Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДУШАНБЕ - ШАҲРИ ОБОДОН

ДУШАНБЕ - ШАҲРИ ОБОДОН

12-04-2023, 09:28
Хабарро хонданд: 316 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ - ШАҲРИ ОБОДОН

Имрӯзҳо сокинони кишварамон дар арафаи боз як рӯйдоди муҳим ҷашни бошукӯҳи Рӯзи пойтахт қарор доранд, ки албатта, ифтихору ҳисси ватандӯстии моро боз ҳам боло мебарад.

Вақте дар мавриди нақшу мавқеи пойтахтамон сухан меравад, бамаврид аст нахуст андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдрас шавем: “Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дошта бошад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо Ватан ва пойтахти он – шаҳри Душанбе ифтихор кунад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, созандаи ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳама тоҷикистониён мебошад”.
Воқеан, бо ифтихормандӣ бояд зикр намуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти сокинони пойтахт бешак давраи талошҳои ватандӯстонаву заҳмати созанда гардидааст.
Таҷлили Рӯзи пойтахт, дастоварду навгониҳои Душанбеи гул-гулшукуфонамон, пеш аз ҳама, аз баракату ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба шарофати сулҳу субот ва фароҳам гаштани фазои осоиштаву муҳити созандагӣ дар баробари кулли дигар минтақаҳои диёрамон пойтахт низ ба комёбиву дастовардҳо ноил гашт.
Тавре ҳамагон огоҳҳастем,Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шуруъ аз оғози роҳбарӣ сиёсати самароварро дар пойтахт ба роҳ монд, ки ҳадафи асосӣ ба ободкориву созандагӣ, навовариву ихтироъкорӣ, сохтану таъмини иншооту саодати мардуми шаҳрнишин нигаронида шудааст. Ҳамин аст, ки тавассути фаъолияти босамару заҳматҳои аҳлонаи сокинонаш пойтахт ба дастовардҳои беназир ноил гаштааст.
Имрӯз Душанбе як шаҳри афсонавию пурҷаззобро мемонад. Атрофи пойтахтро рудҳои пуроби Кофарниҳону Варзоб ва чашмаҳову обшорон фаро гирифтаанд. Кӯҳдоманҳои атрофи он ҳусни шаҳрро таровати дигар зам кардаанд. Дар пойтахт даҳҳо боғу гулгаштҳо бунёд гашта, зебу зиннати шаҳр гаштаанд: “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”, “Боғи ба номи устод Рӯдакӣ”, “Боғифарҳангию фароғатии Аҳмади Дониш”, “Боғи фарҳангию фароғатии Куруш Кабир” “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Алишер Навоӣ”, “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Восеъ” “Боғи Ҷавонӣ”, “Боғи Парчами миллӣ”, “Боғи Ирам”, “Боғи Наврӯзгоҳ” ҳар яке имрӯз пойтахтро ҳусну тароват мебахшанд. Бунёди гузаргоҳҳои замонавӣ ва аввалин эстакада дар маҳаллаи 82-юми пойтахт аз тадбирҳои дигари муҳими шаҳрдории пойтахт мебошанд, ки бо ҳидояту дастурҳои Пешвои миллат амалӣ гардиданд.
Мояи ифтихор аст, ки дар ҷараёни яке аз ҳамоишҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ, ки рӯзҳои 7-9-уми соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Чин доир гашт, пойтахти кишварамон ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (INCF) пазируфта шуд. Имрӯз Душанбе ҳамчун “Шаҳри сулҳ”, “Шаҳри сайёҳӣ”, “Шаҳри варзишгарон” эътироф гашта аъзои даҳгонаи шаҳрҳои бехатарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, макони баргузории ҷаласаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ пазируфта шудааст. Ҳамасола даҳҳо чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ, мусобиқаҳои варзишии сатҳи баланди минтақавию байналмилалӣ дар пойтахтамон доир мегарданд. Воқеан, дигаргуниҳои бузурге, ки дар соҳаи варзиш дар пойтахт ба амал омада истодаанд, бешубҳа, ҳар як сокини пойтахт, бахусус варзишгарону ҳаводорони варзишро илҳому неруи тоза зам менамояд.
Пойтахтро имрӯз метавон маркази гирдоварандаю муттаҳидсозандаи ҷавонони тамоми минтақаҳои кишвар ном бурд.
Ҷараёни босуръати корҳои ободонӣ, бунёди сохтмону роҳҳои замонавӣ, дар ин баробар корҳои сабзу хуррамгардонӣ, бунёди боғу гулгаштҳо ва садҳо иншооти гуногуни дигар бешак, ҳар як тоҷику тоҷикистониро хушнуду болидатабъ мегардонад, ки ҳадафи ин тадбирҳо фароҳам овардани шароитҳои боз ҳам беҳтар барои зиндагии сокинон аст.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мехоҳам ба ин навишта нуқтагузорем: “Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем...”
Муҳаммадмурод БОБОҶОНОВ, номзади илмҳои педагогӣ, декани факултети сайёҳии кӯҳии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов
ДУШАНБЕ - ШАҲРИ ОБОДОН

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: