Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муаррифии зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Arabian Travel Market-2023 дар Дубай

Муаррифии зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Arabian Travel Market-2023 дар Дубай

4-05-2023, 15:05
Хабарро хонданд: 154 нафар
Назарҳо: 0
Муаррифии зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Arabian Travel Market-2023 дар ДубайМуаррифии зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Arabian Travel Market-2023 дар ДубайНамояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имконияти сайёҳии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Arabian Travel Market-2023, ки аз 1 то 4 май дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, муаррифӣ намуданд. Дар ин хусус Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Дар гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардид.
Муаррифии зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Arabian Travel Market-2023 дар Дубай
Маҳз дар партави сиёсати созанда ва «дарҳои кушод»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои бузурги байналмилалии сайёҳӣ мунтазам муаррифӣ менамоянд.
Бозори Arabian Travel Market (ATM) бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии дохилӣ ва берунӣ дар Ховари Миёна ба ҳисоб меравад. Ҳамасола ҳазорҳо маҳсулоти сайёҳӣ ба меҳмонон ва мутахассисони соҳа аз саросари ҷаҳон намоиш дода мешавад.

Иштироки ширкатҳои ватанӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи давлат, бахусус дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Arabian Travel Market яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барои васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои сайёҳии мамлакат бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: