Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оид ба нахустин муассиси давлати миллӣ Абумуслими Хуросонӣ дар асри VIII

Оид ба нахустин муассиси давлати миллӣ Абумуслими Хуросонӣ дар асри VIII

2-11-2023, 10:33
Хабарро хонданд: 6825 нафар
Назарҳо: 68
Оид ба нахустин муассиси давлати миллӣ Абумуслими Хуросонӣ дар асри VIII

Тамаддуни тоҷикон ҳамчун шохаи бузург ва нахустунсури маънавиёти ҷаҳонӣ нақши давлатсозӣ ва фарҳангофариро дар Хуросони таърихӣ ва Мовароуннаҳр бар дӯш дошта, бо мурури замон бо сайқал ёфтани ҷанбаҳои тамаддунӣ нишонаи соҳибмаърифатӣ, ҳушмандӣ, фарҳехтагӣ ва донишмандии дорандагони онро таҷассум намудааст. Соҳибони ин маданияти куҳанбунёд ва тамаддунофар, ба қавли Ҳофизи бузург, чун «булбул ба шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ, мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ» рисолат ва ҷавҳари биниши оянданигариро ба дигарон манзур медоштанд, то ки ҷаҳли мураккаби афкорӣ ва таассуби камёфти рафторӣ бар ақлҳо мусаллат нагардад.
Ин ғановатмандии нодири фарҳангӣ аз сӯйи касеву низоме қарнҳо зери шубҳа қарор нагирифтааст ва онро дар имтидоди таърих ба забони ҳол нухбагони миллатҳои гуногун ҳам, ки дағдағаи давлатдорӣ доштанд, эътироф кардаанд ва дар қалбашон парвариданд.
Садри аъзами Ҳинд Нарендра Моди ахири декабри соли 2015 дар ифтитоҳи Шурои миллии Афғонистон изҳор доштааст: “Ҳашт қарн пеш, як фарзанди маъруфи Балх, аз бузургтарин шоирони таърихи инсонӣ Ҷалолиддини Балхии Румӣ гуфта буд, ки “қудрати каломатро боло бибар, на садоятро! Ин борон аст, ки боиси рушди гулҳо мешавад, на раъду барқ. Ин нишондиҳандаи фарзонагӣ ва ҳикмати ин сарзамини бошукӯҳ ва миллати бузург аст. Сарзамине ки дар он нобиғаҳои арсаи шеър ва зебоӣ, далериву бузургӣ ва сарбаландӣ ва гӯшодадастиро дар ҷаҳон гузошта”.
Посдории ҳофизаи таърихии миллӣ ва шахсиятҳои миллӣ, ки дар рушди давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ саҳми босазо гузоштаанд, барои таҳкими пояҳои маънавиёти миллӣ, сазовор муаррифӣ намудани дастовардҳои тамаддунӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ниҳоятан муҳим арзёбӣ карда мешавад.
Дар ҳолати кунунӣ, ки на танҳо аз сӯйи доираҳои илмии хориҷӣ бо ҳуҷумҳои ҳадафмандона хостгоҳи тоҷиконро инкор мекунанд, шахсиятҳои шинохтаро бо таърихсозии ҷаълӣ азхуд медонанд, бар мавҷудияти халқи таҳҷоӣ латма ворид месозанд, боз ҳам кӯшишҳои пуррӯёна барои рад намудани дастовардҳои таърихӣ ба мушоҳида мерасад.
Аз ин рӯ, бознигарии ҳодиса ва ҷойгоҳи шахсиятҳои таърихӣ ва ба хонанда бозгӯйӣ кардани фидокории онҳо дар ростои таъсиси нахустин давлати миллӣ, бозтоби густариши пойгоҳи забони тоҷикӣ-форсӣ дар қаламрави Хуросон ва Мовароуннаҳр аз аҳамияти амалӣ ва назариявӣ холӣ нест.
“Омӯзиш, таҳқиқ ва бозшиносии чеҳраҳои бонуфузи миллӣ дар шароити муосири бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ва тезутунд шудани бозиҳои геополитикӣ аз ҷумлаи роҳкорҳои муҳимми илмӣ, ихтисосӣ, маданӣ ва умумимиллӣ ба ҳисоб меравад. Муҳимтар аз ҳама, аз тариқи бозшиносии илмию ихтисосии таърихи миллӣ ва ташхиси ҳаводиси муҳими сиёсию иҷтимоӣ сатҳи худогоҳию худшиносӣ ва ҳувияту ифтихороти миллӣ боло рафта, роҳ барои рушду тавсеаи фикрӣ ва истиқлоли сиёсӣ ҳамвор мегардад”.

Вазъи тоҷикони Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асри VIII

Дар ҳошияи муаррифӣ кардани Абумуслими Хуросонӣ шоистаи ёдоварист, ки ҳаракати озодихоҳӣ бо сарварии ӯ имкон даст дод, ки қудрати тоҷикон афзун шавад ва саранҷом тавонанд худро аз панҷаи фармонравоии тозиён барканор доранд ва зиндагии мустақилро оғоз кунанд.
Дар асри VIII ҳақиқати ҳол баръакси он даъвоҳое баромад, ки нухбагони худиву бегона ҳақбаҷонибона пешгӯӣ мекарданд, “ҷомеаи адолатпарвар ва босуботи диниро”-ро бо хуруҷи лашкари аҷнабӣ ваъда медоданд. Ҳаргиз интизорашро надоштанд, ки раванди инкишофи воқеаҳо бо таназзули давлат, рукуди фарҳанг ва ба ҳошия рондани забони тоҷикӣ мегардад. Бо омадани қувваи ҳамлавар, ки хилофи фарҳанги шаҳрнишинӣ буд, бо ба сари қудрат омадан чунон ғайриинтизор мардумро ғофилгир мекунад. Дар ин юриши зиддитамаддунӣ тоҷикони Хуросон ва Мовароуннаҳр танҳо монданд ва ба истиснои қудрати худӣ касе онҳоро ёру мададгор ва пуштибон набуд. Ин ҳодисаи камаршикан якеро маҷбур ба тарки Ватан, дуюмиро дучори афсурдагии равонӣ, сеюмиро водор чун зоҳидони сӯфимашраб ба гӯшанишинӣ намуд.
Хуросони ин давра, ки сиёсати яккатози диниро таҷриба мекард, намунаи барҷастаи кишварест, ки аз инкишоф, рушду нумуъ, ҳунар, санъат, илм, ҳуқуқи одии инсонӣ ва умуман, аз нишонаҳои давлатдорӣ орӣ буд. Ин ҳолате буд, ки Зарринкӯб онро “ду қарни сукут” ва мардуми бумиро “маволӣ” номгузорӣ карда буд. Пас аз истило ва муқовимати давомдор мардум дар Хуросон ва Мовароуннаҳр марҳилаи душворро паси сар мекарданд. Дар ин сарзамин, ки улгуи тамаддун ва дастовардҳои бостонӣ арзёбӣ мегардад, дигар нишоне аз ҳузури тамаддун ва фарҳанг дар ҳаёти иҷтимоӣ набуд. Дар ин давра Хуросон мазҳари кишвари асримиёнагиест, ки ҳузури арзишҳои қафомонда тамоми халогоҳи ҷомеаро пур карда буд. Тантанаи беадолатии саросарӣ, ки арабҳо ба армуғон оварданд, то ки ҷомеаи тамаддунасоси тоҷикро ба худиҳову бегонагон таҷзия намуд, тасвири он рӯзаи ин қаламрав дар зеҳни ҷаҳониён буд.
Дар Хуросони онрӯза касе ҷойи пой надошт. Тоҷикҳо аз ҳама ҷо ронда шудаанд, вазъияти бадеро имтиҳон мекарданд. Якеро динаш боиси қабул набуд, дигаре бинобар фарҳангмадор будан пазируфта намешуд, аз долонҳои илмӣ забонро меронданд ва аз мақоми расмӣ маҳрум менамуданд.
Мардуми Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳеҷ вақт нуфузи асримиёнагирро қабул накард. Бо ба саҳна омадани Абумуслим марҳилаи шаклгирии муқовимати сартосарӣ шакл гирифт. Ин ҷавонмард ҳам аз ҳамон дудаи кору пайкор буд, ки имкони таърихӣ барои эҳёи нуфузи тоҷиконро дошт.
“Аъёну ашрофи араб, фақат пас аз он ки дар замони хилофати Абдулмалик ибни Марвон (685-705) низоъҳои дохилии хилофатталабӣ барҳам хӯрда, шӯришҳои мардуми кишварҳои тобеъ фурӯ нишонида шуданд, ба истилои Мовароуннаҳр ба таври қатъӣ камар бастанд”. Ин ҳамон Абдулмаликест, ки дар бораи чолокӣ ва хушмандии тоҷикон изҳори назари таърихӣ кардааст, “ғосибон дар ҳама давра муҳтоҷи ақлу заковати тоҷикон буданд ва ин чизро халифа Абдумалик чунин баён медорад: “Ориёиён як ҳазор сол фармонравоӣ карданду ҳатто як соат ба мо муҳтоҷ набуданд ва мо сад сол ҳукм рондем, вале натавонистем, ки худро як соат аз онҳо бениёз гардонем».
Бино ба қавли Муҳаммадҷон Шакурӣ, “таърих аз сар шудани ҳаёти маънавии инсон оғоз ёфт ва мардуми тоҷик бо Зардушт, ки якумин шоир, донишманд, файласуфи онҳост, ки бо китоби “Авесто”, ки якумин донишномаву фарҳангномаи бузург ва баёнгари фалсафаи ҳаёти онҳост, дар сари сарчашмаи таърих қарор ёфтаанд”. Дар ҳақиқат, тоҷикон миллате мебошанд, ки дар таърихи тамаддуни башарӣ бо офаридани маданияти беназири хеш саҳми арзишманде гузоштанд ва донишманди рус Н.В. Хаников низ барҳақ қайд кардааст: “... тоҷикон нахустин шуда, ба инсоният тамаддуни воло, адолат, некӣ, забони муоширати ягона ва донишу хирадмандӣ омӯхтаанд”.
Чи тавре ки устод Айнӣ зикр менамояд, “баъд аз тарафи арабҳои бодиянишин забт кардани шудани Хуросон ва Мовароуннаҳр ва пеш аз шӯриши Муқаннаъ дар ин сарзаминҳо як қатор исёнҳо рӯй доданд. Яке аз онҳо исёни Язак дар Тахористон буд”.
Новобаста аз он ки “исёнҳои мардуми тоҷик золимона ва маккорона”, дар баъзе ҳолатҳо бо ҳамкории ҳокимони маҳаллӣ пахш мешуд, вале ин наметавонист руҳияи исёнкоронаро нобуд созад, ба қавли устод Айнӣ, ки дар вуҷуд ва табиати аҳолии зулмдида аланга мезад.
Дар соли 737 (119 ҳ.ш.) бошад, мардуми Хатлон ба муқобили арабҳо исён карда, Асад бинни Абдуллоро водор ба гурехтан карданд, ки дар эҷодиёти шифоҳии халқ ифода ёфтааст:
Аз Хуталон омадия!
Ба рӯ табоҳ омадия!
Обор-обор омадия!
Хашанг низор омадия!
Чи тавре ки академик Бобоҷон Ғафуров менависанд, ба арабҳо ишғоли Хуҷанд (баҳорон ва тобистони соли 722) осон даст надод. Суғдиҳо то дами охирин истодагарӣ карданд. Онҳо дар назди дарвозаҳои шаҳр хандақ канда, арабҳоро асир гирифтанд. Сарбозони суғдӣ қаҳрамонии истисноӣ нишон доданд.
Бо имтиҳони ҷиддии пазириш аз сӯйи мардуми таҳҷоӣ рӯ ба рӯ шудани зеҳнияти қабилавӣ ишғолгаронро водор кард, ки ба баъзе тадбирҳои ҷангӣ ва тарфанди сиёсӣ даст бизананд, то ҳокимияте, ки ҳеҷ пойгоҳҳои иҷтимоӣ дар байни мардум надошт, сару сомоне бидиҳанд.

Зуҳури Абумуслими Хуросонӣ

Таърихшиноси лубнонӣ Ҷорҷ Зайдон (1861-1914) номи Абумуслимро дар оғози таваллуд “Беҳзодон пури Вандоди Ҳурмуз” медонад, ки аз зумраи мардуми таҳҷоӣ ва тоҷик будани он далолат мекунад. Ин муаллиф дидгоҳҳои мухталиф, аз ҷумла аз зовияи ҳаракати миллӣ ва динӣ марбут будани Беҳзодонро унвон мекунад, ки мансуби сиғаи ҳаракати миллии он барҷаста дар таҳқиқоти аксар олимон ба назар мерасад. Ӯ дар асоси баъзе манбаъҳои таърихӣ дар деҳаи Моҳи Басраи Исфаҳон ва бар пояи дигар сарчашмаҳо дар Марв соли 718 таваллуд шудааст. Намояндагони таърихнигории Афғонистон зодгоҳи ӯро вилояти тоҷикнишини шимолии Сари Пул медонанд.
Нақши Абумуслими Хуросониро бар фарзияи илмӣ ҳамчун яке аз муассисони давлати миллӣ метавон шинохт, ҳарчанд вақте ки ӯ ба саҳнаи сиёсӣ омад, ҳамагӣ 19-сола буд. Ӯ заминагузори таъсиси давлати миллии тоҷикӣ барои хонавода ва сулолаҳои миллимеҳвар ба мисли Саффориён, Тоҳириён ва Сомониён будааст.
Тақдири Спитамен, Абумуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Темурмалик, Восеъ, Ҳабибуллои Калаконӣ ба таври аҷиб ба ҳам гиреҳ хӯрда, аз саҳифаҳои дурахшони мубориза ва ҷонбозиҳои миллати мо мебошанд. Ҳар яке бар ҳар шаклу воситаи шинохти вазъият барои таъсиси як ҳукумати миллии тоҷикмеҳвар дар Хуросон, Мовароуннаҳр ва вилоятҳои форсизабон саъю талоши беандоза карданд. Хосатан аз нигоҳи шарту шароит решапайвандҳое пайдо кардан мумкин аст, ки таҳқиқоти густурдаро тақозо мекунад. Ба якчандтои онҳо ишора мекунем: 1) дарки манфиатҳои миллӣ ва дар зери парчами он муттаҳид кардани мардум; 2) эҳёи шуури миллӣ дар кутоҳмуддат дар хиттаҳои Бохтари қадим; 3) таъсис додани давлати мардумӣ бар пояи дарки иқтидори худӣ; 4) деҳқонҳо ҳамчун қувваи пешоҳанги мубориза, агар вожаи “деҳқон”, “деҳгон” мутародифи калимаи “тоҷик” будааст, пас ин бардошти таърихӣ дар рафтори ин ду қаҳрамон унсури ҳамагонӣ доштааст; 5) ҳаммонанд будани баромади иҷтимоии қаҳрамонҳо; 6) ҷасорати истисноӣ; 7) айёрӣ ва ҷавонмардӣ.
Чунончи, тарзи рафтор ва тафаккури савқулҷайшӣ (стратегӣ)-и Абумуслим ба таври аҷиб бо шахсияти Яъқуби Лайси Саффорӣ (840-879) гиреҳ мехӯрад. Пажӯҳишгари тоҷик Н.Нурзода дар ин робита решапайвандҳое бо корномаҳои Яъқуби Лайси Саффорӣ пайдо менамояд ва бо нақли қавл аз академик К. Неъматов менигорад: “Мусаллам аст, ки дар таърихи миллӣ табақаи айёрон (табақа ё гурӯҳи мардум дар Хуросону Мовароуннаҳру Сиистон, ки ҷасуру силаҳшӯр ва ҷавонмард буда, аз бенавоён ва мазлумон ҳимоят мекарданд) мақому ҷойгоҳи вижа доштааст. Ба ин манзур, дар таърихи асримиёнагии миллӣ бо исми айёри хуросонӣ Яъқуб бини Лайси Саффорӣ дучор меоем, ки бо заҳмату талошҳои фардӣ ва айёрӣ (силаҳшӯрӣ) ба мансаби амирии Хуросон расида буд. Яъқуби Лайс марди ҷасур ва дар айни замон хеле хоксор будааст. Тибқи тазаккури муаррихон, ба ғайр аз рӯзҳои пазириш ва ташрифоти дарборӣ, дигар ҳама вақт либоси одӣ мепӯшид, палосу қолинро хуш надошт, ҳангоми хоб ба ҷойи болишт таги сар сипар мегузошту мехобид”.
“Ҷуръат ва талошмандии Яъқуби Лайс ба дараҷае будааст, ки вақте дуввумбора азми ҳаракат ба Бағдодро мекунад, халифа дар ҳарос меафтад ва расуле мефиристад, то ин ки Яъқубро ба мадорову созиш биоварад ва як дараҷа оромаш бикунад. Ба расули халифа гуфт: “Ба махдуми худ бигӯ: Ман рӯйгарзодаам (мисгарам) ва аз падарам рӯйгарӣ омӯхта, хӯроки ман нони ҷавин ва пиёзу моҳиву тара буда ва ин давлату шавкат, ки мебинӣ, аз роҳи диловарӣ ва шермардӣ ба даст овардаам, на аз мероси падар ва неъмати ту. То хонадонат барнаяндозам, аз пой нашинам. Агар мурдам, аз ҷониби ман хоҳӣ осуд, агар мондам, сару корат бо ин шамшер аст ва агар мағлуб шудам, ба Систон бозмегардам ва ба ин нони хушку пиёз бақияи умрро ба анҷом мерасонам”.
Абумуслим марди миёнақад, гандумгун, хушманзар, ширинсухан, фарохчашм ва паҳнпешонӣ буд. Насаби Абумуслим ба Кударз (яке аз паҳлавонони машҳури Эрони қадим) мерасид. Кударз дар азои Сиёвуш сиёҳ пӯшид ва дар ғайри ҷанг намехандид (аз ҷ.3. Равзатуссафо, с.26).
Абумуслим аз мардуми табақаи поёнии Хуросон ва зулмҳои арабҳоро шахсан чашида буд. Зуҳури Абумуслим 9-уми июли соли 747 бо барафрохтани парчами сиёҳ халқро ба мубориза бархезонд.
“Мақсади ҳақиқии охирини Абумуслим таъсис кардани як ҳукумати миллӣ дар Хуросон, Мовароуннаҳр ва умуман, вилоятҳои тоҷикнишин буд, бо рӯйи кор овардани Аббосиён барои расидан ба ин мақсад як манзил ва ё ки як поғунда буд” (С.Айнӣ).
Соли 750 Абумуслим дар вилоятҳои шарқии хилофат асосан аз аҳолии Осиёи Миёна ва аз арабҳои мухолифи Уммавиҳо ташкил дода буд, ин хонадонро торумор карда, хилофати ин силсиларо аз миён бардошт.
Абумуслим дар мубориза бар зидди императори Хитой ҳам қаҳрамонӣ нишон дод.
Соли 755 халиф Абуҷаъфар ал-Мансур (754-775), ки Абумуслимро хавфи калон барои ҳукмравоии худ мепиндошт, ба ҳузури худ талабида, аҳдшиканона кушт.
Нақши Абумуслим дар сар задани шӯришҳои Сумбоди Муғ (755), Устод Сис ва Муқаннаъ (775-785) бар зидди истибдоди аҷнабӣ муҳим буд.

Муассиси давлати миллӣ ва намоди истисноии қаҳрамонӣ
Ҳаракати васеи мардумӣ бо сарварии фарзанди бузурги халқ Абумуслими Хуросонӣ намунаи барҷастаи ин мубориза ва оғози эҳёи истиқлоли сиёсӣ ва миллии халқи тоҷик ба шумор меравад. Дар ин раванд хонадонҳои фидоии миллӣ, бахусус Бармакиён нақши муҳим гузоштаанд. Бар асари ин муборизаҳо мавқеи неруҳои миллӣ мустаҳкам гардид, иқтидор ва нуфузи ашрофи маҳаллӣ афзуд. Ғояи истиқлохоҳӣ дар байни табақаҳои васеи мардуми реша давонд. Муҳимтар аз ҳама, дар натиҷаи ин муборизаи тӯлонӣ раванди ташаккули халқи тоҷик суръати тоза пайдо кард ва заминаи эҳёи давлати миллӣ фароҳам омад.
Бо шинохт аз хатари вуҷудии таҳоҷуми аҷнабиён, бо дарки масъулияти ватандорӣ аз сар задани ҷабри таърих ва такрори даҳшати воқеаҳои гузашта, ки давлатро вайрона, халқро пароканда ва ҷомеаро валангор кард, Абумуслими Хуросониро водор ба таъсиси давлати миллӣ дар як гӯшаи он ва бо ваколатҳои нимамустақил кард.
Иқдоми истисноии Абумуслим ба ҳайси намоди қаҳрамонӣ аст, ки аз пирӯзӣ ва мағлубияти он тақдири ояндаи тоҷикон вобастагии мустақим дошт.
Агар ба натиҷагирии мантиқӣ бирасем, дида мешавад, ки дар Хуросони асри VIII қуваҳои аҷнабӣ “қабои хусравӣ дар бар наояд ҳар касеро хуш, сари ҳар носазоеро назебад тоҷи султонӣ”, ки зеҳнияти аз оламу одам дур ва бехабарро шакл додааст, куниши Абумуслими Хуросониро ба бор овард. Ҳуҷуми лашкари ин вопасгароён ва муддаиёни “дини ноб” дар вуҷуди ҷомеаи суннатӣ вокунишро ба вуҷуд оварданд.
Ба қавли муҳаққиқи тоҷик А.Зарифӣ, “аз асри VII то IX, яъне, тӯли 200 сол иқтидору қудрати сиёсӣ аз даст рафта буд, бо баҳонаи ҷорисозии дин сарҳои ҳазорон-ҳазор озодазодагонро ба бод медод, ин даврони талошу такопӯҳое буд, баҳри зинда мондан. Афсӯс, ки муборизаи озодихоҳонаи ҳамаи шӯришиёну асилзодагон - аз Абумуслими Хуросонӣ то Деваштичу Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Шорики Бухороиву Ғурак, Устод Сис ва даҳҳо шермардон бо дасисаву хиёнат, тафриқаандозию ихтилофоти мазҳабию ақидатӣ ба шикаст мувоҷеҳ мешуд. Ҳамаи ин ошӯбу шӯришҳои ватандорони ориёӣ пеши сели Қутайбаву Асад ва даҳҳо фиристодаи хилофатро гирифт ва халифаҳои Уммавию Аббосӣ маҷбур шуданд, ки ташкил шудани давлатҳои миллие аз хонадони тоҷиктабори Тоҳириёну Саффориёнро дар Вароруду Хуросон таҳаммул намоянд”.
Фарзияи илмие, ки бар тақвият ва пажӯҳиши иловагӣ ниёз дорад, асосгузори шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх будани Абумуслими Хуросонӣ аст. Ва суханони бо ҳарфи тиллоӣ гуфтаи шоир дар бораи он, ки “Балхи бомӣ зодгоҳи Мавлавист, Машриқи сад офтоби маънавист” пештар дар шароити деҳаи дурдасти Хуросон - Хоҷа Ҳайрон эъмор ёфтани шаҳри Мазори Шариф бо ҳидоят ва дастури Абумуслими Хуросонӣ 500 сол муқаддам мавриди баррасӣ ва таҳқиқ мебошад.
Маҳз бар асари ҷасорат, дониш ва биниши тоҷикон аҷдоди мақоми миллатҳои гуногун рангу бӯйи тоза ёфт, низоммадор шуду ба расмият даромаданд. Тоҷикҳо ҳамеша нақши омӯзгорро барои дигарон мебозиданд, ки ба гуфтаи адиби шинохта А.Самад, “баробари оҳанги дардҳои миллат, навои ҳузнангези иллатҳои миллат низ шунида мешуд”.
Мо, тоҷикон, ки дар баробари миллатҳои дигар меросдори мустақими ориёиҳои хирадманду некандеш ҳастем, бо гузаштаи пурбори худ ифтихор мекунем, онро меомӯзем ва наслҳои имрӯзу фардои худро тавре тарбия карда, ба камол мерасонем, ки онҳо низ тавонанд ба ганҷинаи тамаддуни башар дурдонаҳои пурҳикмат ҳамроҳь намоянд ва барои боз ҳам гуворотар шудани зиндагии ояндаи худ ва дигарон ҳиссагузор бошанд.
Мақола бо дастгоҳи библиографӣ ва бо зикри иқтибосҳо дар маҷаллаи илмӣ чоп шудааст.

Умед НАЗАРОВ,
пажӯҳишгари масоили минтақа


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (68)
Regena 20 сентября 2024 22:38
This is the right website for everyone who hopes to understand this topic.
You know a whole lot its almost hard to argue with you (not that I actually would want to…HaHa).

You certainly put a fresh spin on a subject that has been discussed for ages.
Excellent stuff, just wonderful!

my page; aw8
Цитировать          31
Rory 21 сентября 2024 02:29
Hey there! This is my first comment here so I just wanted to give a quick shout out and say
I really enjoy reading through your articles. Can you suggest any other blogs/websites/forums that cover the
same subjects? Thanks for your time!

my webpage :: แทงบอล ถอนไม่มีขั้
609;ต่ํา
Цитировать          32
Darren 21 сентября 2024 03:21
이 주제에 대한 더 심도 있는 분석을 원해요
소액결제정책
별밤티켓
https://xn--qh3bllt76b9td.net/

Feel free to visit my web-site; 소액결제정책
Цитировать          33
Emmanuel 22 сентября 2024 02:31
I'm really inspired together with your writing skills and also with the structure in your blog.
Is this a paid subject matter or did you customize it yourself?
Either way keep up the nice quality writing, it's rare to see
a nice blog like this one today..

My webpage ... shabu x bet _________30
Цитировать          34
Zelma 22 сентября 2024 19:33
I have been surfing online more than 3 hours today, yet I never
found any interesting article like yours. It's pretty worth enough
for me. In my opinion, if all web owners and bloggers
made good content as you did, the net will be much
more useful than ever before.

Also visit my blog post :: casa de aposta chinesa tigrinho
Цитировать          35
Christopher 25 сентября 2024 06:39
Post writing is also a fun, if you know then you
can write or else it is difficult to write.

Also visit my web page: 8mbets
online casino
Цитировать          36
Woodrow 25 сентября 2024 17:38
This blog was... how do I say it? Relevant!! Finally I've
found something which helped me. Appreciate it!


Review my blog - aviator
Цитировать          37
Malissa 26 сентября 2024 21:38
fake bags eh900,fake designer bags,luxury tastic hm921
Цитировать          38
Mikayla 26 сентября 2024 23:57
louis vuitton outlet mx481,louis vuitton outlet,replica
bags online mb504
Цитировать          39
Otilia 12 октября 2024 21:18
Hurrah, that's what I was looking for, what a material!
present here at this webpage, thanks admin of this
website.

Have a look at my web blog บาคาร่าออนไ
621;น์ วอเลท
Цитировать          40
Latesha 12 октября 2024 23:58
Great beat ! I wish to apprentice while you amend your site,
how can i subscribe for a blog web site? The account aided me a acceptable
deal. I had been a little bit acquainted of this your broadcast provided bright clear concept

Have a look at my web blog ... _______________
Цитировать          41
Teresa 13 октября 2024 17:34
Incredible quest there. What happened after? Good luck!


Feel free to visit my page; บา ค่า ร่า ฟรี 500
Цитировать          42
Mariano 13 октября 2024 23:31
This site was... how do you say it? Relevant!!

Finally I have found something which helped me.
Thanks a lot!

my web blog - บา ค่า ร่า ฟรี 500
Цитировать          43
Kiera 14 октября 2024 01:36
Definitely believe that which you stated. Your favorite justification appeared to be on the web the easiest thing to
be aware of. I say to you, I definitely get irked while people think about worries that they plainly
don't know about. You managed to hit the nail upon the
top and also defined out the whole thing without having side-effects , people can take a signal.
Will probably be back to get more. Thanks

Feel free to visit my web site ... __ ___ ___ _______ ___ ___
Цитировать          44
Lashay 14 октября 2024 02:34
I have read some good stuff here. Certainly worth
bookmarking for revisiting. I surprise how a lot effort you place
to make such a excellent informative web site.


Also visit my website - บาคาร่าออนไ
621;น์
ผิดกฎหมายไห
617;


An outstanding share! I've just forwarded this onto a colleague who has been doing a little homework
on this. And he actually bought me lunch because I found it for him...
lol. So let me reword this.... Thanks for the meal!!

But yeah, thanx for spending some time to talk about this issue
here on your web site.

Here is my web-site ___________ _______
Цитировать          45
Manie 18 октября 2024 12:58
I don't know whether it's just me or if perhaps
everyone else experiencing problems with your blog.
It appears as though some of the written text within your content are running off the screen. Can somebody else
please comment and let me know if this is happening to them too?
This could be a issue with my browser because I've had this happen before.
Kudos

Feel free to surf to my web page :: __ __ ___ _______ ____ ____ 10 ___
Цитировать          46
Sonia 18 октября 2024 14:12
You actually make it seem so easy with your presentation but I find this matter
to be actually something which I think I would never understand.
It seems too complicated and extremely broad for me. I am looking forward
for your next post, I'll try to get the hang
of it!

Have a look at my site; _______________________2021
Цитировать          47
Leonie 18 октября 2024 14:15
Thank you for the auspicious writeup. It in fact was a amusement
account it. Look advanced to more added agreeable from you!
However, how can we communicate?

Also visit my page - _______ ______
Цитировать          48
Jan 18 октября 2024 14:35
If you wish for to improve your know-how just keep visiting this site and be updated with the hottest news posted here.


Here is my web site - __ __ ___ _______ ____ ____ 10 ___
Цитировать          49
Selene 21 октября 2024 16:23
It iis the best time to make some plans for
the future and iit is time to be happy. I've read this post and if I could I wish to suggest you few interesting things or
advice. Maybe you can write next articles referring to this article.

I wish tto read even more things about it!


Feel free to surf to my page :: deneme bonusu veren siteler
Цитировать          50
Britt 25 октября 2024 12:47
Wow, superb weblog structure! How lengthy have you ever
been running a blog for? you made blogging glance easy.

The total look of your website is magnificent, let alone the content!


Feel free to visit my page ... stake plinko
Цитировать          51
Bridgett 26 октября 2024 09:08
It is not my first time to visit this site, i am visiting this web page dailly and take
pleasant information from here all the time.

Check out my blog; วิธี เอาชนะ บา คา ร่า
ออนไลน์
Цитировать          52
Gisele 27 октября 2024 00:45
Replica Sneakers Dirty White hy252
Fake Shoes,Replica
Sneaker do376
Цитировать          53
Bernie 27 октября 2024 13:37
It's fantastic that you are gettin thoughts from this article as well as from our argument made at
this time.

Feeel free to surrf tto my webpage ... istanbul sohbet
Цитировать          54
Reyes 27 октября 2024 21:49
My spouse and I stumbled over here different web address and thought I may as well check things out.

I like what I see so now i'm following you. Look forward to looking at your web page repeatedly.



Also visit my web site mostbet online
Цитировать          55
Williemae 28 октября 2024 07:01
Wiith havin so much content do you ever run into any isdsues of plagorism or copyright infringement?
My blog haas a lot of completely unique content I've either created myself
or outsourced but itt looks like a lot of it is popping it
up all over thhe internet without my permission. Do you know anyy solutions to help stop content
from beinng ripped off? I'd definitely appreciate it.

Look into my blog Number Wheel
Цитировать          56
Susannah 28 октября 2024 13:55
It is truly a nice and useful piece of information. I'm glad that you simply shared this helpful information with us.
Please keep us up to date like this. Thanks for sharing.


Here is my webpage - เว็บพนันออน
652;ลน์
Цитировать          57
Paul 28 октября 2024 22:59
Hi everyone, it's my first visit at this site, and article is truly fruitful
in supprt of me, keep up posting these articles orr reviews.


My site :: Otizm belirtileri
Цитировать          58
Cindi 29 октября 2024 08:47
I have learn some excellent stuff here. Definitely price bookmarking for
revisiting. I wonder how a lot effort you set to create this kind of magnificent
informative website.

Feel free to surf to my blog post :: AI
Trading
Цитировать          59
Jarrod 29 октября 2024 23:23
Thanks for your personal marvelous posting! I certainly enjoyed
reading it, you will be a great author.I will be sure to bookmark your blog and definitely will come back down the road.
I want to encourage you to ultimately continue
your great job, have a nice day!

My page ... plataforma de jogos tigrinho
Цитировать          60
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: