Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ШАЙДОН

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ШАЙДОН

5-01-2023, 12:04
Хабарро хонданд: 643 нафар
Назарҳо: 0
ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ШАЙДОН
Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт гурӯҳи тарғиботӣ мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо фаъолон вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар гурӯҳи тарғиботӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ, раиси Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов, собиқадори меҳнат Нодирҷон Солиҷонов шомил буда, дар ҷараёни он нуктаҳои асосии Паёми роҳбари давлат шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, муовини раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ходимони тиббу маориф ва дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, зикр дошт, ки дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро дар соли 2022 пурра мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.
Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар ҳамчун дастури раҳнамо ва муайянкунандаи сиёсати дохиливу хориҷӣ хидмат намуда, дар расидан ба дастовардҳои меҳнатӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Дар Паёми Роҳбари давлат зикр гардид, ки новобаста аз вазнин омадани сол ва ноустувор будани фазо дар ҷаҳон Тоҷикистон дастовардҳои зиёде соҳиб гашт.
Давоми соли 2022 бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ 190 ҳазор ҷойҳои кор таъсис дода шуд. Бо мақсади таъмини хонандагон бо биноҳои таълимӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Соли 1991 агар дар ҳудуди кишвар 1 миллиону 300 ҳазор нафар хонанда ба қайд гирифта шуда бошад, ин шумора дар соли 2022 ба 2 миллиону 300 ҳазор нафар расид. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар сол на кам аз 200 биноҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шаванд.
Дар идома роҳбари ноҳия ишора намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар ҳудуди ноҳияи Ашт беш аз 50 синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии соҳибкорон ва тариқи ҳашар бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт. Баъдан, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ вобаста ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон ба иштирокдорон ба таври фишурда андешаронӣ намуд:
"Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар соли 2023 тамоми намуди пардохтҳо ба таври электронӣ амалӣ карда шавад. Ин раванд имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонӣ боло бурда, пардохти маблағ аз ҷониби сокинон ба таври комилан осон амалӣ карда шавад».
Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки «Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт».
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба нуктаҳои асосии Паём раиси Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Азимов Абдумавлон ва собиқадори меҳнат Солиҷонов Нодирҷон ба ҳозирин маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд. Зимни баромади иштирокдорон гуфта шуд, ки
Роҳбари давлат дар Паёми худ баён намуданд, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ва хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ 25 фоиз зиёд шавад.
Аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, стипендияҳо, нафақаҳо 20 дарсад баланд бардошта мешавад.
Ҷалолиддини Балхӣ:
ПАЁМ-РОҲ БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Тибқи Нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳия мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардида истодаанд. Бо ин мақсад дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бозори Баҳор” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия Зафар Алиев вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.
Мавсуф зимни суҳбат иброз доштанд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23-юми декабри соли 2022 аз лиҳози моҳият ва мазмуни баланд фарогири масоили сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, онро барҳақ, илҳомбахши фаъолияти минбаъда номидан мумкин аст. Дар Паёми навбатӣ Президенти кишвар ҳадафҳои асосии давлатро барои соли 2023 ва дурнаморо барои солҳои оянда, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ равона карда шудааст, возеҳу равшан баён намудаанд.
Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Қайд карда шуд, ки музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.”
Ин нишондод аз ғамхориҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон масъалаҳои баланд бардоштани мақоми занон ва бонувон дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, ба касбу ҳунар ҷалб намудани ҷавонон низ мавриди таъкиди хоси Роҳбари давлат қарор гирифтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: