Паём – дастури созанда1-02-2019, 09:36
Хабарро хонданд: 3146 нафар
Назарҳо: 81
Дар ташкилоти ибтидоии «Шифокор» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам муҳимтарин нуктаҳои Паёмро шарҳ дод. Таъкид гардид, ки Паём дастури созанда буда, татбиқи босамари он ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин мекунад. Дастовардҳои замони Истиқлолият, аз ҷониби СММ пазируфта шудани ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба масоили об, ба истифода додани чархаи аввалини Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», барқарор гардидани муносибатҳои ҳамкориву дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои ифротӣ дар ин мулоқот баррасӣ шуданд. Ба кормандони ТИ «Шифокор», ки ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.