ИДЕОЛОГИЯИ МАНФУРРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ21-09-2023, 14:21
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
Дар таърихи муосири аҳли башар яке аз мушкилоти умдатарин мавҷудияти ғояҳои ифротгароии равияҳои номатлуби ҷомеа (терроризм ва экстремизм) ба ҳисоб рафта, амнияти давлатҳо, минтақа ва ҷаҳонро халалдор карда истодаанд. Дар масири печида ва номуайяни чунин равияҳо ҳамасола одамони зиёди гумроҳ қурбони ноадолатиҳо мегарданд ва раванди ташаккулёбии афкори ҷомеаро дар рӯёрӯи арзишҳои таърихӣ ва илмию фарҳангӣ, ки асоси такомули маънавии инсон мебошад, унсурҳои бегона ва тундгароиро ворид намуда, ба ин васила хостори монеаи пешрафт ва коштани тухми зулму истибдод мегарданд. Табиист, ки маҳаки асосии ҳар як неруи иҷтимоиву сиёсии ҷомеа аз маҷмуи ғояҳо сарчашма мегирад. Дар ниҳоди идеологияи тамоми қувваҳои ҷомеа мақсадҳои меҳвариашон мавҷуд буда, чунин ҳадафҳо манфиатҳои умумии онҳоро таҷассум намуда, рағбат ва назарашонро ҷиҳати татбиқи онҳо водор месозад. Дар чунин раванди мураккаби сиёсии ҷаҳон рисолати асосӣ, ватандорӣ ва ҳаётии ҳар фарди ҷомеа донистани идеологияи миллӣ ва дарки мақсадҳои ғаразноки идеологияи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ба шумор меравад. Ба андешаи мо, чунин шаклгирии ташаккули афкори ҷомеа, бешубҳа, барои монеа шудан дар амалигардӣ ва мавқеъсозии равияҳои тундгароӣ нақши босазо дошта, ҷиҳати таҳким ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ заминаи устувор мегузорад. Дар робита ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон бояд ҳар як шахси солимфикр ва ватандӯст давлат ва арзишҳои миллиро дар мадди аввал гузорад, дидгоҳ ва аҳамияти таърихии давлатдории миллиро аз мавқеи гурӯҳҳои ифротгароӣ фарқ намуда, ба ватани худ содиқ бошанд. Давлат ин хонаи ҳар як миллат аст. Дар сарзамини муқаддаси он ҳар як миллат озодона ва оромона зиндагӣ намуда, ба саодати зиндагӣ ва орзуву ормонҳои миллии худ муяссар мегардад. Идеологияи миллӣ аз маҷмуи арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ ибтидо мегирад. Асоси идеологияи миллиро таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ташкил медиҳад. Давлат барои расидан ба дастовардҳои бузург ва таҳкими асосҳои сохтори сиёсӣ, пеш аз ҳама, халқро дар муҳити созгор ва фарогирии андешаҳои олии ватандорӣ муттаҳид намуда, бар пояи манфиатҳои миллӣ тибқи дурнамои мушаххас ва дақиқ давра ба давра ба натиҷаҳои бузурги таърихӣ ноил мегардад. Ҳар як пешрафти давлат барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад. Терроризм ва экстремизм дар муҳити манфиатҳои гурӯҳӣ бар асоси мақсадҳои ғаразнок созмон ёфта, барои пиёдасозии ҳадафҳои ҷоҳилонаи худ ба табақаҳои осебпазири ҷомеа такя менамоянд. Мутаассифона, баъзе шахсони гумроҳ мақсадҳои асосии онҳоро дуруст дарк намекунанд, ки оқибат неруи маънавӣ ва ҷисмонии онҳо барои равияҳои номатлуб ба силоҳи асосӣ табдил ёфта, болои халқи бегуноҳ аз раҳму шавқат дур шуда, ба зулму бераҳмӣ даст мезананд. Чунин гурӯҳҳои ифротгаро одатан дар пасманзари идеологияи худ аз ҳақиқат садо баланд мекунанд, аммо ҷомеаро тавассути чунин усули фиребгароёна аз фалсафаи ҳақиқии худ дар ғафлат мемонанд. Умуман, мақоми тарроризм дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамчун харобкор, ғоратгар ва халалдоркунандаи амнияту субот эътироф гардида, аҳамияти онҳо ба доираи манфиатҳои шахсиашон рабт дошта, барои ҷомеа заррае муҳимият ва арзиш надорад. Мақсад аз баёни андешаҳои мазкур дар он аст, ки баъзе шахсони гумроҳ бинобар сабаби надоштани дониши амиқ, таҷриба ва меҳр ба Ватан шомили гурӯҳҳои ифротгароӣ гардида, нисбат ба давлати аҷдодии худ даст ба хиёнат мезананд. Аз ин гуфтаҳо чунин хулосаи мантиқӣ баровардан худ ҳақиқати таърихист: -дар маркази идеологияи давлат ҳаёти осоиштаи халқ, пешрафту тараққиёт, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тантанаи адолат ва амнияти ҷомеа қарор дорад: -дар маркази идеологияи ифротгароии терроризм ва экстремизм ҷаҳолат, бадбахтӣ, манфиатҳои ғаразнок, бераҳмӣ ва амалҳои ғайриинсониву ғайриахлоқӣ ҷой дорад. Яке аз равандҳое, ки имрӯзҳо боиси нигаронӣ гардидааст, ҷалби шахсони гумроҳ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро тавассути технологияи муосир меошад. Таҷовузи идеологияи ифротгароён ба василаи технологияи муосир ҳамчун силоҳ барои дигаргун намудани афкори ҷомеа равона гардида, шахсоне, ки аз ҳама гуна арзишҳои муҳим дур ҳастанд, таҳти таъсир қарор гирифта, тақдири худро бо дасти худ ба ихтиёри дигарон вогузор намуда, ба сарнавишти ояндаи худ хатти сиёҳ мекашанд, ки хатои маҳз ва қобили бахшиш нест. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бобат чунин баён намудаанд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”. Ин раванд ҳар як шахсро водор месозад, ки фарҳанги истифодабарии технологияи муосирро риоя намуда, дар истифодаи онҳо эҳтиёткор бошанд. Ҳамзамон, гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи корӣ худ қарор дода, тафаккури худро дар чаҳорчӯбаи меъёрҳои ахлоқӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва дигар арзишҳои олӣ ташаккул дода, нисбат ба Ватан ва ҳаёти шахсии худ аз амалҳои зиёдаравӣ ва фориғболӣ худдорӣ намоянд ва аз паёмади ҳар як амалкарди худ огоҳ бошанд. Маҳкумсозии идеологияи ифротгароӣ мавқеи бузурги ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ буда, роҳи ҳар шахсро дар масири муайян ва рангини зиндагӣ роҳнамо месозад ва аз таъсири падидаҳои номатлуб эмин медорад. Дарвоқеъ, ғояҳои тундгароии терроризм ва экстремизм бар асоси ҳадафҳои ғаразноки шахсӣ ташкил ёфта, пешрафту тараққиёти имрӯзаро нодида гирифта, бо андешаҳои фитнаангез ва ҷоҳилонаи худ барои бесуботӣ ва ноадолатӣ бар зидди ҳамагуна арзишҳои инсондӯстиву ватандорӣ мубориза бурда истодаанд. Вобаста ба ин, вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа ҷомеаро водор месозад, ки усули бедории фикриро дар назди худ мақсад гузошта, ба ҳар як рӯйдоду падидаҳои имрӯзи ҷомеа аз нуқтаи назари манфиатҳои миллӣ баҳои сиёсӣ дода, сатҳи шуурнокии сиёсии худро дар заминаи ғояҳои бузурги созандагӣ ва ватандорӣ ташаккул диҳад. Дар ин бобат, дарк намудан ва амал кардан аз рӯйи чунин принсипҳо ба мавқеи ҳар як шахс такони ҷиддӣ мебахшад: -муносибати одилона бо арзишҳои миллӣ ва ватандорӣ бо ҳукми хираду адолат ва ҳувияти баланди миллӣ; -иродаи комили сиёсӣ ва мавқеи устувор; -устувории тафаккури миллӣ Андешаҳое, ки мушаххас баён гардиданд, ба ҳам пайванди амиқ дошта, дар вазъи феълии ҷаҳон риояи чунин сифатҳои олии ватандӯстона барои бедории миллӣ ва поку бегазанд нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ чун истиқлол ва ваҳдати миллӣ нақши муассир дорад. Қудрати маънавӣ ва хираду заковати инсонӣ ягона омили таҳкими ғояҳои давлатдорӣ эътироф гардида, барои пешгирии тамоми таҷовузҳои идеологии гурӯҳҳои бадхоҳи миллат зарбаи ҷонкоҳ мезанад. Ба ҳар як амалкарде, ки дар он таҳқири давлат ва миллат ҷой дорад, бояд муқовимати ҷавонмардона анҷом диҳем ва хоинони давлатро ба майдони ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ роҳ надиҳем. Замоне, ки як гурӯҳи ғаразнок шомили муҳити осудаи давлат мегардад, аз такомули илмӣ ва рушди иқтисодии он чашми ҳақиқатро мепӯшад. Танҳо чизеро мебинад ва мехоҳад, ки паёмади он мусибат барои халқ аст. Пас куҷост адолат дар рафтори ношоистаи онҳо? Раванде, ки онҳо пайгирӣ мекунанд, халқ ва давлат барои бунёду барқарорсозии онҳо солҳои зиёд меҳнат карда, неруи зеҳнӣ ва ҷисмонии худро ҷиҳати пойдории адолат дар таърих фидо намудаанд. Решаи идеологияи гурӯҳҳои ифротгаро аз ғараз, зулм, истибдод, ноадолатӣ, бесуботӣ ва бедодгарӣ маншаъ гирифта, дар таърих исми онҳо чун душманони аҳли башар сабт мегардад. Ҳатто забон, қалам ва коғаз аз баён, нигоштан ва сабти он худдорӣ менамояд. Баёни андешаҳо оид ба фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро танҳо пешгирӣ ва ҳушдории ҷомеа аз таъсири онҳо ва шарҳу тавзеҳ додани мавқеи золимонаи онҳост. Гуфтаҳои мазкур асоси идеологияи ифротгароии терроризм ва экстремизмро ташкил дода, бояд ҷомеа аз чунин падидаҳои номатлуб ҳар сония, дақиқа, соат, рӯзҳо, солҳо ва ҳамеша ҳаёти осуда ва пурнишоти хешро ҳифз намоянд. Идеологияи ифротгароӣ чунин паёмадҳои сангин дорад: -инсонро аз ҳаёт, саодати зиндагӣ ва аҳли пайвандон бенасиб мегардонад; -инсонро аз иҷрои рисолати ватандорӣ маҳрум намуда, бар зидди он равона месозад; -исми чунин афрод дар таърих ҳамчун хоини давлат ва миллат сабт мегардад; -инсонро аз худшиносӣ дар роҳи илму маърифат ба худкӯшӣ дар роҳи зулму истибдод оварда мерасонад; Аз гуфтаҳои болозикр чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки вақти он расидааст Ватанро ҳимоя намоем, дар масири пешрафти он саҳм гузорем, дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ нисбат ба чунин гурӯҳҳое, ки ба таблиғи ғояҳои ифротгароии худ машғуланд, муқовимати фикрӣ намуда, аз таъсири онҳо мавқеи худро ҳимоя кунем. Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бо ғояҳои олии давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи начандон тулонӣ ба пешравиҳои бесобиқаи таърихӣ ноил гардид. Таҳаввулоти таърихие, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ ба халқи тоҷик муяссар гардид, шаҳодати ғояҳои “идеологияи” санҷида ва дурусти давлатсозӣ буда, ҳамаи онҳо аз тафаккури олии Сарвари давлат ибтидо мегирад. То кунун душманони давлат ва миллат дар хориҷ аз кишвар қарор гирифта, нисбат ба давлатдории навини тоҷикон ҳаргуна буҳтон ва иғвоҳое, ки ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд, раво мебинанд. Таърих шоҳиди ҳол ва воқеият аст. Роҳи давлатдории мо роҳи сулҳ, оромӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ, бародарӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва адолату инсондӯстист. Ҳар соли давлатдории мо соли наку ва таърихист. Рӯз аз рӯз неруи ватандории мо бузургтар гашта, сафҳоямон қавитар мешавад ва барои гурӯҳҳои ифротгаро дар сафи мо ҷой нест ва нахоҳад буд. Идеологияи миллии мо ин қудрати мост, татбиқ ва ҳифзи он мароми мост. Поянда бод идеологияи миллӣ ва нест бод идеологияи ифротгароӣ! Фатҳулло БОҚИЗОДА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.