Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » И Н С О Н И А С И Л У С А Д О Қ А Т М А Н Д

И Н С О Н И А С И Л У С А Д О Қ А Т М А Н Д

1-06-2024, 08:52
Хабарро хонданд: 389 нафар
Назарҳо: 0
        И Н С О Н И   А С И Л У   С А Д О Қ А Т М А Н Д
Сад сатр аз одаму одамгарӣ


Ман аз аввали солҳои навадуми асри гузашта бо рӯзномаи бонуфузи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» ҳамкории эҷодӣ дорам. Аз ҳамон давр рӯзноманигори асил, котиби масъул ва шоири басо хоксор Ибодулло Шарифӣ (Шарифов)-ро мешиносам. Ӯ бист соли умри бобаракати хешро (аз соли 1998 то соли 2018) баҳри хушсифат, пурмазмун ва хонданбоб табдил додани ин ҷаридаи дӯстдоштаи адибон ва хонандагони хушзавқ бахшид.
Бо Ибодулло суҳбати нахустини худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.
- Ибодулло, - одатан ба мо ҳамин хислат часпидааст, ки ҳангоми муомила дарҳол аз куҷо будани ҳамсуҳбатро мепурсем,-Шумо аз кадом гузар?
- Аз деҳаи Ҳафттеппаи шаҳри Ҳисор, ки дар наздикии табобатгоҳи Кони Намак ҷойгир аст,- ботамкин ва хеле боадабона посух гардонд котиби масъул.
Ман, ки вобаста ба вазифаи хизматӣ ва барои рафъи каме бемории сутунмӯҳра борҳо ба ин дармонгоҳ рафта будам, бо тааҷҷубу ҳайрат ба симои зебояш нигаристам. Тааҷҷубам аз он иборат буд, ки ин деҳа аз пойтахт дар масофаи 65 километр дур қарор дорад ва аз рӯйи гуфти ҳамкорон Ибодулло ҳар пагоҳӣ расо соати 8 ба ҷойи кор ҳозир мешудааст. Ҳайратам аз он афзуд, ки ин ҷавонмарди миёнақади камгапи хушодобу хушмуомила талаботи коидаи меҳнатро қатъӣ риоя карда, ба кор ҳеҷ гоҳ дер намонда ҳозир мешудааст.
Баъдҳо фахру ифтихор мекардам, ки ин шиносоии мо ба дӯстии ҳақиқии ҷонӣ табдил ёфт ва баъзан ман аз он сӯистифода карда, матлаби худро пеш аз навбат ба чоп месупурдам.
Дар ривоятҳо омадааст, ки агар Офаридгор касеро дӯст дорад ба ҳамон кас дарду маризӣ ато мекардааст. Ҳаводиси рӯзгор чунин шуд, ки инсони шариф, маҳбуби дастаи тифоқу бо ҳам дӯсти рӯзномаи писандидаи адибон ба беморӣ гирифтор шуд ва инак, шаш сол аст, ки бо ин сабаб маъмурияти корхона Ибодуллоро ба нафақа гусел кард ва ӯ дар ҳалқаи аҳли оилаи азизу меҳрубон шукрона рӯз мегузаронад ва мо, дӯстону ҳамкорон ҳар сари чанд вақт хислатҳои нек, оромтабиатӣ, некгуфторӣ, покдилӣ ва аз ҳама асосӣ хоксориашро пеши назар оварда, ба аёдаташ мешитобем ва ин ҷавонмарди дарёдил моро бо чеҳраи шукуфон, лаби пурханда ва дастурхони пурнозу неъмат пешвоз мегирад ва аввалин сухане, ки аз забони ширингуфтораш мешунавем ин аст: - Рӯзнома дар чӣ ҳол аст?
Дарҳол дарк мекунам, ки гарчанде шаш сол аз рӯзномаи дӯстдоштааш ҷудо бошад ҳам, дилаш саршори муҳаббати ин ҷарида мебошад.
- Сабку усул ва таҷрибаи беназири Шуморо давом дода истодаем, - бо мамнуният ҷавоб мегардонад шогирдаш Нусратулло ва Робияи Холмирзо бо лаҳни ширин давом медиҳад:
- Аз мактаби Шумо фаровон истифода бурда, ҳаракат дорем, ки рӯзнома ҳаёти адабии ҷомеаро боз ҳам рангинтар тасвир намояд.
Ман бошам аз ин муколама, аз муҳри ризомандии дар симояш нақш баста ба чунин хулоса меоям, ки ин журналисти покзамир то чӣ дараҷа ба рӯзномаи дӯстдоштааш содиқ буда, пайваста дар бораи пешравию хонданбоб шудани он андеша меронад, то ки ин ҷарида на танҳо маҳбуби адибон, балки писанди хонандагони сершумораш гардад.
Дар иди матбуоти тоҷик боз мо як гурӯҳ дӯстон меҳмони ин қаламкаши нексиришт гардида, ба садоқату дилбастагиаш ба рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» офарин хонда, шукру сипоси беҳад ба Яздони пок гуфтем, ки чунин инсони асил ва содиқро офаридааст.

Зариф ҒУЛОМ,
адиб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: