МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ2-05-2024, 09:30
Хабарро хонданд: 141 нафар
Назарҳо: 0
Нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: “Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад”. Бояд зикр намуд, ки маҳалгароӣ, бегонапарастӣ, тамоюлҳои геополитикии ҷаҳони имрӯза - экстремизм, терроризм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои истиқлоли давлатӣ мебошанд. Сарвари давлат ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омилҳо ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол арзёбӣ кардаанд. Ифротгароиро дар кадом шакле набошад, мо онро қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Зикр кардан бамаврид аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа ва тамоми ҷаҳон, таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки дар шароити рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Зеро, рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шудааст, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. Яке аз воситаҳои ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон дар давраи муосир ин тавассути шабакаи интернет ба ҳолати равонии онҳо таъсир расонидани ин гурӯҳҳо мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки корҳои тарғиботӣ дар маҳал дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ ва зарари он ба ҷомеа падару модаронро водор созад, ки нисбат ба фарзандони худ назоратро ҷиддӣ ба роҳ монанд. Аз нигоҳи рушди муносибатҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва равандҳои демократикунонӣ фарҳанги сиёсии ҷавонону наврасонро бамаротиб бояд боло бурда, ҳама мушкилоти мавҷудаи муносибати байни давлат ва ҷомеа дар асоси корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ҳаллу фасл намуд. Миҷгона Раҳимӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, узви фаъоли ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.