бо харҷи зиёд дар сатҳи баргузории тӯи домодиву арӯсӣ барпо мекард. Чунин зиёдаравиву худнамоии шаҳрвандон қариб дар ҳама маъракаҳои мардумӣ дида мешуд, ки барои аксари сокинон қобили қабул набуду харҷи миёншикан дошт. Ба таъбири дигар, сокинони кишвар бештар ба сарфу харҷи беҳуда ва ба зоҳирпарастиву худнамоишдиҳӣ рӯй оварданд, ки дар натиҷа бо гузашти андак вақт зиндагӣ мураккабтару сатҳи камбизоатӣ боло рафт. Ба қавли Ҷалолиддини Балхӣ: Халқро тақлидашон барбод бод, Эй дусад лаънат бар он тақлид бод. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу заковат ва хиради азалиашон ин мушкилотро дарк намуда, ҳамчун роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчӣ зудтар халос кардани мардум аз ин хароҷоти сахту сохта қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст. Қонун дар доираи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арзишҳои суннатӣ таҳия гардидааст, ки метавон бе чуну чаро ин Қонунро “қонуни миллӣ” номид. Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботи Қонун пеш аз ҳама омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд ва ба пешрафти фарҳанг мусоидат мекунад, муҳим аст. Татбиқ, тарғиб ва риояи талаботи қонун ба ҳар яки мо вобаста мебошад. Дар моддаи 1-уми қонуни номбурда омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст». Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» моҳияти динӣ надорад, балки дар асоси талаботи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расидааст. Мусаллам аст, ки фарҳангу тамаддуни ҳар миллат ва халқият дар раванди таърихии ташаккул ва такомули худ хоҳу нохоҳ бо фарҳанги дигар халқу миллатҳо дар ҳолати мубодила қарор дошта, бо онҳо омезиш меёбад. Омезиши фарҳангҳо бошад, хоҳу нохоҳ дар урфу одат, анъана ва маросими мардумӣ инъикоси худро меёбанд. Маҳз бо ҳамин далел тӯли садсолаҳои таърих ҷашну маросими диниву миллии мо низ ба чунин омезишҳо гирифтор шуда, дар баробари баъзе унсурҳои мусбат, инчунин унсурҳои зиёди хурофотиро ба худ қабул намуда буд, ки онҳо сарбориҳои зиёдро ба сари мардуми одӣ бор кардаанд. Чунин раванд то солҳои наздик, аниқтараш то қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим идома дошт ва яке аз пайомадҳои номатлуби ин раванд баргузории маърака ва маросими зиёд ва серхарҷ ба шумор мерафт. Тибқи анъанаҳои милливу динии мардуми тоҷик, риояи расму оинҳои динӣ барои ҳар фард мисли иҷрои муқаррароти қонунҳо ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад. Омили дигаре, ки инсонро барои риоя намудани расму оинҳои милливу динӣ водор мекунад, таъсири сахти афкори иҷтимоӣ, муҳокима ва гуфтугӯи атрофиён мебошад. Таҳти таъсири ин омил ҳар шахс кӯшиш мекунад, ки шарафи худро дар назари дигарон аз даст надиҳад, аз қатори умум набарояд, мисли ҳама рафтор кунад, тартиботи муқаррариро, ки ба мерос мондаанд, ба ҷо орад. Аз нигоҳи илми ҷомеашиносӣ низ шахсоне, ки меъёри муқаррарии иҷтимоиро риоя намекунанд, каҷрафтор (девиант) ҳисобида мешаванд. Аз ин лиҳоз, шахс ҳар вақт вориди муносибатҳои ҷамъиятӣ мегардад, новобаста аз хоҳиши худ меъёрҳои иҷтимоиро риоя намуда, мувофиқи он рафторашро содир мекунад. Аз ин нуқтаи назар, расму оин ва маросими динию миллӣ низ қоидаҳои рафтори таърихан ташаккулёфта ба ҳисоб мераванд. Бинобар ҳамин, як қисми мардум, ҳатто пас аз қабул шудани конуни танзими анъана ва ҷашну маросим низ кӯшиш мекунанд, ки меъёрҳои то қабули қонуни мазкур ҷойдошта доир ба иҷрои расму оинро риоя намоянд. Ҳамзамон, ёдовар шудан бамаврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҷавонон нақши мусбат мегузорад. Як меъёри ниҳоят муҳими Қонун ба таври ихтиёрӣ баргузор намудани маърака мебошад. Акнун ҳар як фарди ҷомеаи имрӯзаи мо имкон пайдо намуд, ки ба муқаррароти Қонун такя намуда, маъракаашро бо хоҳиши худ, бе истиҳола ва хиҷолатмандӣ гузаронад. Ҳадафи Қонуни мазкур низ ҳаминро тақозо дорад, яъне ҳар як меъёри он дар баробари ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон нигаронида шудааст. Қонуни мазкур як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросими соф миллиро дар худ нигоҳ дошт. Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ ва натиҷаву пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии татбиқи қонуни танзим нишон медиҳад, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат ба нафъи мардум хизмат намуда, барои таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне амнияти озуқавории ҷомеа низ нақши муассир дорад. Бобохониён Зебо Қара, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ширишоҳ Шоҳтемур |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.