Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сергей Лавров: Дидгоҳи Россияву Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳимтарин яксон аст

Сергей Лавров: Дидгоҳи Россияву Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳимтарин яксон аст

7-06-2023, 11:53
Хабарро хонданд: 133 нафар
Назарҳо: 0
Сергей Лавров: Дидгоҳи Россияву Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳимтарин яксон аст
6 июн дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.
Вазирон дар қолабҳои маҳдуд ва васеъ ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва муҳоҷират муфассал баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни мулоқот ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва пурраи созишҳои дар сатҳи олӣ роҷеъ ба фаъолгардонии ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ҳосилшуда, бо тамаркуз ба ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ ва саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар доираи иқдом ҷиҳати тавсеаи робитаҳои башардӯстона, рафти иҷрои лоиҳаву барномаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ, тандурустӣ, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои илмӣ табодули афкор сурат гирифт.
Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии ҳарду кишвар ба масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавии мақомоти давлатии Россия ҷиҳати ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқими Россия мебошанд, бояд риоя гарданд.
Вазирон вобаста ба баҳогузории чолишу таҳдидҳои амниятӣ нисбат ба вазъи кунунии Афғонистон назари яксон изҳор намуданд.
Дар рафти мулоқот омодагии ҷонибҳо ҷиҳати дастгирии мутақобила дар самти пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистон ва Россия дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба таъйид гардид.
Пас аз анҷоми мулоқот вазирони корҳои хориҷии ҳарду кишвар дар назди намояндагони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ изҳороти муштарак доир намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин - вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки Федератсияи Россия шарики стратегӣ, бузургтарин шарики иқтисодии Тоҷикистон ва яке аз сармоягузорони калидӣ ба иқтисодиёти маҳаллӣ буда, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии мо, такя ба воқеияти имрӯза, бояд ба талаботи замони нав мувофиқат кунанд.
Ҳаҷми гардиши мол миёни кишварҳо рӯ ба афзоиш буда, назар ба ҳамин давлаи соли гузашта 18 дарсад зиёд шудааст,-изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров. Дар ин самт Комиссияи байниҳукуматӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти муштаракро ҳамоҳанг месозад,-илова кард ӯ.
Сергей Лавров ҳамчунин оид ба хатару таҳдидҳои муосир ва вазъи амниятии минтақа, аз ҷумла масъалаи доғи Афғонистон сухан ронда, зикр кард, ки Россия ҷонибдори рӯйи кор омадани ҳукумати ҳамашумул аст, ки бояд намояндагони ақвоми мухталифи Афғонистонро ба ҳам орад. Мавсуф қайд кард, ки дидгоҳи Россия ва Тоҷикистон дар масъалаи амниятӣ ва мубориза бо хавфу хатарҳои муосир тавъам буда, дар ин самт ҳамкориҳои густурда ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, азнавсозии Артиши Тоҷикистон, ба силоҳҳои муосир таъмин намудани он тибқи созишномаи баимзорасида дар ин самт аз ҷониби Россия идома дода хоҳад шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитариро баланд баҳогузорӣ намуданд:
-Мо дар Тоҷикистон оид ба нигоҳ доштаи фазои умумии иттилоотӣ-фарҳангӣ, ки дар он забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳои мухталифи маскуни кишвар нақши муҳим мебозад, кӯшиш ба харҷ хоҳем дод,-гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Дар ин бобат қайд карда шуд, ки охири моҳи июни соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ки барои густариши равобит дар ин самт нақши муҳим дорад. Сироҷиддин Муҳриддин иброз дошт, ки ҷониби Тоҷикистон дар баргузории ин чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи олӣ ҳамдастӣ хоҳад кард.
Дар анҷом қайд карда шуд, ки дар тамоми соҳаҳои калидӣ миёни кишварҳо зарфиятҳои зиёд ҳастанд, ки пайи роҳандозии онҳо бояд ҳамкориҳо густурдатар гардад, ки ба манфиати ҷонибҳост.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: