Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии ҳизбӣ зери унвони «Ҷашни истиқлол муборак кишварам!» бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ва дигар фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин намояндагони аҳли илму адаб ва олимону зиёиён баргузор шуд.
Нахуст, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иштирокчиёни ҳамоишро бо ин санаи фархунда таҳният гуфта, иброз намуд, ки 32 сол муқаддам миллати мо ба дастоварди бузургтарини таърихӣ, яъне истиқлоли давлатӣ соҳиб гардид. Ин ҷашни муборак ва муқаддаси миллӣ сол то сол нуфуз ва шукуҳу шаҳомати хоса пайдо карда, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон нақши равшан мегузорад.
Воқеият нишон дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол барои расидан ба марҳилаи истиқлоли сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадяи сарнавишт пазируфтааст, такя бар хиради азалии мардуми фарҳангсолору соҳибтамаддун таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як давлати воҳид ва кишвари соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ташаккул ёфта, ба сифати узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Мавсуф зимни баромади хеш таъкид дошт, ки мо дар даврони истиқлоли миллӣ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳо ба дастовардҳои беназир ноил гардидем, ки онҳо бунёду ташаккули мактаби давлатдории миллӣ ва ҳокимияти сиёсиро таҳким бахшиданд.
Имрӯзҳо мамлакати мо ба шарофати суботи устувори сиёсиву ҷамъиятӣ ва заминаҳои мусоиди ҳуқуқии ҷалби сармоя беш аз пеш диққати давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, ширкатҳо ва доираҳои сармоягузории бонуфузи дунёро ба худ ҷалб намуда истодааст. Хусусан, дар панҷсолаи охир суръати изҳори ҳамкорӣ ва маблағгузории сармоягузорони хориҷӣ дар ин ё он риштаи иқтисод ва ё соҳаҳои хизматрасонӣ мутаносибан баланд гардид, ки аз заҳматҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Зимнан Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода иброз доштанд, ки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан рушд ёфта, бо назардошти хусусиятҳои хоси иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа имрӯз ба як низоми мукаммали ҳуқуқӣ табдил ёфтааст.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар навбати худ изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намудааст, ки ин иқдом метавонад дар роҳи бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми бориз гузорад.
Шералӣ Кабир аз дастовардҳои соҳаи саноат дар замони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуда, таъкид доштанд, ки агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардидааст.
Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мусоидат намуданд.
Раиси Шурои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов аз даврони мудҳишу гирудорҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Президенти кишвар сулҳу ваҳдату ягонагӣ дар сарзамини муқаддаси Тоҷикистон пойдор гардид. Дар бораи аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». Ин суханон то чӣ ҳад бузург будани аҳамияти сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои кишвар ва миллатро пурра ифода мекунанд.
Мардуми заҳматқарини меҳани азизамон дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз баракати ваҳдати миллӣ ба муваффақиятҳои бузург ноил гардиданд. Миллати тамаддунофари мо дар ҳалли масъалаҳои мубрами сайёра ташаббускор ва дар рушду беҳбудии ҳаёти башарият нақши пешоҳангӣ дорад.
Дилбар Одилзода - муовини раиси шаҳри Душанбе дар баромади худ қайд намуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нодири таърихӣ буда, дар давоми даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, саноату энергетика, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди варзиш пайваста ташаккул ёфта, дар ҳоли рушд қарор доранд. Мавсуф аз пешрафт ва рушду инкишофи пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ махсус ёдовар гардиданд.
Муҳандиси озмоишгоҳи Маркази сохтмонии ҶСК НБО “Роғун”, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Умедҷон Расулов дар баромади хеш қайд намуд, ки маҳз ташаббусҳои ватандӯстона ва иродату матонати Пешвои миллат буд, ки имрӯз бунёдкориҳо дар НБО “Роғун” дар сатҳи баланд идома дорад. Сарвари давлати Тоҷикистон дар бунёди НБО «Роғун» паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш, муовини директори Маркази тиббии №4-и шаҳри Душанбе Давлатбӣ Камолова суханронӣ намуда, зикр дошт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла тандурустӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳу сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббӣ ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ шуда, дар ин радиф таъмини кадрҳои болаёқат дар соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби занону бонувон пайваста амалӣ мегардад. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат табибони ҳозиқ баҳри беҳбудии саломатии ҷомеа ва ояндаи кишвар ҳамеша омодаи хизматанд.
Дар охир бахшида ба ҷашни бошукуҳи Истиқлол чанде аз аъзои фаъоли ҳизб бо мукофоти давлатӣ ва Сипосномаи ҲХДТ қадрдонӣ гардиданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода дар ҳузури иштирокчиёни ҳамоиш ба роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода медали “Хизмати шоиста”-ро тақдим намуданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар интиҳо таъкид доштанд, ки мо ҳизбиён рисолати худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат ба ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ равона намуда, фароҳам овардани шароитҳо баҳри зиндагии шоистаи мардум, таъмини амнияти кишвар ва суботу оромии ҷомеа, тарбияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва худшиносии шаҳрвандон, бахусус ҷавононро вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии худ ҳисобида, дар ростои он кору амал менамоем.
“МХ”