Музокираҳо дар маҷлиси ҲХДТ10-12-2023, 10:59
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
![]() Ҳусниябону РАҶАБЗОДА - раиси ноҳияи Мурғоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон! Ҳамҳизбиёни азиз! Бо камоли эҳтиром ва садоқату вафодорӣ ба сиёсати хирадмандона, дурандешона ва созандаи Шумо, муҳтарам Пешвои муаззами миллат, изҳор медорам, ки мардуми бонангу номус ва меҳнатқарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минҷумла, ноҳияи дурдасттарини кишвар - Мурғоб бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ, истиқлолу ободӣ аз ташрифи навбатии таърихии Шумо ба Бадахшони Кӯҳистон, ки дар фазои ором, таъмини волоияти қонун ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид, илҳому неруи тозаи ватандорию ватансозӣ гирифта, баҳри пояндагии сулҳу суботи комили Ватани азизамон талош меварзанд. Ҳар як ташрифи мубораки Шумо, муҳтарам Раиси муаззами ҳизб ба сарзамини Бадахшон мардумро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони тозаистиқлол боз ҳам дилгарм, симои шаҳру ноҳия аз пештара дида боз ҳам гуворотар ва аз муҳаббату самимияти Шумо ба халқу миллат қалби ҳар як сокини ин минтақаи кӯҳистон боз ҳам ба зиндагӣ дилгарм ва фурӯзонтар мегардад. Аз ҷониби Шумо ба истифода дода шудани даҳҳо иншоотҳои муҳим дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон далолат аз пойдории давлат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум буда, бо иқдоми мубораки Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ санги асос дар пойдевори бунёди чандин иншоотҳои таъйиноти иҷтимоӣ гузошта шуд, ки бемуболиға, ба раванди рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят заминаи мусоид мегузоранд. Бо ифтихор ва сипосгузории бепоён аз иқдоми навбатии мушфиқона ва бунёдкоронаи Шумо, муҳтарам Пешвои муаззами миллат, ки соли 2022-ро марҳилаи нави бесобиқаи рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон намудед, имрӯз шаҳру навоҳии вилоят ба арсаи бузурги созандагию бунёдкорӣ ворид гардидаанд. Маврид ба зикр аст, ки танҳо соли ҷорӣ 261 иншоот, ба маблағи 437 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар радифи дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб низ садҳо иншоотҳои зиёд бунёд гардида, инфрасохтори он ташаккул ёфт. Зимни ташрифи Роҳбари ғамхору бунёдкори давлат Неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 600 кВт бо насби таҷҳизоти захиракунандаи энергия бо иқтидори 1200 кВт, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, Маркази офиятбахшӣ ва парваришгоҳи бабри барфӣ, Боғи фарҳангиву фароғатии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамоати деҳоти Аличур бо сифати баланд бунёд ва ба истифода дода шуданд. Маврид ба зикр аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар калонтарин корхонаҳои саноатии ноҳия, аз қабили НБО “Тоҷикистон”, корхонаи коркарди маъдани нуқраи мавзеи Якҷилва, биноҳои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва даҳҳо иншооти дигар мавриди истифода қарор доранд. Корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар вилоят ва ноҳия бо фаъолияти самараноки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун пешоҳангони кор вусъати навро касб намуда истодаанд. Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон мавриди истифода қарор гирифта, марҳилаи сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа ва Хоруғ босуръат ва сифати ҷавобгӯ ба талаботи замон идома дорад. Айни ҳол бо кумак ва мусоидати Шумо, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои барномавии ҳизб дар ҳудуди вилоят ду лоиҳаи бузурги миллӣ - сохтмони қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Кулма аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон ба маблағи ду миллиарду 300 миллион сомонӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа ба маблағи зиёда аз шашсаду 30 миллион сомонӣ бомаром ҷараён доранд. Дар доираи чорабиниҳои истиқболи сазовор аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 1 ҳазору 167 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 487 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бо таваҷҷуҳи хосаи Шумо, Пешвои муаззами миллат ва таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи сиёсати кадрҳо Асадулло Раҳмон дар ҳудуди вилоят 27 адад дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла, 7 адад дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб бо тамоми шароитҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо мақсади обутоби сарҳадбонон ҷиҳати ҳифзи сарҳад ба истифода дода шуданд. Дар заминаи сиёсати хирадмандона ва босуботи дохилию хориҷии давлат ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои сармоягузорони дохилию берунӣ дар ду соли охир зимни баргузории форуми “Помиринвест” ба иқтисодиёти вилоят зиёда аз дуюним миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид. Гузашта аз ин, бо мусоидати Ҳукумати мамлакат соли 2023 бори нахуст шартномаи ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Свердловскийи Федератсияи Русия баста шуд, ки барои рушду равнақи минбаъдаи вилоят, ворид гардидани маблағҳои сармоягузорӣ ва барои молу маҳсулоти корхонаву соҳибкорони вилоят дарёфти бозори нав такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат! Мардуми сарбаланду мушкилнописанди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, махсусан ноҳияи Мурғоб аз умқи дил дарк менамоянд, ки ҳамаи ин дастовардҳо маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати оқилонаву нозукбинона, бунёдкоронаву дурандешонаи Шумо, Пешвои ғамхору мардумпарвари миллат ба даст омадаанд, ки сипосу шукргузории бепоёни худро баён менамоянд. Ғамхорию дастгирӣ ва кумакҳои беғаразонаю инсондӯстонаи Роҳбари мушфиқи давлат бо мақсади бартараф гардидани оқибатҳои нохуши офати табиӣ, ки соли 2023 дар ҳудуди вилоят рух доданд, ғаму андӯҳи зарардидагонро сабук ва мардумро бори дигар ба ҳаёту фаъолияти босубот дилгарм намуда, аз дастгириҳои навбатии Садри муаззами Тоҷикистон танҳо набудани худро эҳсос намуданд. Бо истифода аз фурсат, бори дигар барои ҳамаи ғамхориҳои мушфиқона ва мусоидату кумакҳои беғаразона бо эҳтироми қалбӣ ва самимияти беандоза изҳори сипоси амиқ менамоям. Ҳамаи ин ташаббусҳо ва мусоидатҳои беназир заминаи мустаҳками рушду инкишофи бесобиқаи минбаъдаи вилоятро ба бор оварда, мардумро ба фатҳи қуллаҳои нави меҳнатӣ раҳнамун месозанд. Бо камоли эҳтиром, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҳидоятҳои оқилона, дастгирӣ, мусоидат ва кумакҳои холисона изҳори сипоси бепоён намуда, бо эътимоди комил изҳор медорам, ки сокинони ноҳияи Мурғоб, аз ҷумлаи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳнамоӣ ва роҳбарии хирадмандонаю бунёдкоронаи Роҳбари мушфиқи давлату Пешвои ғамхори миллат ва Раиси муаззами Ҳизб дар ҳамдастӣ ва ҳамгироии созанда нияту иқдомҳои неки бунёдкорӣ ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро амалӣ хоҳанд намуд. Ҷашни 29-умин солгарди амалишавии иқдомҳо ва ташаббусҳои сулҳпарварона, инсондӯстона, созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба тамоми мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик сидқан шодбош мегӯям. Ташаккур ва сипоси бепоён ба таваҷҷуҳи Шумо, Пешвои муаззами миллат! Иброҳим МИРЗОЗОДА-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе: -Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон! Қабл аз ҳама мехоҳем миннатдории самимонаю беандозаи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Шумо, Пешвои муаззами миллат барои дастгириҳои ҳамешагиатон ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои созандаи аъзои ҳизб ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият барои мо-ҳизбиён изҳор намоем. Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар айёме баргузор мегардад, ки мардуми шарифи кишвар зери таассуроти суханронии пурмуҳтавои Шумо дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров қарор доранд ва аз он барои худ сабақи муҳими худшиносиву худогоҳӣ гирифтаанд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, гувоҳ аст, ки маҳз талошҳои пайваста ва ҳидоятҳои созандаю хирадмандонаи Шумо боис шуд, ки мақому манзалати аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мо дар ҳама бахшҳои муҳими давлатдорӣ тавсеа ёбад ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ таъмин гардад. Мулоқотҳои хотирмони Шумо бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, ки ба ҳукми анъана даромадааст, саршор аз дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсоз барои сафарбар намудани мо дар роҳи расидан ба зиндагии шоиста ҳастанд ва моро ба сӯйи фардои дурахшони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, раҳнамоӣ мекунанд. Муҳтарам Пешвои миллат, Дар ҳошияи дастовардҳои соли ҷорӣ ва дастуру супоришҳои Шумо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Душанбе баҳри густариш додани фарҳанги сулҳ, тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум беш аз 7000 мулоқоту вохӯрӣ ва силсилаи чорабиниҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳиро бо доираи васеи сокинону шаҳрвандон ва ҷонибдорону фаъолони ҳизб мунтазам баргузор намуда истодаанд. Дар баробари ин, вобаста ба мазмуну моҳият, шарҳу тавзеҳ ва нақши Шумо ҳамчун асосгузори се қонуни миллӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Душанбе як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтиро бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва хонандагону донишҷӯён ташкил ва баргузор намуданд. Натиҷаҳои амалишавии дастуру ҳидоятҳои Шумо, ҳамкориҳои пурсамар бо кумитаю ташкилотҳои ибтидоии пойтахт ва робитаи ҳамешагӣ бо мардум, махсусан бо ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар буд, ки мо тавонистем дар ин муддат ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои даврони истиқлол беш 17000 мулоқоту вохӯрӣ, хонишҳои сиёсӣ ва дар ҳошияи таблиғи шароити будубоши сарбозон, сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ корҳои намоёнро анҷом диҳем ва бо ҷалби шахсони саховатпеша дар ҳама ҷашнҳои давлатӣ баҳри болидахотирии сарбозон дастурхони идона ташкил намудем. Муҳтарам Раиси муаззами ҳизб! Мехоҳам бо ифтихор гӯям, ки анъанаи дидорбинӣ ва эҳдои армуғонҳо аз ҷониби Шумо зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии кишвар ва иду ҷашнҳои миллию давлатӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва маъюбону барҷомондагон беҳтарин ва олитарин намунаи пайравӣ барои мо-ҳизбиён мебошад ва моро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин қишри ҷомеа ба ҳадди имкон ғамхорӣ намоем. Аз ин хотир, дар ҳошияи ин амалҳои наҷиби Шумо барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа мо-ҳизбиён маҷмуи корҳои хайриявӣ, аёдат ва дидорбинии маъюбону барҷомондагонро ташкил намудем, ки ин тадбир дар оянда низ идома мешавад. Дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи Шумо ҳамарӯза шоҳиди он мешавем, ки бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар мисоли бунёду азнавсозии корхонаҳои бузурги саноатӣ, кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишиву тандурустӣ, меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва роҳу пулҳои дохилишаҳрӣ бомаром идома доранд. Хусусан, талоши шаҳрдорӣ баҳри татбиқи ҳадафаи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръати мамлакат шоистаи зикру таҳсин аст. Зеро ин ҳама барои муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон ва таъмини онҳо бо ҷойи кор дар қалби Тоҷикистони азизамон мебошад. Мо-ҳизбиён низ аз ин ҳама самимияти хоса ва муҳаббати беандозаи Шумо руҳу илҳоми тоза гирифта, бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони худ майдончаи варзишӣ, бозии кӯдакона ва истироҳати калонсолонро, воқеъ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ, бо тарҳи муосиру замонавӣ бунёд намуда, шанбегиву ҳашарҳои ҳарҳафтаинаро баҳри сарсабзу хуррам гардонидани пойтахти азизамон ба мароми ҳамешагӣ мубаддал гардонида, дар рафти онҳо 60 ҳазор бех ниҳоли ороишиву сояафканро шинонидем. НБО “Роғун”-ро ба сифати “иншооти аср” маънидод кардани Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, худ далели равшан ва раднопазири он аст, ки Шумо аз рӯзҳои аввал ба ин “Кохи нур” таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоед ва бо ҷараёни корҳои он аз наздик шинос мешавед. Мо низ бо дарки моҳияти ин таваҷҷуҳ ҷиҳати талқини руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ дар ниҳоди аъзо ва ҷонибдорони ҳизб пайваста боздиди шумораи зиёди аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро аз ин неругоҳ ба роҳ мондем ва дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ 470 нафар корҷӯро аз шаҳри Душанбе ба ин неругоҳи муҳташам ҷалбу сафарбар намудем ва ин иқдом идома дорад. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Мо вазифадор ҳастем, ки дар ҳошияи ғамхориву раҳнамоиҳои Шумо дар тамоми корҳои созандагиву бунёдкории Ватани азизамон бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони худ саҳмгузор бошем. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат! Тавре аз суханронии пурмазмун ва фарогири Шумо бармеояд, дар шароити кунунӣ, ки вазъи ҷаҳон рӯз аз рӯз ташвишовар гардидааст, ҳолатҳои ҷалби ҷавонон ба равандҳои бегона дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси нигаронии аъзои ҳизб дар шаҳри Душанбе шудааст. Бо мақсади пешгирии ин ҳолатҳои номатлуб дар партави дастурҳои Шумо мо фаъолияти ҳамгироии худро бо кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ неру бахшида, дар сомона ва саҳифаҳои расмии сохторҳои ҳизбии пойтахт дар шабакаҳои иҷтимоӣ 9736 маводи вокунишиву иттилоотӣ, таҳлилӣ, хабару гузориш ва мақолаҳои мухталифро нашр намудем. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат! Баргузории Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сурат мегирад, масъулияти моро афзун менамояд. Аз ин лиҳоз, мо уҳдадор мешавем, ки аз маҷлиси имрӯза хулосаҳои зарурӣ бароварда, фаъолияти худро беҳбуд бахшем ва набзи ҷомеаро дуруст эҳсос карда, вобаста ба амалишавии дастуру ҳидоятҳои Шумо тадбирҳои амалӣ андешем. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорем! Номвар ҚУРБОНОВ-муовини директори Институти масъалаҳои об, энергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: Салому дуруд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳамсафони гиромӣ! Боиси хушнудист, ки соли 2023 аз саъю талошҳои Шумо, Пешвои муаззами миллат дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об 20 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо шоҳид гардидаву эътироф намудааст, ки масоили марбут ба обу иқлим дар сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Шумо, Пешвои муаззами миллат ҷойгоҳ ва мақоми махсус доранд. Аз ин рӯ, барои мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус мо, аъзои Кумитаи иҷроияи «Хирадмандон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Шумо чун кишвари ташаббускор ва пешсафи ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим дар тамоми ҳамоишҳои сатҳи баланд, махсусан чорабиниҳои ду ниҳоди муҳими байналмилалӣ - Форумҳои ҷаҳонии об ва Конференсияҳои тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим фаъолона ширкат меварзад ва иқдомҳои аҳамияти башарӣ ва ҷаҳонидоштаро пешниҳод менамояд. Воқеан, ташаббусҳои ҷаҳонии Шумо, Пешвои миллат дар ҳалли масоили обу иқлим ҳадафҳои мушаххасеро дар пай дошта, ҳамагӣ барои ҳифзи ояндаи кураи арз равона гардидаанд ва дар асоси ин иқдомот бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ - Созмони Милали Муттаҳид 10 қатънома қабул кардааст, ки нишонаи баланди эътирофи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ аст. Мушкилоти тағйирёбии иқлим ва коҳишёбии захираҳои об, ки ба ҳам тавъаманду ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, ҳамеша дар мадди назари сиёсати башардӯстонаи Шумо, Пешвои муаззами миллат қарор доранд. Воқеан, ташаббусҳои ҷаҳонии Шумо дар ин самт, дар заминаи далелҳои дақиқ рӯйи кор омада, аз ҷониби аксар давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёфтаанд. Аз ҷумла, Шумо зимни суханронии хеш дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, доир ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба ҳолат ва дурнамои пиряхҳои манотиқи кӯҳсор ва навоҳии Арктика, Антарктида ва Гренландия андешаҳои бикр баён намудед. Оре, ҳақиқати маҳз ба ҷониби каломи Шумост, зеро тибқи мушоҳидаҳои олимон коҳишёбии зиёдтарини пиряхҳо дар қаторкӯҳҳои арзҳои муътадилу тропикӣ, чун Помир, Тиёншон, Ҳимолой, Қафқоз, Кордилер, Алп, Анд ба назар мерасад. Масалан, тибқи ҳисоботи «Арзёбии Ҳиндукуш дар Ҳимолой», ки натиҷаи фаъолияти панҷсолаи беш аз 350 муҳаққиқ аз 22 кишвар ва узви 185 созмон мебошад, то интиҳои асри XXI аз се ду ҳиссаи пиряхҳои минтақа нобуд мешаванд. Зиёда аз ин, мувофиқи арзёбии мазкур раванди обшавии пиряхҳои минтақаро, ки манбаи оби нӯшокӣ барои 2 миллиард аҳолӣ мебошанд, ҳатто ҳадафи ниҳоии Созишномаи иқлимии Париж, яъне маҳдуд кардани гармшавии глобалӣ то 1,5°С боздошта наметавонад. Ҳамзамон, аз рӯйи маълумоти «Атласи пиряхҳо ва захираҳои оби Анд», ки аз тарафи UNESCO ва Маркази иртибототи экологии Норвегия таҳия гардидааст, бо чунин тамоюл обшавии пиряхҳои минтақа боиси аз 78% то 97%-и ҳаҷми худро гум кардани онҳо дар охири асри ҷорӣ мегардад. Ҳуҷҷатҳои болозикр пас аз гузоришҳои бузургтарин ниҳоди ҷаҳонии марбут ба мушкилоти иқлим, яъне Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим манбаи боэътимоди далелҳои илмӣ дар бораи иқлим, захираҳои об ва пиряхҳо буда, хушбахтона, суханони Шумо, Пешвои муаззамро комилан тасдиқ менамоянд. Ин далелу санадҳо шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Шумо оид ба мушкилоти обу иқлим дар асоси арзёбиҳои муътамади илмӣ хулосабарорӣ гардида, баҳри рафъи мушкилоти умумибашарӣ нигаронида шудаанд. Дар ин маврид, бояд зикр намоям, ки шахсан барои камина боиси ифтихор ва масъулият низ ҳаст, зеро ҳам кафедраи хатмкардаам - кафедраи обуҳавошиносӣ ва иқлимшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳам муассисаи фаъолиятдоштаам - Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳз дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Шумо, Пешвои муаззам таъсис ёфтаанд. Аз ин рӯ, дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Шумо, Пешвои миллат, дар Институт фаъолияти хуби илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шуда, дар ин замина, аз ҷониби кормандони Институт монографияи «Баланд бардоштани бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ. Иборат аз 3 ҷилд. Дар мисоли силсиланеругоҳҳои барқи обии дарёи Вахш», китобҳои «Ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба таъмини ҳадафҳои рушди устувор», «Пешвои миллат: масоили об, иқлим ва экология» таълиф гардида, патентҳои ихтироотии «Системаи идоракунии соҳаи обу энергетика дар шароити тағйирёбии иқлим», «Усули танзими байниҳавзавии маҷрои дарёҳо» ба даст оварда шудаанд. Ҷаҳони сипос барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагӣ! Шукрона ТОҲИРӢ-донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, барандаи шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст: -Раҳнамои миллати равшантаборам, ассалом, Шаъну шони миллати овозадорам, ассалом. Расму оини ватандорӣ ба мо омӯхтед, Пешвои миллати пурифтихорам, ассалом. Бароям ифтихори бузург аст, ки солҳои охир бо ибтикори бевоситаи Шумо- Пешвои муаззами миллат, Раиси маҳбуби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил шудаанд, ки дар онҳо на фақат мактабиён ва донишомӯзони мактабҳои олӣ, балки намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа бо як ҷаҳон шавқу шӯр ва майлу рағбат неруи дониш ва истеъдоди сухансанҷӣ ба намоиш мегузоранд. Ман низ яке аз онҳое мебошам, ки дар озмуни китобдӯстон - таҳти унвони "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар номинаи “Адабиёти муосир” ширкат варзидам ва иловатан дар сатҳи ниҳоии ин озмун "Шоҳҷоиза" чашидани шаҳди пирӯзӣ насибам гардид. Бояд бо камоли масъулият ба Шумо - Пешвои муаззами миллат изҳор бикунам, ки маҳз дар натиҷаи баргузор намудани чунин сабқатҳои фарҳангӣ ҷавонони кишвар бо руҳияи баланд ва ифтихор аз ғамхориҳои беназири Шумо ба илму донишу китобу фарҳанг ҷалб мешаванд ва аз дарёи илму ҳикмат дурдонаҳо ба даст меоранд. Мо, ҷавонон, ҳамеша аз дастурҳои Шумо дар мавриди он, ки "Китоб- сарчашмаи саодати ҳар шаҳрванд ва дар маҷмуъ миллат аст" илҳом мегирем ва пайваста ин таъкидҳои Шуморо дар зиндагӣ татбиқ мекунем. Ҳарчӣ дорам, аз ту дорам, эй Ватан, Сарбаландам, бахтёрам, эй Ватан. Нақши гулҳои чаканпӯши туро, Навбаҳорам мешуморам, эй Ватан. Ман ниҳоли Ваҳдату Сулҳи туям, Боғбонам, баргу борам, эй Ватан. Набзи ишқи туст дар ман метапад, Эътибору иқтидорам, эй Ватан. Ҳар куҷое гар барад қисмат маро, Хешро сӯйи ту орам, эй Ватан. Шеър мегӯям зи ҷон васфи туро, Вожа-вожа менигорам, эй Ватан. Мояи нишот ва сарафрозии ман аст, ки узви Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - “Созандагони Ватан” ҳастам ва дар амалӣ кардани сиёсати илму фарҳангпарваронаи Шумо иштирок дорам. Дар интиҳо аз ҳамсафони ҷавони худ даъват мекунам, ки дар кори таблиғи китоб ва илму дониш сарсупурдагони ин миллату ин сарзамин бошанд, зеро дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи фарҳанги миллати мо аз китоб ҳамчун манбаи дониш муъҷизае волотар набуду нест. Ончунон ки шоир мефармояд: Фурӯғи коинот аз офтоб аст, Фурӯғи одамият аз китоб аст. Сипоси бепоён. Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: -Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбар ва раҳнамои ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ , Ҳозирини гиромӣ! Бо шарафмандӣ ва ифтихори беандоза иброз менамоем, ки роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистон таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Шумо, муҳтарам Пешвои муаззами миллат паймудааст, ба садсолаҳо баробар аст. Маҳз самараи талошҳои шабонарӯзии Шумо мебошад, ки Тоҷикистон дар як муддати кутоҳи таърихӣ бо суръати баланд рушд ёфта, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Дар раванди ин пешравию созандагиҳо мо ҳамагон шоҳид ҳастем, ки нақши барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, Роҳбари Олии ҳизб бунёду пояи тавонои ояндаи босаодати миллат аст. Дар мақоми олии қонунгузори кишвар - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин барномаҳоро вакилон - аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият ва шарафмандӣ амалӣ карда истодаанд. Ҳоло дар Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 42 нафар вакилон муттаҳид шудаанд, ки аз онҳо 14 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз ҷониби аъзои Фраксия 95 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод гардида, аз онҳо 81 тағйиру иловаҳо ба қонун ва 18 қонуни мукаммал таҳия ва қабул гардид. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Шумо нақши бонувону занонро дар эъмори давлати демократӣ ва дунявӣ хеле бузург арзёбӣ намудед. Бо башорат ва раҳнамоиҳои пайвастаи Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамару густурда надошта бошанд. Аз ҷумла, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 нафар вакилзанон фаъолият менамоянд, ки онҳо бевосита дар таҳкими асноди қонунгузорӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Албатта, мо, вакилзанон дар иртибот ба ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Шумо, муҳтарам Пешвои миллат кӯшиш менамоем, ки дар таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки барои пешрафт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона гардидаанд, нақши арзандаи худро гузошта, ба бовариву эътимоди Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ ва мардуме, ки моро интихоб намудааст, сазовор бошем. Дар доираи ҳар як сафар ба минтақаҳо мо таваҷҷуҳ ба он менамоем, ки ба мардум аз замони пуртазод ва мураккабу ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарф зада, онҳоро ба ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ даъват намуда, содиқ будан ба Ватан ва ба ҳимояи марзу буми он ҳамеша омода будан, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, экстремистиву террористӣ, мақсаднок ва дуруст истифода намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, нигоҳ доштани сулҳу суботи комил, риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон” устувории оилаҳо ва тарбияи дурусти фарзандон ва амсоли инҳо аз мавзуъҳои асосии вохӯриҳои вакилони мардумӣ - аъзои Фраксия бо интихобкунандагон мебошад. Ҳар вақте ки мо ба минтақаҳо сафар мекунем, хурду бузурги кишвар аз ғамхориву дастгириҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Шумо ибрози назар менамоянд. Ҷаноби Олӣ, мардум Шуморо сидқан дӯст медоранд ва бо Шумо ифтихор мекунанд. Тавре Шумо ҳамеша таъкид мекунед: “Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри Истиқлолият ва осудагиву ваҳдат расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба туфайли онҳо мо метавонем давлати воқеан, муқтадиру тавоноро бунёд кунем”. Ин суханони Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, Роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мароми мо, ҳизбиён буда, шиори барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» самти муайяншудаи фаъолияти мост. Дар фарҷоми сухан мехоҳам сипоси бепоёни вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса аъзои Фраксияро ба Шумо, муҳтарам Раиси Олии ҳизб бирасонам. Зеро аз ҷониби Шумо тамоми шароит ва заминаҳои моддию маънавӣ барои пешрафти фаъолияти босамари мо фароҳам оварда шудааст. Мо, ҳайати вакилон аз ин муждаҳои маънавӣ пайваста бархӯрдор ҳастем ва ҳамеша ҷаҳду талош меварзем, ки шоистаи бовариву эътимоди Шумо бошем. Саодати бузурги мардуми Ватани мост, ки чунин Роҳбари ҷаҳонтасхиру оламнамо дорад. Абадан соябони сари миллати тоҷик бошед, муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Ташаккур ба таваҷҷуҳатон. Фаррух ҲАСАНОВ-ғолиби Озмуни телевизионӣ миёни сарояндагон дар Федератсияи Русия: -Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мо, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон! Ман, Фаррух Хасанзода - ғолиби мавсими панҷуми лоиҳаи телевизионии «Ну - ка, все вместе!» (Ҳама якҷоя!) мебошам. Иштирок дар ин шоу-барномаи маъруфи телевизионӣ, ҳунарнамоӣ дар ҳузури сад ҳунарманди номвар ва ба даст овардани маҳбубияту ғолибият дар он кори саҳлу сода набуда, дастгириву ҳамовозии ҳамватанон ва пеш аз ҳама, ғурури миллии дар замири мо, ҷавонон тарбиянамудаи Шумо - Пешвои азизи миллат ин ҷодаро бароям осону ҳамвор намуд. Муҳтарам Пешвои миллат! Барои ман ва ҳазорҳо ҳамсолони ман, ки имрӯзҳо дар кишвари озоду соҳибихтиёр таҳти роҳбариву роҳнамоии Шумо зиндагӣ ва кору эҷод менамоем, саҳмгузорӣ дар рушду инкишофи соҳаҳои гуногун ва муаррифии шоистаи миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳангамон, ки дар саргаҳи маъруфу маҳбуб гардонидани он ташаббусу ибтикороти таърихиву бесобиқаи Шумо ҷилвагар аст, мояи ифтихор ва сарафрозист. Мо насле ҳастем, ки дар фазову муҳити ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва қадршиносиву арҷгузорӣ ба ваҳдату ягонагӣ ва соҳибхтиёриву соҳибистиқлолии Ватани азизу маҳбубамон - Тоҷикистони азиз ба воя расида, дар дабистони бузурги ҳувияту бедорӣ ва азму талошҳои Пешвои муаззами миллатамон, ки шиораш «Тоҷикистон, ба пеш!» мебошад, сабақи волои хештаншиносӣ гирифтаем. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Бо ташаббус ва сарпарастии бевоситаи Шумо эълону баргузор гардидани озмунҳои гуногунҷанбаи илмиву эҷодӣ ва дастгирии моддиву маънавии иштирокдорон ва ғолибони онҳо, ки назираш дар дигар кишварҳои олам нест, дар баробари дарёфт ва ташаккули қобилияти эҷодӣ роҳи ҳазорон нафарро ба сӯйи фатҳи қуллаҳои баланди эҷодкорӣ боз менамояд. Ман ифтихорманд ва сарафрозам, ки дар барномаи консертии бошукӯҳи ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доиргардида соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» дар баробари устодони санъат ва дигар ҳунармандони номвари кишвар, дар ҳузури Шумо ҳунарнамоӣ намудаам, ки ин падида дар ҳаёти ман болотар аз ҳама дастовардҳо буда, онро ҳамчун фотиҳаи кушоиши корҳои эҷодиам қабул намудаам. Ман ифтихорманд ва сарафрозам, ки ҳунарнамоӣ ва ғолибияти ман дар лоиҳаи телевизионии «Ну-ка, все вместе!» дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистони маҳбубам сурат гирифта, миллионҳо тамошобин ғолибияти ҷавони тоҷики сарбаландро пазироӣ намуданд. Дар ин лаҳзаҳо ман дастгириву ҳамовозии Шумо - муҳтарам Ҷаноби Олӣ ва ҳамватанонро эҳсос намуда, сарафроз аз он будам, ки тавонистам лаҳзае парчами нанги миллатамро боло бардорам. Бо истифода аз фурсати муносиб барои пазироии бошукӯҳи дастоварди ками худ, аз Шумо ва ҳама ҳамватанони азизам сипоси азими хешро баён намуда, ҳамеша талош меварзам дар ҳифзу арҷгузории арзишҳои миллии Ватани маҳбуб ва муаррифии шоистаи он ҳамеша талош намом. Ташаккур! Сайдулло АБДУЛАҲАДЗОДА-муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун”: -Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон! Пеш аз ҳама мехоҳам салому дурудҳои самимонаи бунёдгарони иншооти тақдирсози миллат- Неругоҳи барқи обии “Роғун”, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба Шумо, Пешвои маҳбубу муаззам, Раиси муҳтарами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бирасонам. Бунёдгарони “Роғун” бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва ифтихори баланди ватандориву меҳанпарастӣ чун тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни мубораки 31-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олиро сазовор таҷлил карданд. Роғунсозон аз дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибихтиёр тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар таҳти сарварии хирадмандонаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, ифтихор мекунанд. Таърих гувоҳ аст, ки иншооти бузурги Неругоҳи Роғун маҳз бо ташаббуси созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Шумо, Пешвои муаззами миллат бунёд гардида истодааст. Онҳо ҷиҳати иҷрои саривақтиву хушсифати дастуру супоришҳои арзишманди Шумо, Пешвои муаззам, ки дар “Нақшаи чорабиниҳо” вобаста ба сафари кориатон ба Неругоҳи Роғун 9-10-уми августи соли равон инъикос ёфтаанд, аҳлона меҳнат мекунанд. Ҳоло дар сохтмони бузурги аср зиёда аз 48 ширкат, аз ҷумла 35 ширкати ватанӣ ва 13 ширкати хориҷӣ кору фаъолият доранд, ки дар онҳо бештар аз 15 500 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ дар ду вахта шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд. Аз ин теъдод 2821 нафарашон кормандони муҳандисиву техникӣ ва 12 718 нафар коргарон мебошанд. Шумораи бонувон дар сохтмон 749 нафар ва кормандони хориҷӣ 932 нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи мошину механизмҳо дар иншоот ҳудуди 3500 ададро ташкил медиҳад. Тибқи дастуру супоришҳои Шумо, Ҷаноби Олӣ, то охири соли 2024 теъдоди коргарону кормандон то ба 20 000 нафар хоҳад расид. Дар ин замина аз ҷониби ҶСК “НБО Роғун” якҷо бо ширкатҳову ташкилотҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ, аз қабили гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳандозӣ мешаванд. Ва барҳақ месазад гуфт, ки маҳз бо дастгириву мусоидат ва ҳидоятҳои роҳнамунсозандаи Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, равнақи корҳо дар ин иншооти сарнавишсоз таъмин мегарданд ва пайваста вусъат меёбанд. То имрӯз ду агрегати неругоҳ, ки айни ҳол бо фишори пасти обанбор фаъолият доранд, аз ибтидои баистифодадиҳӣ ба миқдори бештар 6,9 млрд. кВТ/соат неруи барқ истеҳсол кардаанд. Вобаста ба Лот-и 1-и сохтмон ширкати “Войт Гидро”-и Австрия ҳармоҳа аз иҷрои корҳо ҳисобот ва маълумотнома пешниҳод мекунад. Вобаста ба Лот-и 2 корҳои сохтмон дар таҳкурсии сарбанд - хобонидани бетони кубида, арматурбандӣ ва бетонхобонии галереяҳо инчунин, асфалтпӯшкунии мавзеъҳои лоиҳавӣ идома дорад ва дар арафаи анҷомёбист. Дар ин самт бештар аз 295 000 метри мукааб бетони кубида ва пуркунанда хобонида шудааст. Ҳаҷми корҳои асфалтхобонӣ бошад, зиёда аз 5600 метри мукаабро ташкил додааст. Бо ифтихор иброз медорем, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сафи пеши бунёдгарони неругоҳи Роғун қарор доранд ва бо ибтикори Шумо, Пешвои муаззам сарпарастии ин иншооти бузургу муҳташам ба уҳдаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вогузор шудааст. Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, Раёсатҳои ҳизбии вилояту шаҳру ноҳияҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, шоирону нависандагон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури дидор аз рафти корҳои сохтмонӣ ба ин майдони нангу номуси миллӣ ташриф оварданд ва ба шарту шароити кории Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК “НБО Роғун” аз наздик шинос шуданд. Айни ҳол дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизб 12 ташкилоти ибтидоӣ бо теъдоди 1060 нафар аъзоёни ҳизб фаъолият мекунанд, ки 473 нафарашон ҷавонон ва 78 нафарашон бонувон мебошанд. Дар неругоҳ инчунин, дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизб аз ҳисоби ширкатҳои дар сохтмон фаъолияткунанда амал мекунанд. Ҷавҳари асосии заҳматҳои мо дар марҳилаи имрӯза ба таблиғи ҳамаҷонибаи моҳияти сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати мамлакат, ки аз ҷониби Бунёдгузори давлатдории муосири миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муайян шудааст, маҳсуб мегардад. Бо дарки эҳсоси чунин масъулият кӯшиш менамоем, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Шумо, Ҷаноби Олӣ, фаъолиятамонро тақвият бахшида, ҳамаи он масъалаҳое, ки имрӯз дар назди ташкилотҳои ҳизбӣ гузоштаед ва зимни сафари кориатон ба НБО-и “Роғун” таъкид кардаед, бо азму иродаи қавӣ анҷом бидиҳем. Бунёдгарони “Кохи нур” ҳар рӯзу ҳар соат бо дарки баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ муҳтавиёти ҳидоятҳои арзишманди Пешвои маҳбуби хешро дар ин майдони набард ва арсаи номусу нанг ҷабҳаи ваҳдату якдилӣ ва корзори заҳмати созанда таҳаққуқ мепазиранд ва аз худ ҷасорату матонат ва далериву шуҷоат намоиш медиҳанд. Мо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар НБО-и “Роғун” бовар мекунонем, ки иқдомҳои пешгирифтаи Шумо, Ҷаноби Олиро ҳаматарафи дар амал татбиқ менамоем ва соли таърихиву мубораки 2023-ро бо натиҷаҳои фараҳбахш ҷамъбаст хоҳем кард ва ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадамҳои устувор хоҳем гузошт. Бунёдгарони “Роғун” ба Шумо, Ҷаноби Олӣ-бунёдгузори “Кохи нур” ва ҳамаи аъзои ин ҳизби авангард саломатӣ ва комёбиҳо таманно доранд. Зарина ИДИЗОДА - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт -Ассалому алейкум, муҳтарам Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Барои ман ҳамчун бонуи парвардаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва камол ёфтан дар мактаби давлатдории Шумо Пешвои муаззами миллат боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Дкмократии Тоҷикистон кору фаъолият намуда истодаам. Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон бамаротиб баланд бардошта шуд. Имрӯзҳо пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Адиби машҳур Робиндранат Такур аз он изҳори ташвиш мекард, ки дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар ба писарон мешавад, на ба духтарон. Ин даҳшат, ин хатои ҷиддӣ аст. Бо чунин ақидаҳо ҷомеаи мо ҳеҷ гоҳ ба пеш намеравад. Маълум аст, ки дар тарбияи оила нақши зан, масъулияти ӯ бештару назаррастар аст. Пас, чаро сади роҳи таълими духтарон мешавем? Бадбахтии ҷомеа аз бадбахтии занон аст. Охир модар на ба як оила, балки ба тамоми ҷаҳон тааллуқ дорад”. Адиб дар эссеи “Таҳсили занон” таъкид мекунад, ки маърифат ҳам ба зан ва ҳам ба мард баробар дода шавад: “Ҳар чизе, ки лоиқи омӯхтанист, илм аст. Илм барои ҳама бояд дастрас бошад. Аз ин рӯ, аз оғози таърихи навини давлатдории тоҷикон Шумо, Пешвои маҳбуби миллат ба эҳтироми зан-модар арҷ гузошта мақом, манзалат ва обруву нуфузи онро дар ҷомеа бамаротиб боло бардошта, дар саргаҳи хушбахтии миллат мақоми занону бонувонро шоиста дастгирӣ намуда истодаед. Воқеан, дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Маърифати зан ба тарбия, камолёбӣ ва таълими фарзандонаш дар зиндагӣ таъсири амиқ мерасонад. Ҳақиқати раднопазир аст, ки маҳз бо ҳидояти модарони фариштахислат шахсиятҳои бисёр барҷаста, эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Шумо, Пешвои азизи миллат ба пояҳои баланди маърифат расида, барои пешрафти ҷомеа, эҳёи дубораи миллат ва давлатдории навини тоҷикон нақши муассири худро гузоштаед, ки ин рисолати қадршиносии бемисли модар абадан дар саҳифаҳои таърихи миллат сабт хоҳанд шуд. Шоистаи таҳсин аст, ки бо ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат дар масъалаи баланд бардоштани мақом ва манзалати занону бонувон солҳои охир мардум ба ин масъала бо диди нав ва бо назари тоза менигаранд. Дар давраи пеш аз соҳибистиқлолии кишвар дар навоҳии дурдасти мамлакат шумораи занҳои хонашин ва духтарони аз таҳсил дурмонда хеле зиёд буданд. Занҳо имкони аз хона берун шудан ва ё бакорҳои давлатию ҷамъятӣ машғул шуданро надоштанд. Хушбахтона, имрӯз дар ҷомеа ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хоса дода шуда истодааст. Далели ҳамаи ин гуфтаҳо таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қонунҳо дар масъалаҳои баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа, таҳсили донишҷӯдухтарон дар ҳама зинаҳои таҳсилот, иштироки фаъоли занону бонувон дар чорабиниҳои сиёсӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, рушд бахшидани соҳаҳои иқтисодиёт бо иштироки фаъолонаи занон, хидмати софдилонаи сохторҳои интизомӣ ва ҳуқуқу тартибот, ба ҷойҳои корӣ таъмин шудани онҳо коҳиши муҳоҷират аз ҳисоби занон мебошад. Дар партави ин суханҳо хосатан таваҷҷуҳпазирӣ ба занону бонувони ноҳияҳои кӯҳистони кишвар ҷиҳати маърифатнокии онҳо ва таъсиси ҷойҳои корӣ далолати ғамхориҳои Шумо ба ин қишри ҷомеа мебошад. Бунёди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Коллеҷи тиббӣ, Литсейи касбии техникӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва даҳҳои муассисаҳои таълимию тиббӣ дархӯрди мушкилоти занон ва дастрасии китоби “Тоҷикон” ба ҳар як хонадони ноҳияи Рашт нишон аз гуфтаҳои боло мебошад . Садоқати мардум марҳила ба марҳила ба ҷонибдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бештар гардида, имрӯзҳо дар ноҳияи Рашт шумораи аъзои ҳизб ба 6214 нафар расидааст, ки аз ин шумора 1834 нафарашонро занон дарбар гирифта, дар назди Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 65 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолит дошта, 2785 нафар аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон ”Созандагони Ватан” тарғибгари сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мебошанд. Роҳбарии 12 ташкилоти ибтидоии ҳизбиро занон бар дӯш доранд, ки нишон аз мавқеияти сиёсии занон дар ҷомеа мебошад. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Шумо, муҳтарам Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳизбе, ки садоқаташ миёни мардум маҳбубият дорад ва ҳамаи ҳамсафон ва ҷонибдорони ҳизбро бо 29-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, саодати рӯзгор, саломатии ҳамешагӣ ва оромию осудагии кишвари азизамонро зери роҳбарии ҳамешагии Шумо, Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзумандам. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.





[/banner_right-3]


