Бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ҷавонон" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ҷавонон" шумораи зиёди соҳибкорони пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд.
Баъди ифтитоҳи маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомдодашудаи сохтмонӣ шинос шуданд.
Корҳои ободонӣ ва таъмиру барқарорсозии боғи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони пойтахт дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфтааст.
Президенти мамлакат зимни шиносоӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон, муаллифони тарҳи нав ва ҳамаи мутахассисону бинокороне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахтамон заҳмат кашида, онро ба як фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ табдил додаанд, баҳои баланд дода, аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос карданд.
Ин иқдоми ватандӯстона нишонаи эҳтиром ва самимияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста қадр кардани кулли ҷавонони кишвар амалӣ гардид.
Дар доираи корҳои таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла бинои маъмурӣ, "Картодром", қаҳвахонаҳои "Азия", "Австралия", обанборҳо ва айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра таъмир гардидааст.
Боғи фарҳангию фароғатии "Ҷавонон" аз ду даромадгоҳ, аз ҷумла асосӣ ва ҷанубӣ иборат аст. Ороиши даромадгоҳи боғ бо сутунпояҳои бошукӯҳу ороиши гулҳои мавсимӣ бунёд шудааст, ки таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ҷалб месозад.
Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани фароғати хуби ҷавонон дар баробари қаҳвахонаҳои бошукӯҳи хос, майдончаи футболи хурд, баскетбол, волейбол ва дар гӯшаи дигари боғ барои машқу тамрини сокинон, аз ҷумла ҷавонон ва наврасони пойтахт шароит муҳаё карда шудааст.
Иншооти мазкур дар масоҳати 130 ҳазору 170 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 116 нишастгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои кории кормандон, маҷлисгоҳ ва сайру сайёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо шароити фароғату дилхушии кӯдакони хуштолеи замони истиқлол дар боғ шинос шуданд.
Акнун Боғи фарҳангию фароғатии "Ҷавонон" ба як мавзеи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон табдил ёфт.
Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ воқеъ дар назди Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи пойтахт пули роҳи оҳанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур бо гузашти солҳо фарсуда шуда, ба таъмир ниёз пайдо карда буд.
Дар доираи навсозии пули мазкур дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ оро дода шуда, аломатҳои ороишии онро таҷҳизоти равшандиҳанда зиннати иловагӣ мебахшанд.
Корҳои сохтмонӣ дар қисмати поёнии пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд анҷом дода шудааст.
Дар доираи таъмири пули мазкур гирду атрофи он низ таъмир гардида, ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои иҷрогардида баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки дигар иншооти шаҳри Душанбе низ бояд мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозии муосир ва бо инобат гирифтани фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонии сокинони шаҳр амалӣ карда шаванд.
Ҳамчунин ба масъулон дастур дода шуд, ки ба корҳои созандагӣ аз ҷумла маъракаи ниҳолшинонӣ ва гулзоркуниро тақвият бахшида, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳри Душанбе тадбирҳои лозимаро бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда амалӣ намоянд.