Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Роҳпаймоии ҳизбӣ ба ифтихори ташаббуси панҷуми Пешвои миллат

Роҳпаймоии ҳизбӣ ба ифтихори ташаббуси панҷуми Пешвои миллат

26-12-2022, 13:43
Хабарро хонданд: 638 нафар
Назарҳо: 0
Роҳпаймоии ҳизбӣ ба ифтихори ташаббуси панҷуми Пешвои миллат

20-уми декабри соли равон дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар дар ҳошияи рӯйдоди муҳими таърихӣ, ки «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидааст, бо иштироки аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" роҳпаймоӣ ва ҳамоиши ҳизбӣ доир гардид.
Боиси зикр аст, ки чаҳор ташаббуси қаблии байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла; 1). Эълон гардидани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза», 2). Солҳои 2005-2015 Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», 3). Эълон шудани соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», 4). Солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуданд.
Инак, Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси панҷуми Сарвари давлати моро дар соҳаи об бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ намуд, ки аз ин эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло хоҳад рафт.
Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, санаи 14-уми декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Ин хабари хуш мояи сарфарозӣ ва ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумлаи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҷеъ ба муқаррар намудани яке аз рӯзҳо ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ташаббус нишон дода шуда буд, аз ҷониби СММ бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон санаи 21 –уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шудааст.
Лозим ба зикр аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод карда буданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд.
Ҳамоиши онрӯза ба муносибати қабули қатъномаи саривақтии Маҷмаи Умумии СММ дар самти обу иқлим аст, ки бо ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон амалӣ мегардад, бо ибтикори фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон - Қиёмиддин Миралиён, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон” Билоли Ҳикматулло оид ба нақши ташаббусҳои Пешвои муазазми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ, ҷонибдорӣ ва ифтихору сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон аз иқдомҳои ояндасози Роҳбари давлат ибрози андеша намуданд.
«МХ»

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: