Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Саҳми вакилони Ҳисор дар Иҷлосияи 16-ум ва таърихи навини Тоҷикистон

Саҳми вакилони Ҳисор дар Иҷлосияи 16-ум ва таърихи навини Тоҷикистон

22-11-2022, 13:58
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.
Саҳми вакилони Ҳисор дар иҷлосия хеле бузург аст. Чуноне дар суҳбат вакили мардумӣ аз ноҳияи (ҳоло шаҳри) Ҳисор, ҳавзаи интихоботии Хонақоҳ № 47 Абдувоҳид Мирзоев қайд намуд: «Дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ман пешниҳод намудам ва аз ин ифтихор дорам.
Аввалан ман мегӯям, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро тамоми мардуми ҷумҳурӣ то саршавии иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ низ хеле хуб медонистанд. Зеро, ин шахси соҳибдилу меҳанпараст нисбат ба ягон масъалаи ҷиддии алоқаманди рӯзгори мардум бетафовут буда наметавонист. Ҳамеша даст боло мекард ва сухани худро мегуфт. Ӯ аз рӯзҳои аввали намояндаи мардум дар Шурои Олӣ шудан ҳар як мушкилии мардумро чун мушкилии хеш қабул мекард ва дар пайи ҳалли он буд. Бо ифтихор мегӯям, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.
Аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Абдуразоқов Абдуманнон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Чузӣ №54-и ноҳияи Ҳисор оид ба иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз медорад:
«-Ёд дорам дар истгоҳи шакли нимкурра доштаи гардишгоҳи Шоҳамбарӣ масъалаи даъвати иҷлосияи Шурои Олӣ маҳз аз ҷониби Ҷамолиддин Мансуров ва гурӯҳи вакилони мардумӣ аз водии Ҳисор ба миён омад ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси Шурои Олии онвақта Акбаршо Искандаров ин таклифро дастгирӣ кард. Рӯз, вақт ва макони гузаронидани он ҳам дар ҳамин ҷо тарҳрезӣ шуда буд.
Доир ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон танҳо як нуқтаро қайд карданиам, ки аз лаҳзаҳои аввали оѓози фаъолияти худ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ дар назди худ ва дигарон масъала гузошт, ки аввал мо бояд ба ҷанги бародаркуш хотима бахшем, сохторҳои давлатиро ба кор дарорем. Ин назари Сарвари давлат ягон нафар иштироккунандаи Иҷлосияро бетараф нагузошт. Аз тарафи дигар, ба ҷасорату ҷавонмардии ин шахс аҳсан гуфтан лозим аст, зеро мероси ба ин ҷавонмарди сарсупурдаи миллат расида, мамлакати бар асари ҷанги шаҳрвадӣ харобгашта, иқтисодиёти фарсуда, сохторҳои давлатии фалаҷгашта ва мардуми дар мамлакатҳои ҳамсоя ѓарибу бенавошуда буд. Аҳсан ба ин марди наҷиб гуфтан лозим аст, ки аз чунин вазъият мамлакатро ба як кишвари амнтарини сайёра мубаддал гардонд.
Саҳми вакилони мардуми аз ноҳияи Ҳисор дар таърихи навини Тоҷикистон ниҳоят бузург аст, ки ин аз мадди назари таърих дур намемонад.
Дар хазинаҳои Филиали Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор маводҳо оид ба фаъолияти Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни он гирд оварда шудааст. Ҳар як мавод, ҳар ишораву нуқта дар ҳуҷҷати ба ин воқеаи таърихӣ вобаста дар ин ҷо таҳти Хазинаи бойгонии № 403 «Вакилони иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нигоҳдорӣ мешавад.

Назокат Олимзода,
бойгоншиноси филиали Бойгонии
Марказии давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: