ЭҲЁИ ШАҲРИ НАВИ ПИШАНБЕ ЗАРУР АСТ Ё бунёди шаҳри истироҳатӣ дар домони кӯҳҳо22-05-2023, 09:34
Хабарро хонданд: 1524 нафар
Назарҳо: 0
Пешниҳоди хонанда Аз нигоҳи онки беҳтарин ибодат хушгумонист,мардуми мо аз қадим хушгумону хушназар,хушгуфтору хушрафтор ва накӯкору ободгар буданду имрӯз низ ҳамагуна хислатҳои беҳтарину арзандаашон реша дар умқи маънавиёти халқи заҳматкашу ободгари мо маъво дорад.Ҳамин хусусияту хислат ва андешаҳои дурбинонаи сиришки ботинию зоҳирияш ҷилои башардӯстона доштаи мардуми мо дар шахсияти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа ва саросари ҷаҳон маълуму машҳур гардид.Замони соҳибистиқлолӣбо даврони сарварии ин марди хираду заковат ва башардeсту раъиятпарвар рост омада,оғози фоли неки ин миллату давлатро бармалособит намуд.Дар муддати кутоҳи давраи соҳибистиқлоли, пайдарпай 5 ташаббуси наҷибу инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, ки худ гувоҳи равшани он аст,ки миллати тоҷик аз азал нияти неку хайрхоҳона ва беғаразонаю маърифатпарварона дошта,бо гуфтору кирдори худ на танҳо ғами Тоҷикистону тоҷикистониёнро мехӯрад, балки беҳбудию хушҳолиҳои мардуми тамоми ҷаҳонро мехоҳад. Неруи тавоною созандагӣ дар мамлакат фаровон буда, имрӯз собит гардид,ки иқтидори иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоии он шукуфоиву равнақи зиёду намунавиро дар пай дорад.Бо иқтисод ва имкониятҳои баъдиҷангӣ бунёд ва ба истифода додани роҳу шоҳроҳҳои тӯлонӣ,нақбу пулҳо,неругоҳҳои пуриқтидору корхонаҳои саноатӣ, мактабу кӯдакистонҳо ва номгӯи ҳазорон иншооти маданию маишӣ дар саросари ҷумҳурӣ гувоҳи возеҳи гуфтаҳои болост. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣҳамчун кишвари амну осоишта ва меҳмоннавозу саёҳатбоб шинохта шудааст.Таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба ин сарзамин,ки таърихи куҳан ва манзараҳои ҷолибу рангини зиёд дорад,рӯз аз рӯз афзун гардида,шубҳае нест,ки Тоҷикистон ҳам мисли дигар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳони муосир меҳмонони зиёди чорабинию мусобиқаҳои бузурги байналмилалиро қабул карда,чун мизбони уҳдабаро пайдарпай мусобиқаву чорабиниҳои байналмилалиро ба таври намунавӣ мегузаронад.Дар чунин маврид шумораи меҳмонону сайёҳони хориҷӣ даҳчанд афзуда,омодагию хизматрасониҳои меҳмонхонаҳои пойтахт ва ноҳияву шаҳрҳои атрофи он зарур мегардад. Бо дарназардошти ояндаи неку дурахшони Тоҷикистон чун кишвари сайёҳиву фароғати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар ташкилоту мақомоти дахлдорро зарур аст,ки бунёди чанд шаҳру шаҳракҳои муосирро дар водии Ҳисор бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ тарҳрезӣ ва бунёд намоянд.Яке аз ҳамин гуна шаҳрҳои намунавӣ метавонад шаҳри Пишанбе дар оғуши кӯҳистони Варзоб бошад. Дар таърих тоҷикон бономи Пишанбе дар водии Зарафшон, мисли Афросиёб шаҳрҳо бунёд карда буданд.Дар китобҳои «Бундаҳишн» ва «Авесто» ҳам мавзее бо номи Пишонса ва шаҳри Пишан зикр гардидаанд.Дар ҷамоати деҳоти Анзобиноҳияи Айнӣ, деҳае бо номи Пишанзе, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат деҳае бо номи Пишандоч ва дар Бадахшон низ деҳае бо номи Пишан арзи вуҷуд доранд.Дар китоби академик шодравон Раҳим Масов «Таджики: история с грифом совершенно секретно» (саҳифаи 60 сархати 4 чопи соли 1995 шаҳри Душанбе) иқтибосе аз китоби таърихнигори рус А.Д. Гребенкин оварда шудааст,ки мувофиқи нишондодҳои ин сарчашма «Тоҷикон халқи қадимтарину тамаддунофари Осиёи Марказӣ буда, фақат дар як водии Зарафшон 5 шаҳр, аз ҷумла Самарқанд,Ургут,Катақӯрғон,Панҷакент ва Пишанберо бунёд карда будаанд. Айни замон Пишанбе дуюмин деҳаи калонтариниҶамоати деҳоти Деҳмалики ноҳияи Варзоб буда,дар доманаи баландтарин қуллаи қаторкӯҳҳои Ҳисор - «Душоха» воқеъ аст вабузургтарин шохаи дарёчаҳои Варзоб аз самти Ҷамоати деҳоти Деҳмалик аз қалби қуллаи Душоха ва кӯҳҳои атрофи он равон асту Шинг ном дорад. Тавре аз сарчашмаҳои дигари таърихи маълум мегардад, Пишанбе дар замони гузашта шаҳр буду на дар ҷойи имрӯзаи деҳаи Пишанбе.Бо мурури замон ва бар асари ҳодисаҳои табиию таърихӣ ба мисли шаҳри Афросиёб аз байн рафтаву номашон дар таърих боқӣ мондааст.Тавре хонандагони ҳафтанома ва аксари мардуми шарифи Тоҷикистон медонандрасми ду марди дар муқоваи китоби академик Бобоҷон Fафуров «Тоҷикон» тасвиргардида,расми аслӣ ва бардошт аз як девори қасрҳои харобгардидаи шаҳри Афросиёб мебошад.Яъне, мардуми тамаддунофари мо дар тӯли таърихи мавҷудияти худ мавзею минтақаҳои зиёдеро обёрӣ намуда, инчунин шаҳрҳои зебою назарраборо ба мерос гузоштаанд. Агар Ҳукумати мамлакат, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар мақомоти дахлдор бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ба манзили зист таъмин намудани аҳолии рӯзафзуни шаҳри Душанбе ҳиммат карда, Пишанберо дар ҷуғрофияи нав эҳё намоянд, боз як саҳифаи пурифтихори таърихи миллат равшан гардида, мо миллати тамаддунофару шаҳрсоз будани худро собит месозем.Дар ҷуғрофияи нав дар қисмати шимолу шарқии деҳа, дар ду соҳили дарёчаи Шинг, ҳамвориҳои начандон калони домани кӯҳи «Душоха»,мавзеъҳои ҳамвории Толаи калон,Буни козаҳо,Авулxойҳо,Шӯкон,Косона ва Яғдневу Пули Панталоқ,ки аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ аз баҳр пасттар аз фароғатгоҳи Хоҷаобигарм мебошанд,макони мувофиқу зебандааст.Дар ҷойи нав бунёд намудани чунин як шаҳр ба ҷуз аҳамияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию сайёҳӣ инчунин; манфиатҳои зрин дорад: 1.Заминҳои киштбобу обии атрофи Душанбе,ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдатро дар ҳолати истифодаи аграрӣ нигоҳ медорад; 2.Шумораи рӯзафзуни аҳолии ба манзили зист эҳтиёҷдоштаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи онро аз ҳисоби биноҳои дар шаҳри Пишанбе биношаванда таъмин намудан; 3. Бунёди як маркази сайру саёҳат ва табобату истироҳат дар миёни ду мавзӯи мӯъҷизавии табиат; Хоҷаобигарм ва Сафеддара ва ба ин васила, ташкил ва ба истифода додани хатсайрҳои заминию ҳавоии Сафеддара – Пишанбе –Хоҷаобигарм; 4. Ҷойи гузаронидани маъракаю чорабиниҳои варзишию фарҳангии сатҳи баланд дар ҳамаи фаслҳо; 5. Ҷалб намудани сармояи хориҷию ватанӣ бобати бунёди корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, махсусан гулмоҳипарварӣ,гиёҳҳои шифобахш,коркарди сангҳои қиматбаҳои ороишӣ ва ғайраҳо; 6. Таъсис додани пойгоҳ ё худ қароргоҳи ҷамъияти шикорчиён, зеро дар муҳити ин ҷо аз замонҳои қадим ҳайвоноту парандаҳо, аз ҷумлаи бузи кӯҳӣ, кабк,мурғи ҳилол,каргас,бум,уқоб,бабри барфин, хирси малла, гург, рӯбоҳ,савсор, қашқалдоқ,сағур ва ғайраҳо зиндагӣ мекунанд. Бояд гуфт,ки мувофиқи маълумот ва тафсири баъзе сарчашмаҳои таърихӣ, маънои дигари Пишанбе шикоргоҳ мебошад; 7. Бо ҷойи кори доимӣ ва истироҳату фароғат таъмин намудани шаҳрвандон,ки яке аз мақсадҳои асосии Ҳукумати мамлакатмебошад. Бо боварии том гуфтанмумкин аст, ки дар ҳолати дар харитаи Тоҷикистон ва ноҳияи Варзоб пайдо шудани шаҳри нав бо номи Пишанбе нишони созандаю бунёдкорӣ,меҳнатқарину меҳанпараст ва башардӯсту ташаббускор будани миллати тоҷик бо сарварии Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.Зеро дар як муддати кутоҳ аз коми ҷанги даҳшатбори шаҳрвандӣ баровардани як миллату давлати нав ба истиқлолрасида кори саҳлуосонунабуд.Бо иқтисоди баъдиҷангӣ аз маркази Тоҷикистон то дурдасттарин ноҳияву минтақаҳои мамлакатро бо гулистону бӯстонҳои воқеӣ табдилдодаву аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пойтахти ин кишвари афсонавӣ Душанберо шаҳри Сулҳ унвон додан афсона набуда, натиҷаи шуҷоату қаҳрамонӣ, далерию созандагӣ, ғаюриву мушкилнописандӣ,матонату иродат ва фозилу саодатпарвар будани ин миллат дар симо ва шахсияти Пешвои он Эмомалӣ Раҳмон аст. Имомалӣ Табарӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.