Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

14-12-2023, 10:30
Хабарро хонданд: 303 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Душанбе маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Санади дуҷонибаро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам ба имзо расониданд.

Санад уҳдадории мутақобилаи тарафҳоро роҷеъ ба татбиқи Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ барои солҳои 2023-2026 тасдиқ намуда, ҳамкории ҷонибҳои дахлдори манфиатдорро дар татбиқи нақша танзим менамояд.

Зимни мулоқоте, ки дар доираи маросими баимзорасонӣ баргузор шуд, ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳониро арзёбӣ намуда, оид ба дурнамои он табодули афкор намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: