Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » КАЛОМИ АДИБ ТАНҲО СУХАН НЕСТ…

КАЛОМИ АДИБ ТАНҲО СУХАН НЕСТ…

29-01-2020, 12:59
Хабарро хонданд: 3209 нафар
Назарҳо: 0
КАЛОМИ АДИБ  ТАНҲО СУХАН НЕСТ… Нависанда ҳам фарди ҷомеа аст, чун ҳама шаҳрвандони дигар, нисбат ба кору фаъолияти хеш ҷавобгӯ аст. Қарзи касбии нависанда ин офариниши асари бадеист ва ӯ бояд бо навиштаҳои хеш зиндагӣ ва рӯзгори имрӯзаро пешорӯи ояндагон гардонад. Чун адиб чашми миллат аст, бояд ҳамеша дар хушбахтию нокомӣ ҳамроҳи халқи хеш бошад ва бо сухан ифодагари иродаи ҳамин миллат бошад. Форматсияҳои ҷамъиятӣ чун боду ҳаво тағйир меёбанд, вале андешаҳои адиб чун худи табиат бояд мавқеашонро иваз накунанд. Суҳбати ихтисосии хабарнигори ҳафтанома бо нависанда Шарифбек Азизӣ фарогири ҳамин мавзӯъст.
- Сараввал мехостам оиди масъулияти адиб ҳангоми эҷоди асари бадеӣ ва қарзи ӯ ҳамчун суханвар дар ин роҳи пурпечутоб чанд сухан мегуфтед?
- Навиштан ин санъат аст. Пас агар чунин аст, адибро лозим аст, ки пеш аз баёни сухан ба каломе, ки болои саҳфа оварданист, чун ба маъбад нигоҳ намояд. Маъбадро бояд аз ҳама самтҳояш зери кунҷи муайян нигоҳ кард ва кунҷи аз ҳама назаррабояшро ба риштаи тасвир кашид. Нависанда аз рӯзноманигор бо он фарқ мекунад, ки ӯ офарандаи асари бадеист ва асари бадеиро бе образи бадеӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Асари бадеӣ аз хабар ва очерк бо бадеияташ фарқ мекунад ва агар чунин аст, нависанда имкони бештаре дар баёни каломи хеш дорад. Рӯзноманигор ҳангоми навиштани хабар ё очерк бояд аз ифшои ҳама гуна каломи дурӯғ худдорӣ намояд, вале нигорандаи асари бадеӣ ҳангоми эҷоди асар метавонад ба мақоли халқӣ «дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез» низ такя намояд.
- Ситоиши даврони бачагӣ дар эҷоди бисёре аз адибон дида мешавад, дар эҷодиёти шумо чӣ?
- Тифлию домони модар хуб биҳиште будааст,

То ба пойи хеш равон гаштем саргардон шудем, -гуфтани шоирро ҳам сабаб он аст, ки замони кӯдакӣ замонест, ки бача аз шури дунё бехабар дар иҳотаи волидайн, бобою бибӣ, хешу ақрабо умр ба сар мебарад ва ҳамин муҳити худмуҳофизаткунанда ӯро аз баду неки ҷаҳон эмин медорад. Чун дар он замон ӯро масъулияте ба дӯш нест бо хоси худ ба даву тоз ва бозиҳои кӯдаконаи хеш машғул мешавад ва ҳама он пайроҳаҳои тайнамудааш дар ёдаш нақш мебандад. Новобаста аз заифии хеш, кӯдак хотироти қавӣ дорад ва чун калон шудаву бори зиндагӣ ба дӯшаш гашт, он хотироти нек дубора равшан мешавад ва то охири умр ӯро дунболгир аст… Дар асарҳои банда низ гоҳе аз он рӯзгори ширин, аз забони персонажҳо хотироте рӯи коғаз омада.
- Ба андешаи шумо сифатҳои нохуби адиб метавонад дар асарҳои эҷоднамудааш аён гардад ва оё метавонад инсони бад нависандаи хуб шавад?
- Агар ҳамаи адибони мо фаришта мебуданд, ба гумон буд, ки мо соҳиби чунин адабиёти оламшумул мегаштем. Албатта инсони бодак, таърифӣ ва худпараст асари хуб навишта наметавонад, ин танҳо андешаи ман аст. Дар асл, ин мавзӯъ ҳанӯз пурра мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст. Вале эҷод ҳамеша тарафҳои ноаёни худро дорад. Чи хеле гуфтам, одами бехирад асари хуб навиштанаш ба гумон аст, вале нафаре, ки дар ҳаёт азоб кашидааст ва бо нобаробариҳои кору зиндагӣ ҳамеша даст ба гиребон будааст, метавонад асари хонданибоб нависад. Албатта, хонанда ҳамеша адиберо дидан мехоҳад, ки аз рӯи кору пайкори хеш аз дигарон як сару гардан боло меистад. Дар Шарқ ба шахсияти эҷодкор ҳамеша диққат медиҳанд, ҳол он ки дар Ғарб таваҷҷуҳи хонанда бештар ба офаридаи адиб аст, на ба шахсияташ.
- То ҷое, ки иттилоъ дорем, дар соҳаи милиса вазифаи баланде ҳам надоштед, вале чун кас ба мазмуну мундариҷаи асарҳоятон шинос мешавад, гумон мекунад, ки шумо ҳамаи зинаҳои кор дар соҳаро пушти сар намудаед. Оё дар асарҳоятон заррае аз саргузаштҳои худатон ҳаст?
- Ҳаст ҳолатҳое, ки баъзан нависанда дар асарҳояш аз саргузаштҳои худаш истифода мебарад ва боз нависандагоне ҳастанд, ки самти эҷодашон ба муқобили ҷараёни рӯзгорашон аст.
Бояд зикр намоям, ки прототипи бисёре аз асарҳои нависандагонро дар байни дӯстон ва шиносҳои онҳо ёфтан мумкин аст, вале боз ҳастанд ангуштшумор ҳолатҳое, ки адибон муқобили ҷараёни об шино мекунанд. Тадқиқотчиёни рус бар он назаранд, ки Гогол бо ҳама шармгинию содалавҳии хеш «Тарас Булба» ва «Ревизор»-ро навишт. Ба андешаи муҳаққиқон Николай Василевич ҳангоми ифшои ин ду асар мавқеи қаламро ба муқобили зиндагиномаи хеш равон сохт. Аслан, ба нафароне чун Н.В. Гогол аҳсан бояд гуфт. Мутаассифона, чунин эҷодкорон ангуштшуморанд. Дар мавриди хеш, ҳаминро гуфтаниам, ки ҳарчанд соҳиби вазифаи калоне ҳам набудам, вале таи се даҳсола аз рӯи ҳамин касб нон хӯрдам ва на танҳо бо комиссароне чун Каттани, балки то Терозинҳо ҳам суҳбат доштам, ки хонанда метавонад ҳар ду ин симоҳоро аз асарҳоям дарёбад.
- Мегуфтед, ки хонандаи худро чӣ хел дидан мехоҳед ва дар симои хонандаи имрӯза кадом бартарӣ ва норасоиҳоро мебинед?
- Дар бораи хонандаи худ чизе гуфта наметавонам. Агар медонистам, бемуҳобо ҳангоми навишт андешаҳои онҳоро мавриди назар қарор медодам. Хонандаро шинохтан ин инсонро шинохтан аст. Ҳарчанд адабиёт пеш аз ҳама, инсоншиносист, вале, мутаассифона, аз ин фан бандаро гирифтани баҳои хубу аъло ҳанӯз муяссар нашудааст. Шояд ҳамаи инро сабаб он бошад, ки ҳангоми эҷод тамоми ҳушу ёди ман ба ҳаракатҳои қаҳрамонони асар дода мешаванд ва дар он лаҳзаҳо ман ҳамнафасу ҳамфикри прототипҳои асарҳои хешам. Гумон мекунам, ки баъди ин суханон, ману хонанда ба истиқболи ҳамдигар гом хоҳем зад.
- Корозмудагӣ дар адабиёт чӣ нақше дошта метавонад?
- Корозмудагӣ ё худ профессионализм ин дар сатҳи олӣ донистани касби хеш аст. Танҳо он суханвароне, ки ба ҷуз навиштани асарҳои бадеӣ дар жанрҳои гуногун даст задаву муваффақ шудаанду қалами хешро дар иншои мақолаю тақриз ва очерку фелетон санҷидаанд, шоистаи ин ном буда метавонанд. Нафари корозмуда, ҳама гуна ҳолатҳои зиндагиро дар кадом шакле, ки набошад, ба қалам дода метавонад. Нависандагоне, ки ба эҷоди асарҳои калонҳаҷм машғуланд, на дар ҳама ҳолат, ба навиштани хабару мақолаҳо даст мезананд, чунки ин метавонад таваҷҷуҳи онҳоро аз мавзӯи асосӣ дур созад. Аслан чунин амал боиси таассуф аст, чунки ҳатто Л. Н. Толстой ҳам ҳангоми навиштани романҳои «Ҳоҷӣ Мурод» «Воскрисение» («Якшанбе») ба навиштани жанрҳои хурд чун мақола даст мезад. Қариб аз нисф зиёди адибони мо низ дар як вақт ба ҷуз ходими адаби рӯзномаю маҷаллаҳо буданашон боз ба навиштани асарҳои калонҳаҷм даст задаанд, ки ин як нишонае аз профессионализми онҳост.
- Нуқтаи назаратонро дар атрофи жанрҳои калон ва хурди адабӣ, дар қиёси роман ва ҳикоя донистан мехостем?
- Роман, ин мақола, очерк ва ҳатто ҳикоя нест, ки муаллиф возеҳу равшан дар шакли кӯтоҳ мақсаду мароми хешро ба қалам диҳад. Роман, аслан, чун оркестри калони симфонист, ки навозандагони зиёде дар зери ҳаракатҳои ишоравии дирижёр садои асбоби дар дасташон бударо пасту баланд мекунанд ва аз ҳама ин садоҳо як овоз бурун меояд. Ҳикоя бошад, аслан ба сози мусиқие, ки дар иҷрои як навозанда амалӣ карда мешавад, шабеҳ дорад. Дар ин ду намуди мусиқӣ тафовуте нест, чунки дар ҳар ду ҳолат ҳам навозандагон як сурудро ба самъи шунаванда расониданд. Муҳим он нест, ки дар кадом жанрҳо адиб мақсаду мароми хешро баён мекунад, балки мақсаду маромро чи тавр ба қалам додааст. Рафту агар аз нигоҳи таҳлил ба ин ду жанр нигарем, метавон дар эҷоди онҳое, ки аз ин жанри хурд дил канданӣ надоранд, ҳикояҳоеро дарёфт, ки аз як эпопеяи бузург ҳам бартарии бештаре доранд. Чи лозим навиштани асаре, ки ҳангоми то охираш хондан, аввалашро аз ёд мебарорӣ.
- Дар асарҳои моҷароӣ ҳамеша куштор, роҳзанӣ, ғоратгарӣ ва дуздӣ мавриди таваҷҷуҳи адибон аст. Магар ин жанр ҳанӯз барои шумо дилбалазан нашудааст?
- Ҳарчанд нигоҳи банда ба зиндагӣ оптимистона (некбинона) аст, вале ин маънои онро надорад, ки мо аз макру ҳияли дар ҳаёт рухдода чашм пӯшем. Худи жанри мазкур тақозо бар он дорад, ки чунин ҳолатҳо китобат шаванд, то мардум бифаҳманд, ки дар ҳама давру замон амали бадро подоше чун ҷазо будааст. Ҳатто дар замони Шӯравӣ, ки имрӯз насли калонсол дар ёд дорад, мавзӯҳои майзадагӣ ва муносибати он бо олами ҷиноӣ, гардиши маводи мухаддир ва фоҳишагарӣ мавзӯҳои доғи рӯз ҳисоб мешуданд ва дар ин бора, даҳҳо асарҳо нашр шудаву садҳо филмҳо ба навор гирифта шуда буд. Гумон доред, ки акнун ҳама он доғи рӯз аз байн рафтааст? – Ҳаргиз чунин нест. Бубинед, ба он ҳама доғи рӯз, боз терроризму экстремизм сарборӣ шуд, хариду фурӯши одамонро шунида, дили инсонро даҳшат зер мекунад. Дилбазан нашудааст, чунки асари бадеӣ бояд баёнгари ҳама гуна ҳолатҳои неку бади зиндагӣ бошад. Нависанда ҳуқуқ надорад, ки ҳолатҳои хуби ҳаётро ба риштаи тасвир кашида, аз ҳолатҳои бади он чашм пӯшад. Адабиёт вазифадор аст, ки хонандаро ба андеша водор намояд то ба маънии аслии ҳаёт, ки номаш зиндагию марг аст, сарфаҳм равад.
- Мегӯянд, бисёр машҳур будан ҳам чандон хуб нест. Чаро?
- То андозае ба шумо ҳамфикрам. Гумон намекунам, ки ҳамаи нависандагони машҳур истеъдоди фавқултабиӣ доранд. Машҳур будан, ин танҳо хоси адибон нест, балки намояндагони ҳама соҳаҳои хоҷагии халқро низ метавон амале машҳур кард. Ҳатто нафареро метавонад як суруд ба ин поя расонад. Таърихи адабиёт худ гувоҳ аст, ки на танҳо шахсиятҳои машҳур, балки нафарони ба чашм ноаён ҳам метавонанд асари барҷастаеро рӯи чоп оваранд.
- Ба андешаи шумо асари безавол чӣ гуна аст?
- Асари безавол ҳамон асарест, ки чун алмос ҷило медиҳад. Бубинед, алмос як санги сахт аст ва танҳо дар натиҷаи суфта намудан (соиш додан, тоза кардан) он ҷилодортар мешавад ва чун дараҷаи тобиши баландро гирифта, онро брилиант меноманд, ки дар тасвири ҳамин санг даҳҳо асарҳо рӯи чоп омада ва ба хотири боз ҳамин санг чи қадар инсонҳо душмани якдигар гашта. Маҳз асари безавол ҳам бояд таваҷҷуҳи инсониятро бедор карда тавонад, чун «Шоҳнома»-и Фирдавсию чун «Маснавии Мавлавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ… Бубинед, бо гузашти ҳазорсолаҳо ҳам инсоният таваҷҷуҳ ба чунин осорро дорад ва гаштаю баргашта ин китобҳоро мутоила мекунад, вале аз ин ҳама варақзаниҳо боз ҷилои ин асарҳо чун ҳамон брилиант бештар мешавад…
- Баҳои Шумо дар мавриди маъруфият?
- Ба чизе, ки нест баҳо додан душвор аст. Ин каломро танҳо дар нисбати онҳое гуфтан мумкин аст, ки асарҳояшон шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Бо тиражи хурди китобҳо ва боз дар замоне, ки ягон китоби банда тарҷума нашудааст, чунин андешаро ба ёд овардан маъние надорад.
- Сиёсатмадоронро созиш мебояд, адибонро чӣ?
- Созиш ин мафҳуми ниҳоят васеъ аст ва чи хеле шумо гуфтед, дар сиёсат он ногузир. Собиқ сарвазири Британияи Кабир Уистон Черчел бисёр каломи хубе сари ин масъала гуфта. Ба андешаи Черчел «давлатҳои бузургро сиёсати бузург ва давлатҳои хурдро сиёсати оқилона мебояд», ана ҳамин созиш аст дар сиёсат. Дар зиндагӣ ҳам созиш карда тавонистан хуб аст, чунки ҳама гуна сахтравию пофишорӣ оқибати ноаёнеро ба бор меорад. Шахс вақте ки ба созиш розӣ мешавад, бовар дорад, ки манфиатҳои хешро ҳифз карда метавонад, вале боз ҳастанд созишҳое, ки тарафи сеюм аз ин зарар мебинад. Фарз намудем, агар судя ҷӯёи манфиатҳои хеш гардида бо нафаре аз ду корафтодаи сари як масъала ба наздаш омада забон як кунад, тарафи аз ин амали махфӣ бехабар, албатта, зарар хоҳад дид. Адибон ҳам бояд ҳангоми эҷоди асар роҳҳои пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳоро масъалагузорӣ карда тавонанд.
- Дар асарҳоятон тасвири офтоб, гул ва шабнам хеле зиёд ба назар мерасанд. Сабаби чунин таваҷҷуҳи хешро шарҳ медодед?
- Офтоб ин нишонае аз зиндагист, нишонае аз нур, аз рӯшноӣ, нишонае аз вақт. Нишонае ба рағми зулмот. Офтоб замоне муайянкунандаи вақт буд ва мардум аз рӯи он ба кор мебаромаданд ва иҷрои амалеро ба нақша мегирифтанд, ки то торикшавӣ боз ба манзилҳои хеш бирасанд ва инсон ҳамеша ба ин муъҷизаи табиат ниёз дошт, дорад ва хоҳад дошт. Маҳз аз ҳамин лиҳоз офтоб ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи аҳли қалам аст. Гул, ин нишонае аз зебоист ва инсон зебоиро низ хуш дорад. Боронро бошад, раҳмати Парвардигор гӯянд ва чун ин раҳмат ҳамчун саховати Илоҳӣ ба сари мо резад, болои гулу буттаҳо қатраҳое аз он боқӣ монад ва агар наззора намоед, хоҳед дид, ки чун нурҳои Офтоб баъди борон аз паси пардаи абр берун оянду ба замин расанд қатраҳои оби дар болои барги гулҳобуда чун нигини алмоси дар ангуштаринбуда ҷило медиҳад, шояд ҳамин зебоиҳо сабаб гаштаю ман гоҳ-гоҳ онҳоро ба риштаи тасвир кашидаам.
- Адабиётшиносон бар он назаранд, ки симои муаллифро аз рӯи асари эҷодкардааш метавон муайян кард?
- Дар асар симои нависанда бояд аён шавад, вагарна асар аспи бесаворро мемонад. Дар ин ҷода, ҳақ ба ҷониби адабиётшиносон аст. Нависанда пеш аз ҳама, ҳунарманд, нигоришгар ва рассом аст. Каломи нависанда ин танҳо сухан не, ин танҳо баёни фикр дар навъи жанри бадеӣ не, балки ин симо, гуфтор, рафтор, кирдор, ишора ва ҷанҷолу низои ӯст.
- Мегуфтед, ки шумо ҳамарӯза менависед ё аз рӯи илҳом?
-Рӯзгор ба навишти ҳаррӯза даст намедиҳад. Баъзан аз нанавиштан шарм медорам, вале чи илоҷ, ки зиндагӣ тақозо бар он мекунад, ки қаламро ба гӯшае гузошта, аз пайи дарёфти ризқу рӯзии хеш ва аҳли оила гардам. Ҳар як чунин танаффусҳои тӯлонӣ бароям дарднок аст. Қалами нависанда ҳам чун асбоби мусиқист ва агар ӯро муддати тӯлонӣ ба даст нагирӣ, овозаш гул (нофаҳмо) мешавад. Аз нав ёфтани он садо душвории зиёдеро пеш меорад ё тамоман самти овоз тағйир меёбад ва аз нав ҳамаи ин ҳолатҳоро пушти сар кардан лозим меояд.
- Чӣ гуна асарҳоро бояд ба нашр расонд ва дар бораи офариниши асарҳои адибони ҷавон чӣ гуфта метавонед?
- Гул бояд худ аз бӯяш дарак диҳад, на ин ки аттор дар бораи бӯи он ба шумо ҳарф занад. Ҷавон агар соҳибистеъдод бошад, ӯ дар навишт ба ёрие муҳтоҷ буда наметавонад. Мушкил барои ӯ нашри китобаш аст, вале чунин мушкилӣ худи моро ҳам дунболгир аст. Тасодуфе афтоду соли 2018 дар рӯзҳои санъату ҳунари ВМКБ дар вилояти Хатлон иштирок кардам ва банда баромади Анвари Андаробӣ шоире, ки синну солаш ба ҷое расидаву вале китобашро аз рӯи тангдастӣ чоп карда натавонистааст, гӯш кардам ва ба ростӣ на танҳо ман, балки тамоми аҳли нишаст ӯро истеъдод хонданд. Ана ҳамин истеъдодҳоро бояд даст гирифт, на онҳоеро, ки китобҳояшон такрор ба такрор чоп шудаву дар рафҳои нашриётҳо зери гарду чанг хобидаанд. Аз рӯи таомули Шарқӣ дар мо одат шудааст, ки асарҳои даҳҳо бор чопшударо ба хотири он ки муаллифаш бароямон писанд аст, рӯи чоп меорем, вале аз камбағалу бенавое, ки дар ҳақиқат истеъдод аст, чашм мепӯшем. Истеъдодҳоро диданамон лозим, хоҳ ӯ ҷавон асту хоҳ пир на ин ки марди хубро…
- Нигоҳи шумо ба танқиди адабӣ?
- Дар асл, танқид ҳамеша чун садои нохуши мусиқӣ ба гӯш мерасад, вале агар танқид беғаразона бошад, онро пазируфтан лозим, чунки танҳо дӯсти ҳақиқӣ метавонад камбудиҳои дӯсташро баён созад ва эшонро аз такрори минбаъдаи чунин камбудиҳо эмин дорад. Набояд нафаре, ки ба танқид даст мезанад, дар асоси фармоиш кор кунад, чунин амал баробари он аст, ки ба ҳавонавард фармон медиҳанд, ки уқоберо ба баландии чор ҳазор метр бароварда, парҳояшро бурида ба замин партояд. Ҳарчанд уқоб паранда аст, вале бе бол ӯро ба ҷуз сарозер ба замин омадан чорае нест. Мунаққид ҳам ҳангоми таҳлили асар бояд ҳамин ҳолатҳоро ба гӯшаи фаромӯшӣ надиҳад.
- Мехостам дар бораи симои қаҳрамони асарҳоятон дар шакли кӯтоҳ чанд сухан мегуфтед?
- Қаҳрамони асарро ҳар адиб аз рӯи донишу малака ва нигоҳи хеш ба зиндагӣ рӯи коғаз меорад. Қаҳрамонҳои асарҳои банда низ на аз он нафароне ҳастанд, ки ҳамеша кӯчаро дар чароғаки сабз убур намоянд, ба кор дер намонанд, дурӯғ нагӯянд, чунин қаҳрамон нест.
- Адибро ба ҷаҳониён танҳо тариқи тарҷумаи асарҳояш муаррифӣ мекунанд. Нуқтаи назари шумо дар ин бора?
- Аслан, тарҷумаи ҳар асари бадеӣ ин нишонае аз дӯстии қавму миллатҳост. Маҳз тариқи тарҷума тавонистем, мо бо адабиёти ҷаҳонӣ шинос шавем. Солҳои пеш дар ин самт мушкилоте набуд, чунки давлате, ки дар он беш аз сад қавму миллатҳо зиндагӣ мекарданд, ба ин амал таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамуд. Ба замми ин, худи забони русӣ забони асоси коргузорӣ ҳисоб мешуд ва ҳатто бе донистани ин забон кадрҳои маҳаллиро ба вазифаи баландтаре пешбарӣ намекарданд. Умуман, ин амал боиси кушиши забономӯзии мардум гардида буд. Кам набуданд нафароне, ки забони бародари калонӣ ё худ забони русиро дар сатҳи баланд медонистанд ва асарҳои бадеиро аз русӣ ба тоҷикӣ ва баръакс, аз тоҷикӣ ба русӣ бармегардониданд. Бисёр адибоне аз қавму миллатҳои гуногун танҳо ба забони русӣ эҷод мекарданд. Дар ин номгӯ, метавон номи Чингиз Айтматовро низ ба ёд овард. Сатҳи дониши баланди забонӣ буд, ки Айтматови қирғиз асарҳояшро ба забони русӣ навишт ва барои тарҷумаи онҳо ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва испанӣ як заминаи фарохеро муҳайё сохт. Аз он чи ки Айтматов ба забони русӣ навишт, халқи қирғиз чизеро бой надод, баръакс. Забондонии фарзандаш номи ин халқро вирди забони ҷаҳониён намуд, чунки Айтматов яке аз нависандагони сермаҳсултарин ва серхонандатарини дунё гашт ва ба адабиёти қирғиз шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Боварӣ ҳаст, ки роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон масъалаи тарҷумаи асарҳои бадеиро мавзӯи ҳаррӯзаи кори хеш қарор хоҳад дод ва барои дарёфти маблағ барои тарҷумаи асарҳои адибони муосир лоиҳаҳои мукаммал ва пурарзишеро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард.
- Ба наздикӣ телевизиони «Синамо» аз рӯи асари шумо бо номи «Дурахши алмос» филмеро пешкаши тамошобинон намуд. Дар бораи бурду бохти ин филм чанд сухан мегуфтед?
- Мегӯянд, гунҷишкро кӣ кушад? –посух ба ин суол дар ҳама ҳолат як хел аст. Қассоб.
Сабти филм ҳам айнан чунин аст. Бояд гуфт, ки аз муаллифи асар дида, дар сабти филм нақши коргардон бештар аст ва дар ин ҷода, банда аз коргардони филм Муҳаммадрабӣ Исмоилов сипосгузорам. Дар бораи бурду бохти ин филм бошад, бигузор киношиносон андешаҳои хешро баён созанд.
-Ташаккур, барои суҳбат.
Алӣ ҶӯРА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: