Захираҳои об дар рушди устувор нақши калидӣ дошта, ба саломатӣ, некуаҳволӣ ва рушди иқтисодӣ таъсир мерасонанд. Дар робита ба он аз 10 то 13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад. Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд форумҳо ва фестивалҳо баргузор мешаванд. Тафсилоти бештар дар маводи хабарнигори АМИТ «Ховар»:
— Масъалаҳои марбут ба обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар шароити афзоиши аҳолӣ, шаҳрнишинӣ ва тағйирёбии иқлим торафт мубрам мешаванд. Ҳадафи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бештар таваҷҷуҳ намудан ба ин масъалаҳо ва саҳм гузоштан ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, бахусус Ҳадафҳои Рушди Устувор 6 мебошад, ки дастрасӣ ва идоракунии устувори об ва беҳдоштро барои ҳама баррасӣ мекунад. Интизор меравад, ки натиҷаи конфронс дар талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти об ва мусоидат барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор саҳми муассир гузорад. Конфронс, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ дар доираи Раванди оби Душанбе ташкил карда мешавад, платформаи беназир барои пешбурди натиҷаҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 ва таҳияи уҳдадориҳои нав хоҳад буд, то мушкилоти глобалии обро ҳал намоянд.
Ҳадафи конфронс тақвияти саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби СММ сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мебошад. Бешубҳа, натиҷаҳои Конфронси сеюми Душанбе комёбиҳои бадастомадаи Конфронси оби СММ-2023-ро таҳким бахшида, ба қабули уҳдадориҳо ва иқдоми нав дар соҳаи захираҳои об мусоидат менамоянд. Дар Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои тиҷоратӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоти хоҷагии об ва дигар ҷонибҳои манфиатдори бахшҳои гуногун, ки соҳаҳои об, энергетика, тандурустӣ, озуқаворӣ, молия, иқлим, муҳити зист, саноат, илм ва маорифро намояндагӣ менамоянд, дар муҳокима ва таҳияи тавсияҳои мушаххас оид ба татбиқи вазифаҳо ва ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи захираҳои об иштирок менамоянд.
Форумҳо қабл аз ифтитоҳи конфронс баргузор шуда, иштироки мақсадноки бахши хусусӣ, аҳли илм, занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои асосиро тибқи ҳадафҳои конфронс таъмин менамоянд. Ҳадафи форумҳо эҷоди платформаи иловагӣ барои муҳокимаи васеътари масъалаҳои марбут ба об дар байни қишрҳои муайяни ҷонибҳои манфиатдор ё дар минтақаҳои алоҳида мебошад. Форумҳо имкон медиҳанд, ки ҷонибҳои гуногуни манфиатдор, аз ҷумла занон, ҷавонон, мардуми бумӣ, гурӯҳҳои касбӣ, олимон, бахши хусусӣ ва дигарон дар татбиқи рӯзномаи об бо таваҷҷуҳ ба тақвияти фаъолият ва шарикӣ дар соҳаи об, сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб карда шаванд. Муҳокимаҳо, хулосаҳо ва қарорҳои воқеӣ ва мувофиқ метавонанд ба кори Конфронс ва баррасии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, аз ҷумла чаҳорчӯбаи суръатбахши Ҳадафи Рушди Устувори 6-ум мусоидат намоянд. Форумҳо имкон фароҳам меоранд, ки дар онҳо натиҷаҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 ва Конфронси дуюми оби Душанбе баррасӣ шаванд. Натиҷаҳои форумҳо дар ҷаласаҳои хотимавӣ пешниҳод карда мешаванд.
Форуми оби Африқо
Форуми оби Африқо ҳамчун баррасии таҳлили пешрафт дар татбиқи мавқеи умумии Африқо ва паёмҳои калидӣ дар Конфронси обии СММ дар соли 2023 пазируфта шудааст. Форум ба ҷонибҳои манфиатдор имкон медиҳад, ки корҳои нотамомро муайян кунанд ва мавзуъҳои навро дар бахши обрасонӣ ва беҳдошт дар Африқо таҳия намоянд. Муҳокимаҳо дар форум инчунин ба таҳия ва ташаккули Консепсияи оби Африқо барои давраи баъд аз соли 2025, ки ба эҳтиёҷоти воқеии Африқо ҷавогӯ аст, мусоидат менамоянд. Ҳадафи ниҳоии форум ҳамгироии унсурҳои Даҳсолаи амал оид ба об дар рӯзномаи баъдӣ дар давраи пас аз соли 2025 барои татбиқи ҳамоҳангшуда ва идоракунии самараноки захираҳо мебошад.
Форуми Осиёи Марказӣ
Ҳадафи форум ташвиқи давлатҳои Осиёи Марказӣ барои муттаҳид кардани талошҳо дар самти ноил гардидан ба устувории об ва иқлим барои таъмини суботи минтақа ва таҳкими ҳамкорӣ дар минтақа тавассути беҳбуди муколамаи минтақавӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва тасмимгирандагон оид ба идоракунии захираҳои об ба иқлим ва коҳиши хатари офатҳо дар Осиёи Марказӣ, пешбурди сиёсатҳои огоҳона дар бораи хатарҳо, нақшаҳои мутобиқсозии миллӣ ва чораҳои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ ва табодули маълумот оид ба об, муҳити зист ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад.
Форуми занон
Ҳадафи Форуми байналмилалии зан ва об дастгирии татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои Даҳсолаи амал оид ба об, баррасии пешрафти Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид барои соли 2023 бо таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи Рӯзномаи об ва муайян кардани монеаю имконияти вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои дар рӯзномаи об муайяншуда мебошад. Форум платформа барои занони фаъол ва коршиносони соҳаи об, коршиносони ҳуқуқи гендерӣ ва об, ҷомеаи коршиносон, ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалии рушд барои арзёбии пешрафт дар иҷрои уҳдадориҳо ва тавсияҳои дар Конфронси об барои соли 2022 ва Форуми оби занон дар соли 2022 хоҳад буд; дар он таҷрибаҳо ва роҳҳои ҳалли инноватсионӣ таҳти роҳбарии занонро муаррифӣ ва муҳокима мекунанд, то ин ки татбиқи ҳадафҳои марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ муаррифӣ гарданд.
Форуми созмонҳои ҳавзавӣ
Ҳадафи Форуми минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ пешбурди принсипҳои ҳамгироии идоракунии захираҳои обӣ ва рушди ҳамкорӣ байни намудҳо ва миқёсҳои гуногуни ташкилоти идоракунии ҳавза мебошад. Форум платформаи нодири минтақавӣ фароҳам меорад, ки дар он сохторҳои идоракунии ҳавзаҳо, шуроҳо ва ташкилоти давлатӣ метавонанд мубодилаи таҷриба намуда, дастҷамъона қадамҳо ва самтҳоро барои таҳкими идоракунии ҳавзаҳо дар минтақа муайян кунанд.
Форуми пиряхҳо
Форуми байналмилалии пиряхҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи тағйирот дар криосфера дар шароити тағйирёбандаи иқлим, инчунин баланд бардоштани огоҳии минбаъда дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Рӯзи пиряхҳо, пешниҳоди Харитаи роҳ оид ба татбиқи Соли байналмилалии пиряхҳо ташкил карда мешавад.
Дар ҳошияи форум фикру мулоҳизаҳо дар бораи харитаи роҳ баррасӣ гардида, мисолҳо ва лоиҳаҳое, ки ҳамчун саҳм ба ҳадафҳои Соли байналмилалии қутбӣ-2025 амалӣ карда мешаванд, инчунин таҷрибаҳои беҳтарин, дарсҳои омӯхта ва ҳамоҳангсозии имконпазир муаррифӣ мегарданд.
Форуми парламентарҳо
Форуми минтақавии вакилони парлумонҳо ё парламентарҳо тадбирҳо ва натиҷаҳоро дар доираи Барномаи амали Конфронси байналмилалӣ оид ба нуфус ва рушд баррасӣ мекунад. Чорабинӣ инчунин ба вакилони парлумон, ки дар маркази раванди қонунгузорӣ қарор доранд, имкон медиҳад, ки беҳтарин таҷрибаро табодул намоянд ва кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи минтақавиро барои ноил шудан ба ҳадафҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба нуфус ва рушд ҳимоят кунанд. Дар ин нишаст масоили марбут ба тағйироти демографӣ, баробарии гендерӣ, тавонмандсозии ҷавонон, камбуди об ва тағйиёбии иқлим баррасӣ мешавад.
Дар ҷараёни Форуми раҳбарони давлатҳо ва доираҳои тиҷоратӣ иқтидори лоиҳаҳои бахши хусусӣ ва шарикии давлат бо бахши хусусиро, ки метавонанд дар минтақаи Осиёи Марказӣ зуҳур намуда, муваффақ гарданд, баррасӣ менамоянд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба қарордодҳо ва созишномаҳои мушаххасе дода мешавад, ки раванди муомилот, сармоягузории хусусиро тақвият мебахшанд ва сатҳи зарурии мониторинг, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ барои пурра таъмин намудани мувозинат байни рушди иқтисодӣ, соҳаи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зистро ба танзим медарорад.
Форуми илм ва технология
Форуми илм ва технология барои намояндагони муассисаҳои илмии пешрафтаи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ бо мақсади таҳкими робитаҳо ва табодули иттилооти илмӣ баҳри фароҳам овардани фазои мусоид барои таҳқиқоти байниинститутсионалӣ ва байнисоҳавӣ дар оянда гузаронида мешавад. Форум идомаи конфронси дуюми минтақавӣ байни муассисаҳои илмӣ мебошад, ки аз ҷониби фаъолияти минтақавии USAID оид ба захираҳои об ва муҳити осебпазир дар Осиёи Марказӣ моҳи июни соли 2023 гузаронида шуда буд. Ҳадафи форум муттаҳид кардани академикҳо, муҳаққиқон ва олимони саросари ҷаҳон барои табодули иттилоот, таҷрибаи пешқадам ва натиҷаҳои таҳқиқот барои ҳалли мушкилоти марбут ба об дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Форуми кӯдакон ва ҷавонон
Форуми кӯдакон ва ҷавонон оид ба об ва иқлим барои ҷавонон майдоне фароҳам меорад, то онҳо дар баҳсу ташаббусҳо барои ҳалли масъалаҳои об ва иқлим иштирок намоянд. Дар ин ҳамоиш «Баррасии амали ҷавонон — Уҳдадориҳо ба амал» барои арзёбии пешрафт дар иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла марбут ба ҷалби ҷавонон аз ҷониби давлатҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон дар ҷараёни Конфронси оби СММ дар соли 2023 матраҳ мегарданд.
Инчунин иштирокдорони Конфронси 3-юми оби Душанбе имкон доранд бо фарҳанг ва маназараҳои нотакрору дилфиреби кӯҳистони Тоҷикистон шинос гарданд. Дар ин замина Кумитаи миллии тадорукот барои иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе 13 июни соли 2024 бо мақсади муаррифии иқтидор, имконият ва захираҳои бойи обии Тоҷикистон ва таҷрибаҳои идоракунии об дар мамлакат, инчунин манзараҳои тасхиркунандаи табиати Тоҷикистон, мероси ғании фарҳангӣ ва анъанаҳои бостонӣ сайругашт ташкил менамояд.