Боздид аз маркази навтаъсиси “Техно - Хап Душанбе2-03-2024, 09:30
Хабарро хонданд: 521 нафар
Назарҳо: 0
Нимаи дуюми рӯзи чоруми курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шунавандагон аз Маркази навтаъсиси инноватсионии “Техно- Хап Душанбе” дидан намуданд.
Дар ҷараёни шиносоӣ аз фаъолияти марказ ёрдамчии муовини якуми Раиси ҲХДТ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Миралиён Қиёмиддин дар мавзӯи “Нақши саҳифаҳои иҷтимоӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи мо” суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб, нақши шабакаҳои иҷтимоӣ хеле калон буда, кор бо он, тарзи навишти хабар, ҷалби аудитория аз корбар маҳорати баланди донишу малакаро тақозо мекунад. Маркази навтаъсис дар заминаи кор бо сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъсис ёфта, шунавандагон дар оянда тарзи сохтани веббарномаҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар самтҳои технологияи иттилоотиро меомӯзанд. Дар баромади Дилшод Ҷӯразода, роҳбари МД “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” зикр шуд, ки асри нав асри иттилоот, омӯзиши таҷриба ва паҳн намудани идеяҳои наву тоза аст. Ҳадафи ташкили марказ сарҷамъ намудани лоиҳа ва амалишавии рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон буда, аллакай 100 соҳибкори муваффақ сирри пешравии корашонро дар шакли лоиҳа барои марказ пешниҳод кардаанд. Махсусан дар марҳилаи охир шумораи истифодабарандагони Инстаграм ва Фейсбук хеле зиёд гардида, аксаран молҳои худро метавонанд, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ташвиқ кунанд. Барои ин бояд саҳифаи иҷтимоии корбар мӯъҷаз ва диққатҷалбкунанда бошад. Журналист – блогер Наргис Қосимова омили муваффақ шуданро ҳам дар риштаи журналистика ва ҳам дар шабакаи иҷтимоӣ кор кардан аз болои худ ва ҳамеша фаъол доштани саҳифаҳои худ медонад. Ӯ дар навиштани хабару гузоришҳо, таҳияи роликҳои иҷтимоӣ, ки дархӯрӣ баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ аст, хеле кор мекунад. Тавре худ иттилоъ дод, алҳол шумораи бинандагони роликҳои иҷтимоӣ аз сарҳади ним миллион гузошта, наздик ба 17 ҳазор аъзо дар шабакаи иҷтимоӣ дорад. Роҳбари куллии Маркази инноватсионии “Техно-Хап Душанбе” шунавандагони курси бозомӯзиро барои ҳамкорӣ даъват намуда, зикр дошт, ки чунин маркази омӯзишии сатҳи байналмилалӣ бори нахуст дар кишвари мо ташкил гардида, ба он беҳтарин барномасозони ҳирфавӣ ҷамъ шудаанд. Ва марказ дар оянда дар татбиқи Ҳукумати электронӣ дар кишвар нақши муассир хоҳад гузошт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.