МОҲИ ИЮЛ ТОҶИКИСТОНИЁНРО ЧӢ ГУНА ҲАВО ИНТИЗОР АСТ1-07-2023, 10:02
Хабарро хонданд: 245 нафар
Назарҳо: 0
Дар моҳи дуюми тобистон – июл ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 то 2 дараҷа гармтар ва миқдори боришот бошад камтар пешгӯӣ мешавад. Дар даҳаи дувуми ин моҳ ҳарорати ҳаво баланд хоҳад шуд. Дар ин хусус зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сармутахассиси пешгӯии обу ҳавои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Раҷабова иттилоъ дод.
Дар ин моҳ дар водиҳо ҳаво 24+28, дар доманакӯҳҳо 30+35, дар минтақаҳои кӯҳӣ 12+14 ва дар шарқи Бадахшон 9+13 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад. Дар нимаи аввали моҳи июл дар вилояти Хатлон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 24-28 дараҷа ва дар доманкӯҳҳо 25-27 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона 24-29 ва рӯзона 39-43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 44-46 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар вилояти Суғд бошад ҳарорати миёнаи ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёри муқарарии иқлимӣ дар баъзе ноҳияҳо 1 дараҷа баланд пешгуӣ шуда, дар водиҳо 27+30 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15-21 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаҳои дуюми моҳ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона 21+28 ва рӯзона 38-43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад шабона 12+17 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз ҳудуди меъёри иқлимӣ дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18+25 дараҷа гарм ва дар ғарби вилоят 20+24 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар нимаи дуюми моҳ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона то 15+20 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи ҳаво 9+13 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаи дуюми моҳ ҳарорат баланд шуда, шабона 7+12 ва рӯзона то 20+25 дараҷа гарм хоҳад шуд. Боришот аз меъёри муқарарии иқлимӣ кам пешгӯӣ карда мешавад. Ба гуфтаи Шаҳло Раҷабова, дар ин моҳ бориш аз меъёри иқлимӣ кам дар назар аст. Асосан дар қисматҳои кӯҳӣ, доманакӯҳ ва баландкӯҳ боришот пешгӯӣ карда мешавад. Мувофиқи иттилои муттахассисони соҳаи тандурустӣ, гармии зиёд ба кӯдакон ва пиронсолоне, ки ба бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо мубтало мебошанд, таъсир мерасонад. Аз ин сабаб ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво ба сокинони мамлакат тавсия дода мешавад, ки зери шуои баланди Офтоб дуру дароз наистанд, зеро метавонанд гирифтори бемории гармозадагӣ шаванд. Инчунин дар ҳавои гарм зери шуои Офтоб зиёд истодан ба сӯхтани пӯсти бадани инсон, пайдоиши обилачаҳо ва дарди сару дилбеҳузурӣ оварда мерасонад. Ҳамчунин мутахассисон иброз медоранд, ки ҳарорати баланди ҳаво барои гирифторони бемории диабети қанд ва фишорбаландӣ мушкилӣ пеш меорад. Зеро дар ҳарорати баланд арақкунии бадан зиёд гардида, дар натиҷа консентратсияи қанди хун баланд мешавад. Аз ин рӯ аз аҳолии мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми баланд будани ҳарорати ҳаво бе зарурат дар берун сайругашт накунанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.