Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Раёсати Форуми ҳамкории амниятии САҲА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд

Раёсати Форуми ҳамкории амниятии САҲА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд

12-04-2019, 09:29
Хабарро хонданд: 169475 нафар
Назарҳо: 52060
Раёсати Форуми ҳамкории амниятии САҲА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудДар қасри Хофбург, қароргоҳи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена 10 апрел иҷлосияи хотимавии раёсати Швейтсария дар Форуми ҳамкории амниятии САҲА (ФҲА) баргузор гардид, ки зимни он маросими таҳвили раёсати Форуми мазкур аз Швейтсария ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Намояндаи доимии Швейтсария дар САҲА Клод Вилд дар фазои тантанавӣ рамзҳои раиси ФҲА-ро ба Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА Идибек Қаландар супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар суханронии худ бо ишора ба сатҳи баланди мудирияти иҷлосияҳо ва бархурди созанда ва шаффофи Швейтсария дар Форум таъкид кард, ки ҷониби мо низ ин равишро дар давраи раёсаташ ҳифз хоҳад кард.

Зимни муаррифии муҳтавои барномаи раёсати Тоҷикистон дар ФҲА барои чор моҳи оянда Намояндаи доимии кишвар изҳор дошт, ки раёсати Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби бештари таваҷҷуҳи кишварҳои ширкаткунандаи САҲА ба масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин зарурати таҳкими ҳамкорӣ миёни САҲА ва созмонҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ талош хоҳад кард. Дар баробари ин, тайи ин давра баррасии мавзӯъҳои маъмулии FSC, аз ҷумла чораҳои таҳкими амният, мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон (SALW) ва силоҳи муқаррарӣ (SCA), баррасии раванди татбиқи муқаррароти қатъномаҳои 1540 ва 1325-и Шӯрои амнияти СММ идома хоҳанд ёфт.

Тазаккур дода шуд, ки дар доираи барномаи раёсати кишвар як ҷаласаи муштараки FSC ва Шӯрои доимии САҲА оид ба муколамаи сохторӣ (structured dialogue) баргузор хоҳад гардид. Зимни он Тоҷикистон таваҷҷуҳи кишварҳои САҲА-ро ба зарурати андешидани тадбирҳои муштарак бар зидди падидаҳои терроризму экстремизми хушунатомез дар паҳнои САҲА ҷалб хоҳад кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати кишвар бори аввал аст, ки раёсати ФҲА-ро, ки яке аз ду ниҳоди тасмимгирандаи САҲА ба шумор рафта, шурӯъ аз соли 1992 ба таври доимӣ фаъолият менамояд, ба уҳда мегирад. Форум барои 57 кишвари ширкаткунандаи САҲА минбари мусоидеро ҷиҳати баррасии мушкилоту чолишҳои рӯзмарраи амниятӣ фароҳам овардааст.

Раёсати Тоҷикистон дар ФҲА моҳҳои май-августи соли равонро фаро хоҳад гирифт. Иҷлосияи ифтитоҳии Форум зери раёсати Тоҷикистон аввали моҳи майи соли 2019 дар қасри Хофбурги шаҳри Вена ба нақша гирифта шудааст.
Раёсати Форуми ҳамкории амниятии САҲА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (52060)
Mariana 30 мая 2026 18:30
Порно доступны на различных сайтах для взрослых в развлекательных целях.
Всегда выбирайте безопасные платформы для защищенного опыта.


Take a look at my blog BUY XANAX WITHOUT PRESCRITION
Цитировать          11911
Dorothea 5 июня 2026 19:04
Контент для взрослых доступен через надежные и проверенные
веб-сайты. Изучите надежные
источники для получения качественного
контента.

My web-site купить ксанакс без рецепта
Цитировать          11912
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: