Мулоқоти муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Федератсияи Россия9-05-2023, 12:25
Хабарро хонданд: 4598 нафар
Назарҳо: 2
Дар асоси дархости аъзои Бюрои Шурои олии Ҳизби умумироссиягии "Единая Россия", барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ, вохӯрии гурӯҳи кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар мулоқот гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор, Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим ва роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Мирзомуддинов Саидбек ширкат намуданд. Нахуст, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор зимни мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори Южная Ворота, ҳозиринро бо 78 солагии ғалаба бар фашизм табрик намуда, сипас аз далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуд. Зикр намуд, ки ҷоннисориву фидокориҳои халқҳои давлати шӯравӣ баҳри ба даст овардани ғалаба на танҳо дар фронт, балки дар ҷабҳаи меҳнат низ боиси таҳсину ифтихор аст. Ёдоварӣ намуд, ки беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ин ҷанги пурдаҳшат шуҷоату мардонагӣ нишон дода, зиёда аз 50 ҳазор нафари онҳо бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шуданд. Қариб 54 нафари онҳо соҳиби унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» ва 15 нафар сазовори ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» гардиданд. Ҳамзамон, мавсуф ёдовар шуд, ки ҳизби мо зодаи тафаккури Роҳбари хирадпешаи он аст, ки ҷавҳараш аз арзишҳои таърихӣ, миллӣ, фарҳангӣ ва орзую ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик сиришта шудааст. Фаъолияти ҳизб бо сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам буда, аз ин лиҳоз маҳбубияти он бо истеъдоди фитрии сарвараш иртиботи ногусастанӣ дорад. Дар идома қайд намуд, ки ҲХДТ дар як муддати кӯтоҳ тавонист ба як ташкилоти бонуфузи сиёсӣ, такягоҳи боэътимод, ҳизби ормонҳои миллӣ ва дорои сохтори муназзаму мураттаби ташкилӣ табдил ёбад. Маҳз ҳамин навомил сабаб шуд, ки аксари мардум ғояҳои сиёсию иҷтимоии онро дастгирӣ карданд. Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Холиқзода Абдураҳим зимни суҳбат аз санадҳои мушаххаси меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва қонунҳои миллии кишвар маълумот дода, бо суҳбати озод ва забони сода моҳияти дин, мазҳаб ва роҳҳои ҳалли баъзе нофаҳмиҳоро дар давлати миллӣ ба риштаи баррасӣ кашид. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар пояи ғояҳои дунявӣ, озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, гуногунандешии динӣ, таҳаммулпазирию эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо ва баробарии пайравони тамоми динҳо дар назди қонун амалӣ мешавад. Бо такя ба Консепсияи зикршуда, ишора гардид, ки раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии виҷдон боис гашт, то шаҳрвандон озодона ба дин рӯй оварда, барои пайравии амалӣ аз таълимоти динӣ ва анҷоми маросими динӣ имкони васеъ пайдо намоянд. ҲХДТ дар доираи самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии худ шакли давлатдории дунявиро ҳамчун низоми озмудаи давлатдорӣ эътироф намуда, густариши арзишҳои умумиинсониро аз самтҳои стратегии фаъолияти сиёсӣ ва мафкуравии худ мешуморад. Бояд ёдовар шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад. Муҳоҷирони меҳнатӣ зимни сӯҳбат фикру мулоҳиза ва дархосту пешниҳодҳои худро изҳор намуда, дар навбати худ роҳбарият баҳри густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва дастгирии онҳо супоришу роҳнамои мушаххас доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.