Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши барҷаста дорад»

Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши барҷаста дорад»

5-07-2024, 14:38
Хабарро хонданд: 588 нафар
Назарҳо: 0
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши барҷаста дорад»Имрӯз дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ҳамкории Тоҷикистонро бо Созмони Милали Муттаҳид намунавӣ арзёбӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Антониу Гутерриш таъкид намуд, ки Тоҷикистон иқдомҳоеро пеш гирифтааст, ки хеле назаррас мебошанд.

«Тоҷикистон кишвари хурд ҳам бошад дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири зиёд ва нақши барҷаста дорад, — гуфт Антониу Гутерриш. — Мо ҳаргиз он иқтидор, неру ва фаъолияти бевоситаи Тоҷикистонро ҷиҳати дар тамоми дунё баррасӣ намудани масъалаи об фаромӯш намекунем».

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки бо ташаббуси шумо мо Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро амалӣ менамоем.

Антониу Гутерриш ҳамчунин эъломияи аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал қабулгардидаро ҳуҷҷати муҳим номида, иброз дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид хостори татбиқи натиҷаҳои конфронс бо Тоҷикистон аст.

Ёдовар мешавем, ки 10-13 июни соли 2024 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мизбони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои конфронс Эъломияи Душанбе қабул карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: