Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳа оид ба барқикунонии нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастгирии Комиссияи СММ оғоз гардид

Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳа оид ба барқикунонии нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастгирии Комиссияи СММ оғоз гардид

6-05-2024, 15:39
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳа оид ба барқикунонии нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастгирии Комиссияи СММ оғоз гардидБо дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором — ЭСКАТО (UN Economic and Social Commission for Asia and the Pacific (UNESCAP) лоиҳаи «Суръатбахшии гузариш ба автомобилҳои барқӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, марҳилаи II» оғоз ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба татбиқи лоиҳаи ҳамкории техникии «Суръатбахшии гузариш ба автомобилҳои барқӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, марҳилаи II» барои солҳои 2024 – 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд.

Лоиҳа барои мусоидат ба пешбурди минбаъдаи нақшаҳои миллӣ оид ба барқикунонии паркҳои нақлиёти ҷамъиятӣ равона гардида, дар анҷоми татбиқи он дар назар аст, ки шабакаҳои озмоишии электробусҳо дар чор давлати мақсадноки давлатҳои аъзои ин комиссия, аз ҷумла Тоҷикистон ҷорӣ карда шаванд.

Инчунин дар доираи лоиҳа дар Тоҷикистон харитаи роҳи минтақавӣ оид ба шаклҳои маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои гузариш ба нақлиёти барқии ҷамъиятӣ таҳия мегардад. Дар доираи ин лоиҳа солҳои 2024 – 2026 аз ҷониби масъулини соҳа баргузории вохӯриҳо дар сатҳи миллӣ ва ҳамоишҳои ҷонибҳои манфиатдор, ҳамоҳангсозии механизми барқикунонии соҳа байни мақомоти марбута, таҳияи арзёбии эҳтиёҷоти техникӣ, таҳияи тавсияҳои инфиродӣ оид ба имконот/механизмҳои қобили маблағгузории ҳаракат дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва имконияти дохил кардани сармоягузорӣ ба рушди электромобилҳо дар ҷумҳурӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаи озмоишии автобуси барқӣ дар яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: