Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » КОНИБОДОМ: Сулҳу ваҳдат-созанда, терроризму экстремизм-сӯзанда

КОНИБОДОМ: Сулҳу ваҳдат-созанда, терроризму экстремизм-сӯзанда

4-07-2022, 10:25
Хабарро хонданд: 938 нафар
Назарҳо: 0
КОНИБОДОМ: Сулҳу ваҳдат-созанда, терроризму экстремизм-сӯзанда


Таҳти чунин унвон тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом субҳи 1уми июли соли равон дар Коллеҷи технологии шаҳр мизи мудаввар доир гардид. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, мустаҳкам намудани зиракии сиёсӣ, нигоҳ доштани афкори солими ҷавонон мебошад.

Дар чорабинии мазкур ёрдамчии сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом Диловар Ализода, имомхатиби масҷиди Тезгузар Нурулло Ҳидоятов, сардори Раёсати омори шаҳр Мамадов Назирҷон, омузгорону донишҷӯёни ҷавони коллеҷу литсейҳо, кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аъзоёни ТҶҶ Созандагони Ватан иштирок доштанд.

Сараввал чорабиниро мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Гулнора Урунова ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории чорабиниро баён намуд. Баъдан аз тарафи котиби ҷамоати деҳоти ба номи Фирузоба Комилов Ҳусниддин маъруза зери унвони “Терроризм-бадтарин зуҳурот дар ҷомеа” ироа гардид. Ҳамчунин маърузаи дигар дар мавзуи “Зиракии сиёсӣ-омили пешрафти ҷомеа” аз тарафи донишҷуи Коллеҷи технологӣ шунида шуд. Аз тарафи аъзои фаъоли ТҶҶ Созандагони Ватан Ҳоҷиев Муҳаммадалӣ маъруза таҳти унвони “Ҷавонмард онест, ки хизмати Модар-Ватан кунад” пешкаш гардид.

Зимни чорабинӣ узви фаъоли ҲХДТ Баҳодурзода Боирҷон бо ҷавонон суҳбат намуда, оид ба фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ ва расонаҳои иҷтимоӣ ақидаронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷавонон бояд вақтро гарон дониста дониши амиқ омузанд.

Дар рафти суҳбат намояндаи ҳифзи ҳуқуқ Диловар Ализода бобати оилаҳои ҷавоне, ки фирефтаи ваъдаҳои пучу беасоси гуруҳҳову равияҳои тундгар шуда, мулку хонаҳои худро тарк карда рафтаанд суханронӣ намуд. Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамеша ҳушёр бошанд ва ба дасисагуиҳои нохалафон бовар накунанд.

Имомхатиби масҷиди маҳаллаи Тезгузар Нурулло Ҳидоятов низ чанд насиҳату пандҳо намуда, ба ҷавонон дар роҳи рост будан, хизмати халқу Ватани хеш кардан ва ба нооромиҳо роҳ надоданро тавсия дод.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар фарҷом бархе аз омузгорони коллеҷҳои шаҳр низ бобати мавзӯи зикргардида фикрҳои худро баён намуда бо ҷавонон мубодилаи афкор намуданд.

Намояндаи Кумиҷроияи шаҳрӣ бо суханони шукргузор будан аз соҳибистиқлоливу ободонӣ, соҳибдавлатию соҳибмулкӣ, ки ба мардуми шарафманди мо бо душвориҳо ба даст омада, миллатамонро нусрату файз бахшидааст чорабиниро ҷамъбаст намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: