Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » МЕРОСИ ПАДАР ХОҲӢ, КАСБИ ПАДАР ОМӮЗ

МЕРОСИ ПАДАР ХОҲӢ, КАСБИ ПАДАР ОМӮЗ

1-08-2022, 14:04
Хабарро хонданд: 1932 нафар
Назарҳо: 0
Ба ҳуҷраи танзимгарони “Душанбенақлиётхадамотрасон” пиразани солхӯрдае сар халонд. Либоспӯшиаш дарак медод, ки аз дигар манотиқи кишвар аст. Тарзи духтарчаи ҳафт-ҳаштсолае чанд халтаҳои кампирро нигоҳдорӣ мекард. Тахмин намудани ин манзара душвор набуд, ки кампир ҳамроҳи наберааш аз ноҳияи дигаре ба пойтахти кишвар ба меҳмонӣ омадаасту аз танзимгар роҳ мепурсад. Гумони мо ҳам рост баромад, аз ҳуҷра ҷавонмарди оростае баромада, кампиру набераашро ба автобуси масири 18 савор намуду ба ронанда то куҷо бурдани кампиру набераашро фаҳмонд. Яъне то Беморхонаи “Қарияи боло”. Борхалтаҳоро низ худаш ба автобус бароварда, ҷо ба ҷо кард, то ба дигар мусофирон халал нарасонад. Бархе бар ин ақидаанд, ки дар замони мо дарёфти чунин ашхос тухми анқост. Хушбахтона, дар ҷомеаи мо ҳоло сафи чунин нафарони хайрхоҳу накукор, дорои хислатҳои ҳамидадошта кам нестанд, ки аз мактаби одаму одамгарӣ гузаштаву тарбияи хуберо ҳам гирифтаанд. Чун аз рӯи вазифа ва ҳисси кунҷкобӣ мо ба ҳуҷраи танзимгарон наздик шуда, кӣ будану чӣ ном доштани танзимгарро пурсуҷӯ намудем. Гӯё дирӯз буд, аллакай аз ин ҳодиса ду сол сипарӣ гардидааст. Мо бо ин ҷавонмард унс гирифтем, гоҳ-гоҳ сари як пиёла чой мешинему дар ҳар иду айём якдигарро таҳният мегӯем. Аз рӯи асолату рисолати рӯзноманигорӣ чаро дар Рӯзи нақлиётчиёни кишвар зикри номи некаш накунем. Қаҳрамони мо Қудратулло Абдуҷабборов мутахассис –танзимгари “Душанбенақлиётхадамотрасон” 20 августи соли 1970 дар оилаи яке аз устоди нақлиётчиёни Тоҷикистон Ҳабибулло Абдуҷабборов қадам ба олами ҳастӣ ниҳодааст. Ин ном барои нақлиётчиёни мамлакат ва собиқадорони соҳа ошност. Қудратулло мактаби миёнаи №3- и шаҳри Кӯлобро хатм намуда, дар ду муассисаи касбиву таълимӣ таҳсилро давом додааст. Номбурда давоми солҳои 1988-1990 хизмати ҳарбиро дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон адо намуда, сарбаландона ба зодгоҳ баргашт. Бо пайроҳаи падар қадам гузошт. Фаъолияти меҳнатиашро аз Автобазаи №17-и шаҳри Кӯлоб ба ҳайси барқчии техникӣ оѓоз бахшид. Соли 1994 онҳо ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯчиданд ва фаъолияти минбаъдаи ӯ дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе идома ёфт. Аз соли 1994 то соли 1997 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи мусофиркашонӣ фаъолият намуд. Давоми солҳои 1997-2001 дар ширкати “Танзим” кор кард. Давоми солҳои 2001-2006 дар Автобазаи №-1-и шаҳри Душанбе ба ҳайси бригадири сайрхат адои вазифа намуд. Минбаъд, аз соли 2006 то имрӯз бо тариқи гузариш ба Иттиҳодияи муттаҳидаи мусофирбар (ҳоло “Душанбенақлиётхадамотрасон”) ба ҳайси мутахассис-танзимгар бенуқсон хизмати софдилона менамояд. Дар зиндагии оилавӣ низ муваффақ буда, чор фарзандро дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ тарбия менамояд. Аз суҳбатҳои Қудратулло бармеояд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ бамаротиб боло рафтааст. Ёдовар мегардад, ки солҳои пешин барои ширеш намудани танҳо як чархи автобус ронандаҳо маҷбур буданд то наздиктарин автобаза роҳ паймоянд. Имрӯзҳо зери роҳбариву ѓамхориҳои раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” Ҳамзаалӣ Ѓаниев ва муовини раис А. Алиев бригадаи таъмиргарон бо нақлиёти махсус ба ҷои таъингардида ҳозир мешаванд, ки ин ташаббус кори ронандагонро даҳчанд осон гардонида, боиси саривақт ба манзил расонидани мусофирон мегардад. Ҳамкорони Қудратулло ронандаҳо Ибодулло Шукуров, Дилшод Раҳимов, Сафар Қодиров ва танзимгар Ҳасан Ваҳҳобов низ аз пешрафту ѓамхориҳои роҳбарият изҳори қаноатмандӣ намуданд.
БО ХАЛҚ НАКУ БИЗӢ, КИ ЗЕВАР ИН АСТ
Дар рӯзи иди касбӣ ёдовар шудан аз сарсупурдагони соҳа аз манфиат холӣ нест, зеро зиндагиномаи падари Қудратулло ронандаи номвар Ҳабибулло Абдуҷабборов барои насли нав мактабест омӯхтанӣ. Пайроҳои тайнамудаи як ронандаи одӣ метавонад барои ҳамагон таҷрибаи мактаби ибратбахш бошад. Зеро ин абармард тавонист, ки пайроҳаҳои пурпечутобро убур намуда, то ба шоҳроҳ бирасад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардиданаш бо унвони баланди “Корманди шоистаи Тоҷикистон” (№ 0776 аз 19 августи соли 1999) далели раднопазири гуфтаҳои болост.
Аз рӯи нақлҳои шодравон бобои Ҳабибулло Абдуҷабборов ва навиштаҳои рӯзноманигорон бармеояд, ки қиблагоҳаш хатмкардаи мадрасаи Бухоро буда, чандин сол дар мадрасаҳои ин шаҳри бостонӣ мударрис будаанд ва ҳамчун олим шинохта шуда, бо Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ дар як давр зиста, дар сафи аввалин маорифпарварон қарор доштааст. Бобои Ҳабибулло аз падари покниҳоди хеш хислатҳои беҳтарини инсониро мерос гирифта, аз пушти касбу меҳнати ҳалол нон хӯрданро омӯхтааст. Мактаби ронандагиро ба итмом расониду сари чанбари мошин нишаст. Дар иҷрои супоришҳо ва расонидани борҳои гуногуни хоҷагии халқ роҳи ростро пеша намуд. Хиёнати дурӯягӣ барои ин марди матин бегона буданд. Аз соли 1953 то соли 1995 ронандаи Автобазаи №17 –и Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб буд. Собиқадорони соҳа, хизматҳои хоксоронаи ин марди наҷибро дар ташкили сохтмони аэропорти шаҳри Кӯлоб ва автовакзалҳои шаҳри Кӯлоб ва Восеъ назаррас арзёбӣ мекунанд. Саҳми арзандаи ӯ дар сохтмонҳои муҳими шаҳри Кӯлоб ва дар тарбияи ронандагони ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ, раҳнамоӣ ба меҳнати ҳалол ва инсонпарварӣ беназир аст. Ӯро метавон мураббии ҳақиқии ронандагони ҷавон номид. Аз рӯи навиштаҳои роҳбарони вақти шаҳри Кӯлоб ҳам бармеояд, ки солҳои нангини бесомониҳои кишвар аз сари минбарҳо халқро ба ваҳдату ягонагӣ ва барои якпорчагии Тоҷикистон даъват намудааст. Роҳбарони соҳаи нақлиёт низ ёдовар мешаванд, ки Ҳабибулло Абдуҷабборов ба амру фармонҳои роҳбарияти автобаза ҳамеша итоат карда, автомашинаи худро дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ медошт. Баҳри беҳбудии кори муассиса ва нақлиётчиён ҳамеша ҷидду ҷаҳд дошт. Дар бораи чунин ашхос, ки тамоми ҳастии хешро барои рушди соҳа ва касби интихобнамуда бахшиданду танҳо манфиатҳои ҷомеа ва давлатро ҳифз намуданд, барои насли имрӯз мумкин бегона намояд. Ҳанӯз чанд даҳсола пеш нангу номус, виҷдон қутбнамои ҷомеа буд. Адо намудани рисолат аз рӯи инсофу виҷдон ӯро ҳамеша раҳнамо буд, ки танҳо дар автобазаи №17-и Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 42 сол ба сифати ронанда хизмати халқу Ватанро ба ҷо овард. Азму иродаи қавӣ ва меҳри хоса ба касби интихобнамуда аз рӯзи шаҳодатномаи ронандагӣ ба даст гирифтан, то ба нафақа баромаданашон танҳо дар як муассисаи нақлиёти хизмат намуд. Ӯ замоне адои вазифа менамуд, ки сар то сари кишвар аѓбаҳои пурхавфу хатар ва касногузар ҳоким буданд. Ӯ ин роҳҳоро ба осони убур накардааст ва дар баробари ронанда будан, бо қаламу китобу дафтар унс гирифта буд. Бо матбуот низ пайвастагии зич дошта, пайваста аз зиндагиномаи ӯ дар рӯзномаҳои бонуфузи кишвар маводҳои ҷолибу хонданӣ ба нашр мерасиданд. Ин марди матин узви Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон (аз соли 1995) буда, бо нишони “Нақлиётчии фахрӣ” қадр шудааст. Аз зиндагиномаи як ронандаи одӣ бармеояд, ки калиди муваффақиятҳои инсон дар дасти худи ӯст, азми дуруст ва интихоби роҳи рост, садоқат ба касб метавонад касро соҳибмартабаву обрӯманд гардонад. Ба қавле ... на ба мансаб бувад баландии мард.
Аз зиндагиномаи ин пири кор ёдовар мегарданд, ки ҳамеша супоришҳоро содиқона ва бо як навъ ҳисси масъулиятшиносӣ ба анҷом мерасонид. Ӯ ба гармию сардӣ, барфу борон ва вазъи ногувори роҳ нигоҳ накарда, бо автомашинаи боркаши ЗИЛ-130 роҳи Бадахшонро пеш мегирифт, то молҳои мавриди ниёзи аввалро дастраси мардуми Боми ҷаҳон намояд. Ин роҳ дар ҳақиқат ӯро то қуллаҳои мурод расонид.
Акмалхӯҷа АКРАМОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: