Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» Баргузории иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Баргузории иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

1-08-2022, 12:44
Хабарро хонданд: 44 нафар
Назарҳо: 0
15 июли соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар оѓози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ ќарорҳои дахлдорро оид ба тасдиќи тартиби кор, интихоби Котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 44 масъала ќабул намуданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуќуќу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ќонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуѓли аҳолӣ ва экология, оид ба мас¬ъала¬ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао¬риф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иќтисодиёту коммуникатсия, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба ќонунҳои баррасишаванда ироа намуданд.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум¬ҳурии Тоҷикистон бо тартиби муќарраршуда Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуќуќии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ва «Дар бораи банаќшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ»-ро мавриди муҳокима ќарор дода, онҳоро ҷонибдорӣ намуданд.
Дар доираи рӯзномаи иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллӣ атрофи як ќатор ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба санадҳои ќонунгузории амалкунандаи кишвар, аз ҷумла ба кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иќтисодӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуќуќвайронкунии маъмурӣ, замин, гумрук, инчунин, ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи фондҳои ѓайридавлатии нафаќа», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи энергетика», «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барќароршавандаи энергия», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи ҳимояи раќобат» ва «Дар бораи реклама» мубодилаи афкор сурат гирифта, онҳо ҷонибдорӣ гардиданд.
Ќобили зикр аст, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва меҳнат, инчунин ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд, ки онҳо бо ҳуќуќи ташаббуси ќонунгузорӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳо ба муќобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбати хурдсолон ва ноболиѓон, пешниҳод шудаанд.
Инчунин, дар рафти иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ як ќатор пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба интихоб ва бозхонд намудани роҳбарияти Суди Олии иќтисодӣ, як ќатор судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иќтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.
Ҳамин тариќ, бо ќарорҳои Маҷлиси миллӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан Ќаландарзода Мавлуда Сатторӣ аз вазифаи раиси Суди Олии иќтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комилӣ Файзали аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иќтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа аз вазифаи судяи Суди Олии иќтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Усмонзода Тоҷиддин бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуда, Мирзозода Рустам Пираҳмад раиси Суди Олии иќтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комилӣ Файзали муовини якуми раиси Суди Олии иќтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайриддинзода Азизбек муовини раиси Суди Олии иќтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Ҷонфидо Халил судяи Суди Олии иќтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Ёќубзода Абдураҳмон Холдор, Иброҳимзода Шамсиддин Саймудин, Ѓуломзода Иноятулло Шарифҷон, Холиќмуродзода Далер Абдуѓаффор, Ҳафиззода Тимур Ҷамшед, Шӯҳратзода Улуѓбек, Маҳмадзода Хуршед Бобохон, Солеҳзода Зарина Таѓойназар, Бекзода Абдураҳим Абдулло ва Усмонзода Тоҷиддин судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Рустами Эмомалӣ судяҳои навинтихобро ҷиҳати ҳифзи ҳуќуќу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини ќонунияту адолати судӣ ба хизмати софдилона ҳидоят намуданд.
Дар фарҷоми кори иҷлосия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки якҷо бо дигар сохторҳои марбута вазъи муомилоти маҳсулоти тамоку ва машруботи спиртӣ дар бозори истеъмолии кишвар, бахусус пешгирии хариду фурӯши ин маҳсулотҳоро аз ҷониби ноболиѓон, бо таҳлили санадҳои ќонунгузории марбут ба самти мазкур ба роҳ монда, ҷиҳати такмили ќонунгузорӣ дар ин самт таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.
Бо ҳамин, иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум кори худро анҷом дод.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: