Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе25-07-2019, 15:16
Хабарро хонданд: 8906 нафар
Назарҳо: 114
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал аз 8 то 10 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон - 2019” баргузор мегардад. Дар кори Форум ва Намоишгоҳ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои соҳавии кишварҳои ҳамшарик, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва коршиносони дохилию байналмилалӣ ширкат меварзанд. Ҳадафҳои Форум ва Намоишгоҳ муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, ба имзорасонии созишномаҳо ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа мебошад. Дар доираи Форум Намоишгоҳи имкониятҳои сайёҳӣ ва армуғонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷ дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Куруши Кабир” - и шаҳри Душанбе доир мешавад. Макони намоишгоҳ бо усулҳои хоси миллӣ ва муосирро дода шуда, қабл аз як моҳ иштироккунандагон дархостҳои худро барои ташкили гӯша пешниҳод намуда буданд. Дар доираи намоишгоҳ фурӯши озоди бастаҳои сайёҳӣ, армуғонҳои сайёҳӣ ва барои гуфтушунидҳои тарафайн шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки чорабинии мазкур ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шуда, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии табобатию экологӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, арзёбии сафар ва саёҳат ба Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин таҳким ва ба нақшагирии ҳамкориҳои муштарак байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ имконияти васеъ фароҳам меорад. Ҳамчунин, барои иштирокчиёни Форум ва Намоишгоҳи байналмилалӣ инфо-тур аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Намояндаи Кумитаи сайҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қайд кард, ки баргузории ин Форум ба рушди босуръати сайёҳӣ дар кишвар кумак хоҳад намуд ва ҳамчун бренди сайёҳӣ дар солҳои минбаъда ба ҳукми анъана медарояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки таваҷҷуҳи сармоягузорон ва ширкатҳои байналмилалии марбута дар бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. -Натиҷаҳо нишон доданд, ки ин гуна форумҳо табодули таҷрибаро дар бахши сайёҳӣ бештар намуда, ҳамзамон имкониятҳои сармоягузориро муаррифӣ месозанд, доираи ҳамкориҳоро бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои марбутаи байналмилалӣ тавсеа мебахшад, -афзуд мавсуф. Иттилоъ дода шуд, ки тибқи натиҷаҳои соли 2018 Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар шашмоҳи соли 2019 бошад ба ҷумҳурӣ 604144 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ворид гардидаанд, ки аз ин нишондод 550325 нафарашон ҳамчун сайёҳ арзёбӣ мегардад ва ин шумора нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда наздики 25% зиёд аст. «МХ» |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.