Н И Г О Ҳ А З О Ш Ё Н А И Н У Ҳ У М20-06-2024, 09:30
Хабарро хонданд: 3821 нафар
Назарҳо: 38
Тақриз ба романи “Гули марг”-и Шарифбек Азизӣ, “Асарҳои мунтахаб” ҷилди 8, Нашриёти “Меҳроҷ Граф”, 448 саҳифа. Чун қаламу қоғаз тайи даҳсолаҳои охир ҳамдаму ҳамрози рӯзгорам гардидааст, ҳамеша ба навгониҳои аз нӯги хомаи ҳамқаламон чакида таваҷҷуҳ дорам. Дар ошёнаи нуҳум ҳам бошад, нигоҳам ин даъфа сари осору рӯзгори нависандаи ба қавли худаш тасодуфан ба майдони адабиёт пониҳода, ба осори нафаре, ки ба ҷойи писари ҷавонмаргаш Абдумаҷид, ки нияти қаламкаши ҳирфавӣ шудан дошту марги бемаҳал аз гиребонаш гирифта, дуди ғамро дар қалби падар вогузошт, ба осори адибе, ки солҳо дар як деҳаи дури кӯҳистони мамлакат ба ҳайси милиса ифои вазифа намуда, бо сеҳри қалам ҷигарбандонаш - Абдумаҷид ва Сорбонро чун қаҳрамонҳои асарҳояш ба хонанда муаррифӣ намудааст, бо сокини қаламкаши деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз Шарифбек Азизӣ, ки бо чакидаҳои хомаи хеш ба хазинаи адабиёти тоҷик 15 роман, 11 қисса ва 1 ҳикояро дар 10 ҷилд “Асарҳои мунтахаб” пешниҳод намуд, қарор гирифт. Инак, дар дафтари кориам дар ошёнаи нуҳуми бинои “Шарқи озод” рӯ ба рӯй ҷевони китобҳо сари андеша рост истодаам. Нигоҳам ба китобҳои дар ҷевонбуда, ба маҳсули эҷоди адибон, ки ҳар китоб бо номи хеш ва ороиши гуногун ба мадди назар гузошташуда ба ҷуз “Асарҳои мунтахаб”-и ҳамин нависандаи тасодуфии кӯҳистонӣ, ки аз 1 то 10 рақамгузорӣ шуда. Дар чунин шакл чопи асарҳо хуб аст ё бад банда доварӣ карда наметавонам, вале дар адабиёти муосири тоҷик дар мавзуи детектив то кунун дар чунин шакли мукаммал касе бо чунин миқдор ва шакл (15 роман, 11 қисса ва 1 ҳикоя) асар наофарида. Ба ҳар ҳол аз гуфтани каломи охирин худдорӣ мекунам. Шояд нафаре аз ин адиб бештар навишта бошад. Шояд ҳамаи ин таваҷҷуҳи бандаро сабаби дигаре ҳам ҳаст, чунки чанд сол пеш бо эшон суҳбати расмӣ доштам ва мусоҳибаи хешро бо ӯ бо номи “Каломи адиб ин танҳо сухан нест “.. рӯйи чоп овардам. Бемуҳобот мегӯям, он мусоҳиба ба хонандагон хеле писанд омад. Як ҳолат бароям хушоянд аст, ки адиб чор-панҷ сол пеш хонандаро бовар кунонида буд, ки асарҳояшро дар 10 ҷилд рӯйи чоп меорад ва имрӯз ба ваъдаи хеш вафо кард, чунки чанде пеш нашриёти “Меҳроҷ Граф” ҷилдҳои 9 ва 10-и “Асарҳои мунтахаб”-и ин нависандаи моҷаронависро ба зевари чоп орост ва банда сари мизи корӣ ҳарду асари охирини нафареро, ки дар суҳбати пешин гуфта, ки “Каломи адиб ин танҳо сухан нест”, ин фақат баёни фикр дар навъи жанри бадеӣ не, балки ин симо, гуфтор, рафтор, кирдор, ишора ва ҷанҷолу низои ӯст”-ро пеши назар овардам. Адиб аз оғози китоб чашми хонандаро ба асрори эҷод боз кардан хоста, навиштааст, ки асарҳояш аз аввал то ба охир мавҷи андешаҳояш буда, дар онҳо ҳолатҳои ҳақиқии рӯзгорро, аз таҷрибаи кориаш чун муаллиф - ҳуқуқшинос, собиқ корманди милиса ва ҳампешагонаш аз мақомотҳои тафтишотии кишвар ба риштаи тасвир кашидааст. Ҳарчанд муаллиф ҷойи ҳодиса, макони амал ва персонажҳои асарро бофтаи тахаюлоти хеш хондааст, вале гумон мекунам, хонанда ҳангоми мутолиаи он на танҳо симои хеш, балки симои муаллифро ҳам мебинад. Рӯйи саҳна омадани симои муаллиф ин худ як нишонае аз нигоҳи касбият (профессионализм) ба рафти эҷод аст, ки мувозинати муаллифро чун савор болои саманди дар давбуда нигоҳ медорад. Рафту агар хонанда ҳангоми мутолиаи асар симои муаллифро дарнаёбад, асар аспи бесаворро мемонад, ки ба кадом самт рафтанашро муайян намудан ғайриимкон аст... Албатта, дар атрофи ҳамаи асарҳои таълифнамудаи Шарифбек Азизӣ, ки дар умум 308,5 ҷузъи чопиро ташкил медиҳанд, андешаронӣ осон нест ва банда ҳамчун хонанда назари хешро дар атрофи романи ӯ “Гули марг” (“Асарҳои мунтахаб”, ҷилди 8, саҳифаи 3-256) равона месозам. Аслан навиштани асари калонҳаҷми бадеӣ чун роман ин ба қалам додани симои қаҳрамон (персонаж)-ҳоро дар марҳилаи муайяне тайи қариб як аср ё зиёдтар аз он тақозо мекунад ва романи “Гули марг “низ аз рӯйи тасвири ҳодисаҳо чунин як давраи тӯлониро дарбар мегирад. Қаҳрамонҳои асар нафарони касбу кори гуногун буда, адиб онҳоро на танҳо дар замон, балки дар маконҳои гуногун сари як суфраи ҳодисаю воқеаҳо гирд овардааст. Қаҳрамони марказии романи мазкур ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД-и ноҳияи Сарчашма капитани милиса Сорбони Ҳомид буда, тамоми рафти асар аз рӯйи хотираҳои эшон ба риштаи тасвир кашида шудааст. Чун романи “Гули марг” инъикоскунандаи ҳаёти қариб ду насл аст, муаллиф на танҳо ба баёни саҳнаҳои макру фиреб таваҷҷуҳ намудааст, балки омӯзиши ҳолатҳои ба чунин роҳ рафтани персонажҳоро низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, сабабҳои ба роҳи рост майл надоштани персонажҳои дар образҳои манфӣ ба қалам додаашро чун Фарҳоди Зариф ва Собир Малик дар тарбияи номукаммал, чун собиқ судя Хуморов Григорий Хуррамович, прокурор Усмонов Абдулваҳҳоб Наботович ва подполковники милиса Қамариддин Сафаров дар ёфтани даромади муфт, ки ҳамчун вируси марговар дар замирашон реша давонидааст, ба қалам додааст. Шояд муаллиф номи асарро аз хотираҳои сарвари ШКД-и ноҳияи Сарчашма Дастам Қосим гирд овардааст, ки замоне он кас шоҳиди оташ задани чунин гулҳо, дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ назди космодроми “Байконур” гардида ва полковники тоссаре он гулҳои дилфиреби атрофи қисми низомиро “гули марг” номида... (саҳифаи 209 – 211). Романи мазкур бо эпиграфи “Ноосуда куҷо равад, ки осуда кунад ”, ки дар он саргузашти Карими Кабир ном маллоҳ, ки бо амри тақдир симои падару модарро дар ёд надошт ва дар тарбияи бобою бибиаш ба воя расидаву ба хотири пос доштани орзую омоли бобояш, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳайси маллоҳ хизмат намудаву ӯро низ чун маллоҳ дидан мехост, моҳи майи соли 1991 ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафта, ҳатто баъд аз пошхӯрии собиқ давлати Шуравӣ муддате дар киштии ҳарби “Варяг” дар Флоти уқёнуси Ором ба ҳайси мичман хизмат мекард, оғоз шудааст. Танҳо марги нафаре, ки набераро чун маллоҳ дидан мехост, сабаб гардидаву Карими Кабир, ки ба ҷуз сари танҳои худаш дигар касе надошт, дубора ёди диёри аҷдодии хеш намуд, вале... Дар фурӯдгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав муҳоҷирдухтаре бо номи Фотеҳзода Зулайхои Валӣ, ки саргузашти ниҳоят талху пурпечутобе доштааст, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки барои амакаш Исроил Фотеҳ дору барад ва Карими Кабир аз сухани муҳоҷирдухтари ҳамватанашро шикастан, гардани шайтон шикаставу амонати фиристодаи Зулайхоро баробари пой ба сарзамини аҷдодӣ гузоштан ҳамон шаб ба хонаи амакаш Исроил Фотеҳ мебарад ва соате пас аз рафтани ӯ ҷисми соҳибхонаро бо аломати нишонаҳои марги маҷбурӣ дармеёбанд ... Ва оғоз мешавад ҷустуҷӯи ин “гунаҳкор”-и бегуноҳ. Оғоз мешавад ҷустуҷӯи нафаре, ки бо либоси сиёҳи ҳарбӣ пой ба сарзамини аҷдодӣ гузошта. Ва ҷустуҷӯи эшонро на танҳо мақомоти милисаю прокуратура, балки дар асоси “шартнома”-и тарафайн бо хоҳарзодаи марҳум Фотеҳзода Зулайхои Валӣ ба ивази пул гурӯҳи ҷинояткори собиқ судя Хуморов, ки пас аз зиндон баромадан сарпарастии гурӯҳи нашъаҷаллобонро ба уҳда дорад ва дар байни олами ҷиноӣ ҳамчун “Мири шаҳр” шинохта шудааст, ба дӯш мегирад. Дар муддате, ки милиса дар шаҳр ӯро ҷустуҷӯ дорад, ӯ ба зодгоҳаш Гулзор меравад. Аслан муаллиф ҳолати ҳамонвақтаи сафари қаҳрамони асарашро то ба Гулзор аз рӯйӣ ҳолати ҳамон давр, ки дар сайрхати мазкур даҳҳо дидбонгоҳи қонунӣ ва ғайриқонунӣ амал мекарданд, ба риштаи тасвир кашидааст. Нафаре, ки аз шаш як ҳиссаи хушкии заминро дида ва боз муддатҳои тӯлонӣ дар баҳру уқёнусҳо дар сафари хизматӣ буд, аз дидани осори ҷанги шаҳрвандӣ дар зодгоҳаш дилаш фишурда мешавад, вале ҷаҳду талошҳои ҳамдиёронро дар барқарор намудани оқибатҳои ин нофаҳмиҳо дида, ба хулосае меояд, ки қонун маҷрои хешро гирифта истодааст. Муаллиф дар ин самт ҳодисаҳоро тавре ба қалам додааст, ки хонанда худ қазоват намудаву ба қадри оромию осудагии кишвар бирасад. Рафти тафтишот дар асар каломи “Ту аз ман мегурезӣ, ман зи мардум”-ро ба ёд меорад, чунки то милиса шахсияти маллоҳ Карими Кабирро муайян намудаву барои боздошти гумонбаршуда ба милисаи Гулзор нома мефиристад, ки маллоҳ боз ба шаҳр меояд. Ҳолати воқеии Гулзорро дар муколамаи нозири минтақавӣ, капитани милиса Зуҳур Самад, ки дар асоси хабарнома ба ҷустуҷӯйи Карими Кабир меояд, ба сокини деҳа Муҳаррама (ҳамсояи бобои Карим) муаллиф хеле бамаврид ба қалам додааст (саҳ 83-87). Тайи чанд рӯзе, ки ӯ дар шаҳр буд, бинобар пӯшидани либоси ғайринизомӣ ва нарафтанаш ба меҳмонхона боз муддате аз мадди назари милиса дур мемонад. Новобаста аз он ки Зулайхо ба хотири дарёфти қотили амакаш, ҳатто аз сарпарасти олами ҷиноӣ Хуморов бар ивази супоридани маблағи муайян ёрӣ талаб мекунад, ӯ ягона нафарест, ки ба бегуноҳи нафари яклаҳзаина дар фурӯдгоҳи “Домодедово” дидааш кафолат медиҳад ва боз муҳоҷирдухтар ба хотир меорад, ки чанд маротиба ҳамроҳи ҳамдиёраш Фарҳоди Зариф дар Маскав ба шуъбаи алоқа рафта, ба суроғаи амакаш Исроил Фотеҳ пул фиристода буд ва сабаби марги ӯ низ 1000 доллари фиристодаи ӯ гашта... Ҳангоми мутолиаи романи мазкур хонанда худ боварӣ ҳосил хоҳад кард, ки хомаи муаллиф дунболагири як маҷро (ҷустуҷӯйи маллоҳ дар назар аст) нест ва Шарифбек Азизӣ бо сеҳри қалам тамоми рӯзгори персонажҳои асарро мӯшикофона пайгирӣ мекунад. Новобаста аз шикасти аввалин киштии муҳаббати тарафайн дар зиндагӣ, дар ҳамон як вохӯрии кӯтоҳ чӣ хеле дар асар омада, на беш аз панҷ дақиқа дар фурӯдгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав то лаҳзаи вохӯрии дуюми маллоҳ ва муҳоҷирдухтар дар саҳни ҳавлии Исроил Фотеҳ борҳо андешаҳои тарафайн дар осмони муҳаббат ба самти муқобил дар парвоз буда, муаллиф ҳама он парвозҳои хаёлиро дар макон ва замонҳои гуногун бо пероҳани муҳаббат ба қалам додааст. Дар рӯзҳое, ки мақомоти тафтишоти ноҳияи Сарчашма дар ҷустуҷӯйӣ Карими Кабир гом мезаданд, капитани милиса Сорбони Ҳомид хабари аз Эрик Рура гирифтаашро, ки чанд моҳ боз шомили гурӯҳҳои нашъаҷаллоб гардида буд, мавриди барасӣ қарор медиҳад ва ҳангоми амалӣ намудани хабар дар амалиёти муташаккилонаи “Мушқапак” милиса ёвари сардори синдикати нашъаҷаллоб Ормон Файзро ба миқдори ниҳоят калони ин бори мамнуъ дастгир ва ҳабс менамояд. Ба ҳабс гирифтани Ормон Файз бо тахаллуси “Весовшик” ин як зарбае на танҳо ба нашъаҷаллобон, балки ба сарпарасти онҳо Хуморов гардидааст. Шояд ҳамин ҳолат ва боз чандин ҳолатҳои дигар бо созу навои дар макону замони муайян рӯйи саҳнаи зиндагӣ омада, сабаб гардидаву сарпарасти олами ҷиноӣ Хуморовро аз иҷрои амале нисбат ба Зулайхо, ки шартномаи тарафайнро яктарафа бекор кардан мехост, боздошт, вале... Ҳаводиси рӯзгор, нафареро, ки бо думи шер (қонун дар назар аст) бозӣ мекард, ба каҷкули гадо муҳтоҷ мекунад ва ӯ ҷавонзани бебокро ба ҳолаш гузошта, роҳҳои аз варта берун омадани хешро ҷӯё мешавад ва ду мансабдори чор танга қарздорро бо роҳи таҳдиду шантаж барои амалӣ шудани ниятҳои нопокаш дар амалиёти ҷисман нобуд сохтани ёвари бадастафтодааш ҷалб месозад. Мардони орифу Худотарс бар он назаранд, ки “камро хӯру ғамро не” ва ҳамин лаҳзаи ҳассоси рӯзгор дар ҳолномаи прокурори вақти ноҳияи Сарчашма Абдулваҳҳоб Наботович Усмонов ва подполковники милиса Қамариддин Сафаров, ки мутеи нафс гашта, ба доми сарпарасти олами ҷиноӣ Хуморов афтидаанд, дубора чун оташи зери хокистар аланга мегирад ва Григорий Хуррамович ба хотири амон мондани сари хеш ба марги ёвараш Ормони Файз дастур дода, иҷрои ин амали зиштро бо роҳи таҳдид ба зиммаи корманди милиса Қамариддин Сафаров ва фароҳам овардани шароитро барои амалӣ намудани он ба дӯши прокурор Усмонов вомегузорад. Дар замоне, ки ҳодисаҳо дар атрофи баъзе қаҳрамонҳои роман дараҷаи кулминатсионии хешро мегирад, маллоҳи аз Шарқи Дур омада, дубора либосҳои ҳарбиашро ба бар карда, ба аёдати Исроил Фотеҳ меравад, то аз эшон суроғаи дар Маскавбудаи Зулайхоро гирифта, аз амакаш ба ӯ салому паём барад, ҳарчанд чунин таваҷҷуҳ мақоли халқии “элак баҳонаю дидор ғанимат”-ро ба ёд меорад, вале ӯ роҳи дигареро ҳам намебинад, чунки дар он вохӯрии кӯтоҳ, ҳатто суроғаи Зулайхоро дар Маскав напурсида ва тайи ин рӯзҳо симои муҳоҷирдухтар лаҳзае аз пеши назараш дур нашуд ва Карими Кабир дар замираш баҳри фурӯдоии тайёраи муҳаббати Зулайхо фурӯдгоҳе бунёд намуда... Карими Кабир бо ҳамин ниятҳо саргарми андешаҳои хеш дар кӯчаҳои шаҳр қадам мезанад, ки милисае ӯро аз дур мебинад ва дунболаш меравад. Не, милиса ҳатто нияти дастгир намудани вайро намекунад ва мебинад, ки маллоҳ занги дари хонаи Исроил Фотеҳро пахш дорад... Бунафша духтари Исроил Фотеҳ бо суханҳои сермурчу қаламфур қалби ӯро мешикофад ва дар ҳамин лаҳза Зулайхо, ки аз лаҳзаи аввал ғайриихтиёр ҳамаи гуфтугӯи духтари амакашро бо меҳмони ҳанӯз пушти дар рост истода, шунида берун омада мегӯяд: -Бунафша ман даҳ маротиба ба ту гуфтам, ки Карим гуноҳе надорад, вале ту бошӣ... Лаҳзае пас Кариму Зулайхо аз ҳавлии Исроили Фотеҳ баромада мераванд ва милисаи муҳофиз боз ноаён онҳоро дунболагир мешавад. Соате пас милисаи муҳофиз Сорбони Ҳомид, худ назди сарвари ШКД даромада, бо овардани далелҳои раднашаванда ба бегуноҳии Карими Кабир кафолат медиҳад (саҳ 215 – 218). Пас аз чанд соат Кариму Зулайхо паҳлуи ҳам дохили тайёра нишаста, нияти парвоз ба Маскавро доштанд... (саҳ 237 – 240). Баъд аз ду рӯзи ба Маскав рафтани Зулайхо ва Карим мақомоти тафтишотӣ Собир Малик ва Фарҳоди Зарифро, ки дар интиқоли маводи мухаддир даст доштанд, дастгир мекунанд ва ҳангоми гузаронидани амалиёти тафтишотӣ гуноҳи ҳардуро дар ҳодисаи ба сари Исроил Фотеҳ омада дайн месозанд. -Аслан ман ҳамроҳи Собир Малик барои гирифтани қарз ба хонаи амаки Зулайхо рафтем, чунки ман медонистам, ки пулҳои аз Маскав фиристодаи Зулайхо дар дасти амакаш ҳастанд,- иқрор мешавад Фарҳод Зариф (саҳифаи 255). Ҳангоми эҷоди асар нависанда аз мақолу зарбулмасалҳои на танҳо тоҷикӣ, балки русӣ низ хеле моҳирона ва дар мавқеаш истифода бурдааст, ки ин ба ҳусни асар тобишу таровати бештаре медиҳад. Албатта, чунин як асари калонҳаҷм аз камбудиҳо ҳам орӣ нест ва мебоист нависанда мақолу зарбулмасалҳои аз дигар забонҳо гирифтаашро на дар шакли асл, балки дар шакли тарҷумаи ноб пешорӯйи хонанда мекард ва боз дар асар хатоҳои имлоию грамматикӣ низ дида мешавад, вале ҳамаи ин ба тобиши асар коҳише расонида наметавонанд. Дар як гузориши рӯзномавӣ ба қалам додани мазмуну мундариҷаи чунин як асари калонҳаҷм ғайриимкон аст ва ба андешаи банда, вақти он расидааст, ки маҳсули эҷоди нависанда Шарифбек Азизӣ мавриди таҳлилу баррасии нақди адабӣ қарор дода шавад ва мунаққидону адабиётшиносон андешаҳои хешро холисона дар атрофи маҳсули эҷоди ин нависандаи тасодуфан ба майдони адабиёт омада ба қалам диҳанд. Акнун хонандаи закӣ худ имкон дорад, ки бо мутолиаи романи мазкур ба паҳлуҳои рӯзгори нафарони чӣ дар ҳимояи қонун дасту остин барзада ва чӣ нафарони дар сангарҳои муқобили он нишаста ба пуррагӣ шинос шаванд. Боқӣ қазоват аз Шумо, хонандаи азиз. Алӣ ҶӮРА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.