Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » СОЯРӮШАНҲОИ САРНАВИШТИ ТОҶИКОНИ АФҒОНИСТОН

СОЯРӮШАНҲОИ САРНАВИШТИ ТОҶИКОНИ АФҒОНИСТОН

30-04-2023, 11:30
Хабарро хонданд: 7404 нафар
Назарҳо: 13
СОЯРӮШАНҲОИ САРНАВИШТИ  ТОҶИКОНИ АФҒОНИСТОН
Миллат ё ба қавли устод Айнӣ “қавми муаззами тоҷик”, агарчи таърихан дар Мовароуннаҳру Хуросон мардуми бумӣ ва соҳибватан буданд, аммо ҳоло дар ибтидои ҳазораи савум, ончунон ки муаллифи китоби “Таърихи тоҷикони ҷаҳон” Мансур Бобохонов менигорад, “шумори тоҷикон, ки дар кишварҳои гуногуни дунё зиндагӣ мекунанд, тақрибан ҳафт маротиба бештар аз миқдори тоҷиконест, ки дар Тоҷикистони кунунӣ арзи ҳастӣ доранд”.
Ҳамин тавр, агар ба ин ақидаи олими тоҷикшинос, ки солиёни дароз Маркази тоҷикони дунё ном муассисаеро дар Донишгоҳи миллӣ сарварӣ мекард, итминон дошта бошем, пас, шумори умумии тоҷикон дар саросари олам беш аз 70 миллион аст ва ин омор ба халқҳое хос аст, ки таърихи ниҳоят қадим ва ҷойгоҳе барҷаставу воло дар раванди таҳаввулоти башар доранд.
Тоҷикон аз қадим ва ҳоло низ дар сарзаминҳое чун Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон, Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Покистон хешро мардуми бумӣ медонистанд ва дар рушду инкишофи ин кишварҳо саҳми бештар нисбат ба дигар мардумон доштаанд.
Дар бораи ҷойгоҳ, урфу одат, ахлоқу фарҳанг ва тарзи ҳаёти тоҷикон дар сарзамини таърихии Мовароуннаҳру Хуросон на танҳо аллома Бобоҷон Ғафуров ва чанде олимони ватанӣ, аз қабили устод Айнӣ, А. Муҳиддинов, С. Ализода, Т. Зеҳнӣ, А. Сатторӣ, М. Шукурзода, З. Раҷабов, Н. Неъматов, М. Шакурӣ, А. Алиев, Ю. Яқубшоҳ, А. Холиқзода, Р. Масов, Ҳ. Шарифзода, балки бештар уламои хориҷӣ, аз қабили В. Бартолд, А. Куропаткин, В. Масалский, Е. Мейендорф, Н. Хаников, А. Семенов, Р. Фрай, А. Гребёнкин, А. Шишов, С. Нафисӣ, Э. Сиистонӣ ва дигарон асарҳои арзишманди пажуҳишӣ ба нашр расонидаанд.
Аз муаллифони баъдӣ китоби Ҳасанбой Шарифов “Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи ҷобаҷошавӣ ва вазъи ҳозира”, ки соли 1996 дар Хуҷанд нашр шудааст, аҳволи кунунии тоҷиконро дар кишварҳои Осиёи Миёна, Русия, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳинд, Чин, давлатҳои Аврупо ва Амрико бозгӯ мекунад. Дувумин маъхазе, ки вазъи тоҷикони бурунмарзиро шарҳ медиҳад, китоби М. Бобохонов “Таърихи тоҷикони ҷаҳон” аст, ки дар он масъалаву муаммоҳои тоҷикони 11 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистону Русия, Афғонистону Эрон ва Ҳинду Покистону Чин ва Исроил баррасӣ шудаанд. Ба ҷуз ин китобу рисолаҳо мақолоту гузоришҳои гуногунҳаҷм дар расонаҳо ва маохизи энсиклопедӣ дар масъалаи чӣ навъ будани вазъу ҳоли тоҷикон дар манотиқи гуногуни олам чоп шудаанд, ки гирдоварӣ ва дар як силсила ё донишномаи махсус нашр кардани онҳо аз проблемаи рақами яки худшиносии миллӣ ба шумор меравад.
Масъалаи тоҷикон дар Афғонистон, яъне ҷойгоҳ, мақому манзалат ва таърихи сукунати онҳо, чӣ нақш доштани тоҷикон дар рушди ин кишвар низ масъалаи бисёр муҳим дар илми тоҷикшиносист. Дар шарҳи ин масъала олими маъруфи афғонистоншиноси тоҷик, доктори илмҳои таърих Қ. Искандаров (ҳоло саркотиби илмии АМИ Тоҷикистон) китобу рисолаҳои махсус дорад. (Ниг.: Искандаров Қ. Афғонистон дар ибтидои қарни XXI. – Душанбе: Дониш, 2010. – 236 с.; Афганистан в период правительства национального единства. Политические процессы и проблемы безопасности. – Душанбе: Дониш, 2021. – 352 с.)
Рисолаи доктории олими тоҷик Р. Маҳмадшоев равандҳои қавмию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии тоҷиконро аз нимаи дувуми асри XVII то ибтидои садаи XX фаро гирифта, ба хеле суолоти муҳим дар боби саҳми тоҷикон дар рушди Афғонистон ва иқтисоду фарҳанги он посух медиҳад. (Ниг.: Махмадшоев Р.Р. Процессы этнополитического и социокультурного развития таджиков Афганистана (середина XVII - начало XX вв.): дисс…канд. ист. наук. по специальности 07.00.03. – М., 2011. – 348 с.).
Профессори зиндаёд, устоди ДМТ Х. Асозода низ се китоби алоҳида роҷеъ ба ҷараёни адабии Афғонистон дар давраи нав таълиф кардааст. (Ниг.: Асозода Х. Адабиёти садаи XX-и форсии тоҷикӣ. Китоби дувуми ҷилди 2. Адабиёти садаи садаи XX-и форсии дарии Афғонистон. – Душанбе: Сино, 185 с.; Адабиёти форсӣ ва се шохаи он. – Душанбе: Маориф, 1991. – 128 с.; Чеҳраҳо. – Душанбе: Адиб, 1996. – 208 с.).
Бо вуҷуди чунин миқдори таълифот то кунун суоли муҳим – тоҷикон то чӣ андоза дар Афғонистон зиндагии шоиста ва миёни қавму қабоили дигар то чӣ ҳадд манзалату ҷойгоҳ доранд, посухи қонеъкунанда надорад. Чунин ба назар мерасад, ки сарнавишти тоҷикон дар ин кишвари мудом дар ҳоли муноқишаву кашмакаш ҳам бо назардошти муносибот бо дигар миллату халқҳои маскуни ин сарзамин ва ҳам бо таъсири кишварҳои абарқудрат, ки ҳар яке манофеи геополитикии худро шуруъ аз ибтидои асри гузашта ҳимоят мекунад, яксон набуда, ҳамеша дар ҳоли мазлумият ва тобеият ба ақвоми дигар будааст.
Сарчашмаҳои гуногун арқоми гуногунро дар бораи шумораи тоҷикон пешниҳод мекунанд: аз 46 то 56 фоизи аҳолӣ. Беш аз нисфи аҳолии ин кишвар бо забони дарӣ (яъне забони тоҷикони ин мамлакат) гуфтугӯ мекунанд. То соли 1936 ин забон ягона забони расмии давлатӣ ва забони муоширати умумӣ будааст”. (Искандаров К. Таджикско-афганские отношения и перспективы их развития. // Центральная Азия и Кавказ. – 2008. - № 1 (55). – С. 145.).
Дар масъалаи истифодаи забони тоҷикии форсӣ, ки онро дар Афғонистон бо истилоҳи “дарӣ” низ мешиносанд, қариб ҳама манобеъ як назар доранд: 50 фоиз, яъне ними аҳолии ин кишвар бо забони тоҷикии форсӣ такаллум мекунанд ва дигар қабилаҳои туркнажод, аз қабили ҳазораҳо ва туркманҳо низ забони дариро баладанд. Тоҷикон аз қадим то кунун дар 15 вилояти Афғонистон, аз ҷумла дар Панҷшер (100 фоиз), дар Парвон (82 фоиз) дар Каписо (81 фоиз), дар Бадахшон (80 фоиз) ва дар Тахору Балх, Самангону Ҳирот, Куҳандизу Бодғис, Кобулу Бомиён аз 52 то 78 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд. Шаҳрҳои таърихии Балху Ҳирот ва Марв (ки ҳоло дар қаламрави Туркманистон аст) аз марказ ё ҳавзаҳои ташаккули илму фарҳанг ва адабиёти оламшумули форсии тоҷикӣ дар қуруни вусто буданд.
Адабиёти асри XV-и тоҷик, ки қуллаи рушди адаби бадеӣ ба шумор меояд, бо ному осори Абдурраҳмони Ҷомӣ пайванди узвӣ дорад, ки дар Ҳирот мезист. Фарзонафарзандони тоҷик, аз ҷумла Ғиёсуддин Муҳамммад (1163-1202), ки дар ин қаламрав салтанати Ғуриёнро таъсис дода буд, ки ҳудудаш аз Гургон то Банғола тӯл мекашид, Аҳмади Лоҳурӣ, меъморе, ки тарҳи Тоҷмаҳалро дар Аграи Ҳинд (яке аз ҳафт муъҷизаи олам) кашида буд, Тоҳири Бадахшӣ, ходими фаъоле, ки зидди паштунҳо ҳизби махсус – “Ситами миллӣ”-ро асос гузошт, Бурҳониддин Раббонӣ, профессор, раисҷумҳури Афғонистон дар солҳои 1992-2001, Аҳмадшоҳи Масъуд – шери Панҷшер, яке аз сарварони ҷунбиши муқовимати мардуми тоҷики Афғонистон, ки дар сарҷамъ кардану зидди ҳокимони мустабиди афғон мубориза карданаш билоқибат кушта шуд, Фаҳим Муҳаммад, Абдулҷамил Зарифӣ, Исмоилхон, Ғулом Дастгири Панҷшерӣ, Латифи Пидром ва чанде дигарон, ки дар сиёсат ва иҷтимоъи сарзамини Афғонистон фаъолияти пурсамар доштанд, ҳамагӣ аз қавми тоҷик ҳастанд ва бо мансубияташон ба ин миллат ифтихор доштанду доранд.
Яке аз авомили асосии ҳастии маънавии тоҷикон ҳамчун миллати мустақил дар сарзамини Хуросон, ки баъдан номи номафҳуми Афғонистонро гирифт, забони тоҷикии форсӣ ё дарӣ будааст. Ҳанӯз дар асри X олими ҷуғрофиёшинос Ал-Муқаддасӣ дар рисолааш таҳти унвони “Аҳсан-ут-тақсим фӣ маърифат-ил-ақолим” аз серистеъмол будани лаҳҷаҳои забони тоҷикии ҳамон айём – нишопуриву сиҷистонӣ, ҳиротиву балхӣ иттилоъ дода, навиштааст, ки “лаҳҷаи мардуми Балх аз беҳтарин лаҳҷаҳои дарист”. Дигар ҷуғрофиёшинос Стародуб дар асри III-и милодӣ низ маълумот дода, ки аксар эрониёни шарқӣ – хоразмиён, марғиён, тахориҳо, суғдиён, сакоиён бо як забон ҳарф мезананд ва ҷойи собит кардан ҳам нест, ки ин лаҳҷаҳо шохаҳои як дарахт – забони порсии тоҷикӣ буданд.
Таърих ҳамагӣ ду бор имкон фароҳам овард, ки тоҷикон сари ҳукумати кишвар биёянд. Яке Ҳабибуллоҳи Калаконӣ бо тахауллуси Бачаи Сақав ё Сақо ва дигаре Бурҳониддини Раббонӣ.
Ба сари ҳокимият омадани Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ба вазъи ноҳинҷор ва пуршиддати замони ҳукмронии Амонуллоҳхон (1919-1929) бастагӣ дошт. Ин подшоҳи мустабид, яъне Амонуллоҳхон, ҳамвора манофеи яке аз қабилаҳои афғон - паштунҳоро бо дигар қавму қабоил тарҷеҳ медод ва муҳоҷирати садҳо ҳазор оилаи паштунҳоро аз Ҳирот то Бадахшон таъмин кард. Дар вилоёти шимоли Афғонистон – Форёб, Сари Пул, Ҷузҷон ва Бағлону Қундуз, ба қавли олими афғонистоншинос Қ. Искандаров, “ба “анклавҳо” табдил шуда, баъдан ба пойгоҳҳои асосии толибон ва террористон мубаддал шуданд”. (Искандаров Қ. Тоҷикони Афғонистон дар раванди рақобатҳои қавмию сиёсии кишвар. // Паёми ДМТ. – 2017. - № 3 (6). – С. 13.).
Аммо як иқдоми Амонуллоҳхон дар соли 1923 иқдоми прогрессивӣ ба шумор мерафт. Ӯ бори аввал Низомномаи асосии давлати олии Афғонистонро қабул кард, ки тибқи он ҳамаи халқҳои ин кишвар сарфи назар аз қавму нажод ва дину мазҳаб назди қонун баробар ва озод эълон шуданд ва ғуломдорӣ бекор карда шуд. Аммо дар баробари ин иқдоми нек ҳукумат ҳаҷми молиётро се баробар афзун ва барилова андозҳои пулӣ ҷорӣ кард.
Руҳониёни мамлакат аз даромади заминҳои вақф ва ҷамъоварии андоз маҳрум шуданд. Ҳамин тавр, мавҷи норозигиҳо ба қиёми мардумӣ табдил ёфт ва аз ҳама бештар мардуми музофотҳои Шинвор ва Кӯҳистон ба шӯриш бархостанд. Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ин шӯришро роҳбарӣ кард ва ӯ моҳи январи соли 1929 ба Кобул ҳуҷум карда, худро шоҳи Афғонистон эълон намуд.
Ин ҳукумат ҳамагӣ 8 моҳ сари қудрат буд ва сипас бо иғвои сарварони қабоили паштун сарнагун карда шуд. Ҳарчанд Нодирхон, ки ҷилави ҳукуматро баъди Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ба даст гирифта буд, ба ӯ ваъдаи зинда мондан баъди таслимро дода буд ва ҳатто савгандашро дар ҳошияи Қуръон навишта, ба ӯ фиристод, бо вуҷуд, баъди таслими Ҳабибуллоҳ ӯ ва ҳамсафонашро бераҳмона кушт ва зиёда аз ин, ҳазорон асири тоҷики вилоёти Парвон ва Каписоро аз дами теғ гузаронид. Тамоми минтақаҳои тоҷикнишини шимоли Кобул ғорат ва мардум қатли ом карда шуданд. Ин саҳифаи сиёҳи таърихи Афғонистон аст, ки аз ҷониби саркардаҳои қабилаҳои паштун нисбат ба тоҷикон амри воқеъ шудааст.
Ба сари ҳукумат омадани як тоҷик (берун аз қабилаҳои паштун) боиси он шуд, ки дар Афғонистон кӯшиши ба як кишвари якқавмӣ табдил додани онро шуруъ карданд. Масалан, бо фармони Муҳаммад Зоҳиршоҳ “Дар бораи рушди забони пашту” ном санаде ба имзо расид, ки тибқи он мебоист доираи забони форсии тоҷикӣ ниҳоят маҳдуд карда мешуд. Аммо ин кор имкон надошт, чунки забони дафтардорӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва маорифу илму фарҳанг ҳамагӣ ба забони форсии кобулӣ (яъне дарии тоҷикӣ) буд ва дар ҳошия гузоштани ин забон, ки забони муоширати байни қавмҳои Афғонистон низ буд, маънои сардаргумӣ дар ҳокимиятро дошт.
Ниҳоят дар Қонуни асосии кишвар аз соли 1964 (дар моддаи 22-юми он) сабт шуд, ки забони расмии кишвар забонҳои пашту ва дарӣ мебошанд. Сухан ин ҷост, ки ба ҷуз тоҷикон ҳама халқияту ақвом сохтори қабилавӣ доранд ва дар чаҳорчӯби муқаррароти он пойбанданд. Тоҷикон ин гуна сохтор надоранд ва табиатан озодагуфтору озодманиш ҳастанд.
Паштунҳо, ки худро қавми давлатсоз ва идоракунандаи давлат мешуморанд, ончунон ки сарчашмаҳои муътамади таърихӣ гувоҳанд, танҳо дар асрҳои XI-XII ҳамчун халқи алоҳида ташаккул ёфтанд ва ватани асли онҳо доманакӯҳҳои Сулаймон ва қисматҳои шарқии Афғонистону Покистон будааст. Аммо таърихи сукунати тоҷикон дар ин минтақа асос ба давлати Сомониён ва давлати Ғуриён ва куртҳои Ҳиротро дорад.
Маротибаи дувум низ бахт ба рӯйи тоҷикон нахандид: Бурҳониддин Раббонӣ, ки муддати раҳбариаш солҳои 1992-2001 буд, ба фишори рӯзафзуни паштунҳо ва дигар қавмҳои ба онҳо содиқу вафодор, аз ҷумла толибон тоб наоварда, аз ҳукумат дур андохта шуд. Ҳатто баъди сарнагун шудани толибон аз ҷониби неруҳои байналмилалӣ бо сарварии ИМА роҷеъ ба масъалаи тақсими ҳокимият дар шаҳри Бонни Олмон конфронси махсус сурат гирифт ва бо вуҷуди афзалият доштани тоҷикон ва неруҳои Раббонӣ дар кишвардории Афғонистон, тоҷикон бо сарварии нухбагонашон – Муҳаммад Қосими Фаҳим, Юнус Қонунӣ, Абдулло Абдулло ҳеҷ кадоме ба ихтиёр гирифтани ҳукуматро нахостанд, зеро ба онон мақомҳои шоиста дар ҳукумати оянда ваъда дода буданд.
Ҳамин тавр, ду маротиба ба даст омадани ҳукумат дар Афғонистон барои тоҷикон ҷиҳати муттаҳид шуданашон дар як иттиҳодия ё ҷунбиши васеи мардумӣ сабақ нашуд ва ҳоло, ки зимоми давлатдорӣ дар дасти ҳукумати толибон аст, аҳволи ин мардуми бумӣ бадтар шудаасту беҳтар не.
Аҷиб аст, ки аввалин мардуме, ки муқими Хуросони таърихӣ буданд ва шаҳрнишину бозаргону боғдору деҳқон, яъне тоҷикон, натавонистанд ва имкон намеёбанд муттаҳид шуда, барои дифоъи ҳаққи хеш барои зиндагии шоиста дар баробари кӯчиён мубориза кунанд. Беҳуда аз Хуросони таърихӣ ёд накардем: ҳанӯз дар асри I-и то милод ин сарзамин Хуросон ном дошт ва вожаи “Афғонистон” танҳо дар асри XIX ба муомилот ворид шуд. Гардезӣ иттилоъ медиҳад, ки дар замони ҳукмронии Ардашери Сосонӣ (224-241 то милод) ба ҳайати Хуросон Марв, Балх, Тахористон, Ҳирот, Пушанг, Бодғис, Вароруд, яъне сарзаминҳои паҳновари шимолу шарқи Эрон, минтақаи миёни Ҳиндукуш ва Амударё, ҷануби Афғонистони кунунӣ бо шумули Систон дохил мешуд.
Анҷоми ташаккули миллати тоҷик маҳз дар аввалин давлатҳои тоҷикибунёд – Тоҳириён (819-873), Саффориён (861-900) ва Сомониён (892-1005) сурат гирифта буд. Ҳамин тавр, шубҳае нест, ки сарзамини ҳозираи Афғонистон, ки таърихан Хуросони шарқӣ аст, сарзамини таърихии миллати тоҷик будааст. Ҳатто дар замони таъсиси аввалин кишвари афғонӣ бо номи Дуррониҳо исми Хурсони шарқӣ пойбарҷо буд, вожаи “Афғонистон” бори нахуст дар санадҳои ҳуқуқӣ соли 1801 ва дар матни ҳуҷҷатҳои миёни шоҳи Афғонистон Шоҳшуҷоъ ва сафири Британияи Кабир М. Элфинстон соли 1809 ба кор бурда шуд.
Маҳз ҳамин Элфинстон (Маунтстюарт Элфинстон - 1779-1859), ки дар ду асари ҷуғрофиёӣ ва мардумшиносии худ – “Таърихи шоҳигарии Кобул аз даврони ташаккули давлати Дуррониҳо” ва “Бархе иттилоот роҷеъ ба қаламравҳои дури маъмурӣ” оид ба тоҷикон ва тарзи зиндагии онҳо, вазъи ҷуғрофии худудҳои тоҷикнишини Бадахшон, Қаротегин, Ҳисор, Кофарниҳон, Зарафшон, Самарқанду Бухоро ва ғайра оид ба тоҷикон иттилооти комил додааст.
Ҳамон тавре ки Элфинстон зикр мекунад, тоҷикон ҷойи муайяни зист надоштанд, дар тамоми Осиё, ҳатто дар Чин низ сукунат доштанд ва соҳибватан буданд. Дар Афғонистон вожаҳои “тоҷик” ва “форс” ҳаммаъно буданд ва гоҳо онҳоро бо вожаҳои “деҳгон” ё “сарт” низ ном мебурданд. (Ниг.: Элфинстон М. Общее сведение о народах Афганистана. Отчёт о королевстве Кабул. / Гузориши умумӣ аз мурдумони Афғонистон. Гузориши шоҳигарии Кобул. – Теҳрон, 2000.).
Арабҳо қисмати зиёди Эронзаминро забт карда бошанд ҳам, аммо вилоятҳои кӯҳсори Афғонистони кунунӣ тайи се садсола забтношуда боқӣ монд ва дар ин маконҳо асосан забони форсии тоҷикӣ ривоҷ дошт. Назар ба гуфтаи Элфинстон, тоҷикон халқи муқимӣ буда, асосан ба заминдорӣ ва ҳунармандӣ шуғл доштанд. То соли 1749 минтақаҳои Ғазна ва Кобул, Ҳирот ва Мазори Шариф пурра мавзеи сукунати тоҷикон будааст. Ба Аҳмадшоҳи Дурронӣ ду соли дароз лозим омад, ки бо зарби шамшер ин қавми сарбаландро ба ҳайати давлати худ дохил кунад.
Тавре ки дар боло зикр кардем, қавитарин далели он ки Афғонистонро бидуни тоҷикон тасаввур кардан номумкин аст, забони онҳо буд. Вақте ки Афғонистон дар давраи ҳукуматдории Аҳмадшоҳи Дурронӣ соли 1747 истиқлоли расмӣ ёфт, забони расмии давлат забони паштунӣ эълом нашуд, чунки тамоми асноди дафтардорӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ ё ба забони арабӣ буд, ё забони форсии тоҷикӣ. Аксаран ба забони тоҷикӣ, ки онро дар Афғонистон “дарӣ” ва “форсии кобулӣ” ҳам мегӯянд.
Назар ба қавли Х. Асозода (дар китобашон “Адабиёти форсӣ ва се шохаи он”), аксарияти адибони афғонистонӣ, агарчи аз қавмҳои ғайритоҷик – ӯзбеку ҳазора ва паштуну балуҷ ва ғайра бошанд ҳам, ба забони форсии тоҷикӣ эҷод кардаанд ва дар ҳолномаашон аз кадом қавм буданашонро нагуфтаанд. Ба фарзи мисол, Асадуллоҳи Ҳабиб, ки аз чеҳраҳои маъруфи адабу фарҳанги Афғонистон, мунаққид ва муҳаққиқи барҷастаи адабиёт аст, ҳамчунин нахустраиси Иттиҳодияи нависандагони ин кишвар ва раиси Донишгоҳи Кобул низ будааст, аз падари туркману модари пашту ба дунё омадааст. Ӯ бо маҷмуаи достону шеърҳои “Сапедандом”, “ Се муздур”, “Досҳо ва дастҳо”, “Хатти сурх” ва пажуҳишҳое, аз қабили “Дидор бо сапеда”, “Бедил – шоири замонаҳо”, “Адабиёти муосири дарӣ” ва “Вижагиҳои достонии “Шоҳнома” ва ғайра хеле машҳур аст.
Инак, ин адибу муҳаққиқ борҳо иқрор шуда, ки бо туркиву паштунӣ калимае нанавиштааст ва аз рӯзе, ки чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст, танҳо лафзи дариро шунидааст. Муҳаммад Акрами Усмон низ аз адибони шуҳратёри афғон аст, падараш аз қавми пашту ва модараш тоҷик будааст. Ӯ низ танҳо бо забони дарӣ эҷод карда, бо ҳамин забон маъруф шудааст. Карими Мисоқ аз қавми ҳазора аст, аммо забони эҷодаш тоҷикист.
Аммо Ҳошим Шоиқи Бухороӣ воқеан аз адибони тоҷики Бухоро буд, ки соли 1922 сафири Бухоро дар Кобул таъйин шуд. Ҳамчун сафир ба Афғонистон рафту дигар бо назардошти он ки дар Бухоро вазъи зиёиён хеле асафбор буд, Кобулро то ахири умр манзили зист ихтиёр кард. Ӯ писари Мухлис ном шоири бухороӣ буд ва тағои Пайрав Сулаймонӣ, шоири маъруфи нимаи аввали садаи гузаштаи тоҷик.
Ҳошим Шоиқ барои рушду равнақи маорифи Афғонистон хидматҳои бебаҳо кардааст. Дар бораи маҳорати шоирии ӯ Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам дар тазкираи “Тазкират-уш-шуаро” ва устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” ёд кардаанд. Масалан, устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” ду ғазали Ҳошим Шоиқро мисол овардааст, ки яке ин аст:

Шабнам набошад ин ҳама бо чашм тар, ки ман,
Гулшан куҷост ин ҳама хунинҷигар, ки ман.
Оинаам зи улфати ҷавҳар гирифт занг,
Ё Раб, касе мабод чунин муътабар, ки ман.
Аз панҷаи тахайюли хуршедоразе
Кай чок гашта ин ҳама ҷайби саҳар, ки ман.
Холаш, ки зулф дасти татовул кушуда беш,
Нодида кас мутаввал аз ин мухтасар, ки ман.
То дидаам ҷабину рухаш аз таҳи ниқоб,
Дар шаб касе наёфта шамсу қамар, ки ман.
Бар тӯтиёни Ҳинди сухан муждае расон,
К-аз моли табъ рехта Шоиқ шакар, ки ман.


Ва матлаъи ғазали дувум:

Ғунча дилтанг аст, то лаъли сухангӯйи ту дид,
Хотири гул ҳам парешон гашт, то рӯйи ту дид... (Айнӣ С. Намунаи адабиёти тоҷик. – Душанбе: Адиб, 2010. – С. 257.).

Баъдан, авлавияти забону адаби форсии тоҷикӣ ё дарии кобулиро ҳама адибон ва фарҳангиёни Афғонистон таъкид карда, аз он ҳимоят ҳам кардаанд. Масалан, шоир Муҳиби Бориш дар баҳси он ки сарзамини Афғонистонро набояд танҳо як қавм, яъне паштунҳо ҳукуматдорӣ кунанд, чунин хитоб карда:

Қабила чӣ бошад, ки шоҳӣ кунад,
Ба қудрат чу ояд, табоҳӣ кунад...

Ё дар хусуси нуфузу эътибори баланди забону фарҳанги дарии тоҷикӣ шоир Абдукарими Таманно чунин фармудааст: “Фарҳанги забони дарӣ дар Афғонистон, бешак, ҳоким аст. Бинобар ин, бародарони паштузабон, хусусан, табақаи босавод, забони дариро медонанд. Паштузабонон бештар забони дариро медонанд...”. (Асозода Х. Чеҳраҳо. – Душанбе: Адиб, 1996. – С. 43.).
Абдулаҳмади Ҷовид, академики Академияи улуми Афғонистон, саҳми тоҷиконро дар рушди на танҳо Афғонистон, балки умуми башар хеле боризу барҷаста дониста, иддао дорад, ки дар Афғонистон тоҷиконро бино ба миллати ободгару рӯшанфикр ва заҳматписанду молдору тоҷиру боғдор ва ёри қарини фарҳангу адаб буданашон гоҳо “аҳрор”, яъне озоданажод ва гоҳо “деҳгон” гуфтаанд.
Вожаи “деҳгон”-ро ӯ чунин шарҳ додааст: “Табақае аз аъён ва ашрофи ҷомин, ки илова бар макнати модӣ, ҳофизи сунан ва ривоёти миллӣ, сират ва сунани бостонӣ, ҳамосаҳо ва устураҳои паҳлавонӣ буданд ва Фирдавсӣ яке аз онон буд”. (Абдулаҳмаҳди Ҷовид. Сухане чанд дар бораи тоҷикҳо”. Дар маҷмуаи “Тоҷик, тоҷдор, тоҷвар”. – Душанбе: Адиб, 1990. – С. 104).
Ба қавли ин олим, ҳанӯз ҳам дар Афғонистон тоҷиконро паштузабонҳо “деҳгон” меноманд.
Олими дигари афғон, файласуф Абдулғиёси Навбаҳор низ дар васфи тоҷикон ва ишқи саршори онҳо ба кору заҳмат ва ободиву озодагӣ чунин фармудаанд: “Дар ҳар нуқтае, ки тоҷикон зист ихтиёр кунанд, онро обод менамоянд. Замини мурда ва хушкро эҳё намуда, сарсабз месозанд. Он ҷоро ба заминҳои зироатӣ, боғистон ва сабзазор мубаддал мегардонанд.
Дар куллияи нуқоти Афғонистон, дар маҳаллоте, ки тоҷикон зиндагӣ доранд, умуман маҳаллоти зироатӣ ва сарсабзу боғҳои пурмева ва ботароват ба чашм мехӯрад. Ин унсу ишқи табиии тоҷикон ба маҳалли буду бош ва зодгоҳашон сабаб шуда, ки аз ҷону дил дар ободии он арақрезӣ ва кору пайкор намоянд ва онро ба як маҳалли гуворо ва пурбор мубаддал созанд.
Ҳамон тавре ки тоҷикон манзилу маъвои собит барои зисти худ бармегузиданд, ҳамон тавр ишқу вафои собит ба меҳан ва зодгоҳи хеш доранд. Ин суботи пиндору кирдор дар замири тоҷикон саршор буда ва ишқу вафо ба ҳамин монанд тору пуди зиндагӣ дар андешаи тоҷикон ҷо дорад ва аз ҳамин лиҳоз аст, ки ҳатто дар ҳангоми фишорҳои ҷонкоҳи замон ҳам манзилу маъвои худро тарк накардаанд ва агар тарк ҳам карда бошанд, ба ин маънӣ набудааст, ки меҳру вафодории ватан аз дилҳояшон решакан гардида бошад, балки ҳамвора дар талош мебошанд, то ба ҳар қимате, ки бошад, ватанро аз хидмати худ ва худро аз меҳри ватан маҳрум насозанд...”. (Навбаҳор Абдулғиёс. Тоҷикони Афғонистон. // Дар маҷмуаи “Тоҷик, тоҷдор, тоҷвар”. – Душанбе: Адиб, 1990. – С. 111-112.)
Донишманди фарҳехтаи тоҷик, узви вобастаи АМИТ, равоншод Худоӣ Шарифзода дар китобашон “Сездаҳ мақола” аз он ёд кардаанд, ки баъди соли 1895, ки Дарвоз ду нима шуд (як нима дар ҳудуди Тоҷикистони шуравӣ монд ва нимаи дигар – дар Афғонистон) суханварони зиёде аз ин сӯйи Ому ба он ҷониб муҳоҷир шуданд ва дар рушди шеъри тоҷикӣ дар Афғонистон саҳми бориз гузоштанд. Бо ҳиммат ва кӯшиши тоҷиктабори афғонистонӣ Аҳмад Наҷиби Байзоӣ ду ҷилди “Суханварони дарвозӣ” дар Афғонистон нашр шуд, ки дар он аз рӯзгор ва ашъори 105 шоири ин минтақа сухан меравад.
Ҷилди дувуми ин маҷмуа аҳвол ва осори 66 шоири тоҷикро дар бар мегирад, ки асосан дар Афғонистон ба сар бурдаанд, аз ҷумла Исмоилбеки Ҳайрат, Қонеъ, Ҳолӣ, Муҳаммадакрами Акрам, Мавлавӣ Ҳиҷрии Хирад, Доъӣ, Мирзоғуломи Ҳиҷрат, Муҳаммадмуроди Рокиб, Мирзолиқо ва дигарон. Бо ибтикори ин марди фозил мунтахаби ашъори Ҳабои Дарвозӣ бо унвони “Авранги маъонӣ” (соли 1386 ҳ.), “Гузинаи ашъори Мир Абдулмуъминшоҳи Фитрати Дарвозӣ” (1387 ҳ.) ва “Гулчини ашъори Мир Авлиёҳусайн Мағмуми Дарвозӣ” (1386 ҳ.) дар Афғонистон ба чоп расидаанд. (Ниг.: Байзоӣ А. Суханварони дарвозӣ. Ҷилди аввал ва дувум. – Кобул, 1390 ҳ.ш.).
Мушкили асосии тоҷикони Афғонистон, бахусус адибону фарҳангиёнаш ин будааст, ки аз ошкоро гуфтани номи миллаташон тарсу ваҳме доштаанд. Дарк кардани ин мушкил душворие надорад: ҳам дар шароити пешин ва ҳам феълии Афғонистон тоҷикон аз ҷабру зулми қабоили дигар азиятҳо дидаанд, борҳо, ҳамон тавре ки дар боло ишора кардем, замину манзил ва дороиашонро зӯран кашида гирифтаанд ва барои роҳ ёфтан дар ҳукуматдорӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд.
Муҳаққиқи рус П. Алексеенков, ки масъалаҳои кишоварзиро дар Афғонистон таҳқиқ кардааст, аз он сухан мегӯяд, ки амири золиму мустабид Абдураҳмонхон (1880-1901) бо мақсади ба вуҷуд овардани такягоҳи устувор аз ҳисоби қабилаи паштун 50 ҳазор оилаҳои паштунро аз Қандаҳору Чорвилоят ба манотиқи тоҷикнишин – Андхуй, Келиф ва Мазори Шарифу Балх кӯчонда овард. (Алексеенков П. Аграрный вопрос в афганском Туркестане. – М., 1933. – С. 110.).
Ҳамон тавре ки Қ. Искандаров, муҳаққиқи масъалаҳои Афғонистон меорад, “дар охири асри XIX ва аввали асри XX мувофиқи нақшаҳои амир Абдураҳмонхон дар ҳудуди 100 ҳазор хонаводаи паштун аз ҷануб ва шарқи Афғонистон ба шимол бояд муҳоҷир карда мешуд. Ин дар ҳоле буд, ки дар ин минтақаҳо заминҳои бесоҳиб набуданд ва муҳоҷирин заминҳои тоҷикону ӯзбекҳоро тасарруф мекарданд”. (Искандаров Қ. Тоҷикони Афғонистон дар раванди рақобатҳои қавмию сиёсии кишвар. // Паёми ДМТ. – 2017. - № 3 (6). – С. 15.).
Ҷабри зиёде ба мардуми ҳазора ҳам расидааст, ончунонки Қ. Искандаров меорад, 62 фоизи мардуми ҳазора маҳз дар замони аморати ин амири бераҳм нобуд шудааст. Дар ҳамин давра, дақиқтараш соли 1882, Рӯшону Шуғнони Бадахшон низ зӯран ба аморати Абдураҳмонхон ворид карда шуд. Албатта, дар ин кор англисҳо ӯро дастгирӣ карда буданд.
Шояд натиҷаи чунин муносибати хушунатомез бошад, ки тоҷикон ҳатто аз ном гирифтани миллаташон тарс доштаанд. Зиндаёд Х. Асозода, ки солҳои дароз дар Афғонистон пайи хидмати тарҷумонӣ ва пажуҳиши адабиёти даризабони Афғонистон буд, аз нақли муҳаққиқи рус А.Д. Гребёнкин меорад, ки “агар аз ӯзбек пурсанд, ки кӣ ҳастӣ, мегӯяд “ман ӯзбек, қатаған”, аммо агар аз тоҷик пурсанд, бисёр кам мегӯяд, ки “ман тоҷик ҳастам”. Аксаран мегӯянд, ки “ман бухороӣ, тошкандӣ, хуҷандӣ ҳастам”.
Ин ҳама натиҷаи беадолатиҳо ва ситами миллӣ буд, ки ба тоҷикон раво медиданд ва беҳуда ҳам нест, ки яке аз фаъолони ҷамъияти тоҷикони Афғонистон Тоҳири Бадахшӣ (1933-1979) ҳизби худро “Ситами миллӣ” эълон карда буд...
Ва албатта, сабаби аслии дар инзиво мондани тоҷикон ҳамоно миллати фарҳангу китобу маориф будани ӯст: ҳама абарқудратҳое, ки харитаи Афғонистонро мекашиданд, ба ҳам омадани тоҷикони ду ҷониби Омуро хатар мепиндоштанд ва аз ин рӯ, аз ҳамгироиву ваҳдати ин миллати таърихан бузург ҳарос доштанд. Ҳамин буд, ки аввалин ҳукуматдории тоҷикон бо сарварии Бачаи Сақо ҳамагӣ 8 моҳ истодагӣ дошт ва барои сарнагун кардани он ҳам англисҳо ва ҳам русҳо саҳм гузоштанд.
Як сабаби ба ҳайси пойгоҳи мубориза зидди ҳукумати толибон напазируфтани тоҷикон боз ҳамин аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҳукумат ба онҳо интиқол ёбад, зеро тоҷикон таҷрибаи таърихии бунёди давлати адолатпарвар ва ҳамашумулро доранд ва дар як муддати кутоҳ метавонанд он таҷрибаро дар шароити нав ба кор бубаранд.
Агарчи тӯли беш аз ҳазор сол тоҷикон аз давлат маҳрум буданд, аммо ягон кишвари минтақа бидуни иштироки тоҷикон пойдор намондааст. Ба ҳайси мисол, фаъолияти Низомулмулки Тӯсиро меорем, ки давлати Салҷуқиёнро ҳам дар аҳди Алпарслон ва ҳам дар аҳди писараш Маликшоҳи Салҷуқӣ идора мекард. Дар ин хусус овардани нақли устод Айниро аз мақолаашон “Маънои калимаи тоҷик” судманд медонем:
“Боре Маликшоҳ аз писари Низомулмулк, ки шаҳнаи ӯро таҳқир карда буд, ранҷида, ба воситаи касони фиристода мерасонад, ки “агар дар мамлакат ту бо ман шарик бошӣ, ин гапи дигар, агар тобеъи ман бошӣ, чаро писари худро намеғундорӣ, ки аз ҳадди худ пой берун мемонад. Агар хоҳам, мефармоям, ки ҳамин соат давотро аз пеши ту бардоранд (яъне аз вазорат бекорат мекунам).
Низомулмулк дар посух гуфтааст, ки “давлати тоҷи ту ба давоти ман вобаста аст, ҳар гоҳ вазорати маро бигирӣ, тоҷи туро бардоранд”. (Айнӣ С. Маънои калимаи тоҷик // Садои Шарқ. – 1988. - № 8. – С. 36.).
Ин далел аз устод Айнӣ барои собит кардани андешаи зер оварда шуд: дар кишваре чун Афғонистон, ки тоҷикон мардуми бумии он, халқи таҳҷойӣ ва бунёдкори онанд, намешавад давлате воҳид бе иштирок ва саҳми онҳо сохта шавад. Мисли он ки намешавад биноеро бидуни таҳкурсӣ бисозанд...
Ҳафиз РАҲМОН,
адабиётшинос ва публитсист,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (13)
Deanna 21 апреля 2023 08:06
I do not know whether it's just me or if perhaps everyone else encountering issues with
your site. It looks like some of the text in your content
are running off the screen. Can someone else
please provide feedback and let me know if this is happening
to them too? This may be a problem with my browser because
I've had this happen before. Kudos

Feel free to surf to my web-site - slot bonus 100
Цитировать          1
Dianne 6 мая 2023 22:40
Appreciate this post. Let me try it out.

Have a look at my webpage - svv388
Цитировать          2
Selma 15 июня 2023 22:11
hillsdale suramin, melarsoprol, eflornithine, and nifurtimox relayed eflornithine cream vaniqa - eflornithine
hcl cream amazon what is eflornithine do for
sleeping sickness
rupigam vaniqa coupons costco
Цитировать          3
Odette 7 июня 2024 17:43
I visited several blogs however the audio feature for audio songs current at this web page is genuinely fabulous.


my web page louis vuitton outlet
Цитировать          4
Claribel 7 июня 2024 20:34
I do not know if it's just me or if everybody else encountering issues with your website.

It looks like some of the text within your content are running
off the screen. Can someone else please comment
and let me know if this is happening to them as well?
This could be a problem with my web browser because I've had this happen before.
Kudos

My homepage :: vibrators
Цитировать          5
Philipp 7 июня 2024 20:46
Hey! I could have sworn I've been to this website before
but after checking through some of the post I realized it's new to me.
Nonetheless, I'm definitely happy I found it and
I'll be bookmarking and checking back often!

Feel free to visit my website; fake designer bags
Цитировать          6
Thao 8 июня 2024 00:08
Thank you for sharing your info. I truly appreciate your efforts and I will be waiting
for your further post thanks once again.

Review my website Dorthy
Цитировать          7
Jeannine 8 июня 2024 00:22
I got this web page from my friend who told me concerning this
website and now this time I am browsing this web site and reading very informative
articles or reviews here.

Stop by my web blog: Josefina
Цитировать          8
Anke 8 июня 2024 01:14
Howdy! I'm at work surfing around your blog from my new iphone 4!
Just wanted to say I love reading your blog and look forward to
all your posts! Carry on the superb work!

Look into my web site; animal dildo
Цитировать          9
Brigitte 8 июня 2024 07:57
Excellent goods from you, man. I have understand
your stuff previous to and you are just extremely excellent.
I actually like what you've acquired here, certainly like what you're
saying and the way in which you say it. You make it enjoyable and you still care for to keep it wise.
I cant wait to read much more from you. This is actually a wonderful website.


Take a look at my blog Crystle
Цитировать          10
Irma 27 сентября 2024 06:06
fake bags hj569,replica bags,
luxurytastic pg257
Цитировать          11
Isidra 24 октября 2024 11:13
Replica Sneakers for women vq976
Replica Sneakers
for women
,fake jordans ni081
Цитировать          12
Aimee 26 октября 2024 12:07
Replica Sneakers for women ak981
replica shoes,
discountshoesmart aa602
Цитировать          13
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: