Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАЪСИРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БА АДОЛАТИ ИҚТИСОДӢ

ТАЪСИРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БА АДОЛАТИ ИҚТИСОДӢ

22-06-2022, 11:04
Хабарро хонданд: 89 нафар
Назарҳо: 0
ТАЪСИРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БА АДОЛАТИ ИҚТИСОДӢ
Дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва рушду такомули давлатдории навин Тоҷикистон пайваста қадамҳои устувор гузошта, дар 25 сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра, бо мақсади таҳкими пояҳои ваҳдат ва рушди иқтисоди миллӣ тадбирҳои зиёд амалӣ шуда, барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар як фарди ҷомеа барнома ва стратегияҳои мушаххас қабул гардидааст. Ба шарофати сулҳу ваҳдат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила сатҳи зиндагии мардум низ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Дар тӯли ин солҳо дар ҷумҳурӣ иқтисодиёти бисёрҷанба ташаккул ёфт, ки дар он ба тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Бо назардошти аҳамияти стратегии ин бахш барои тараққиёти давлат ва рушду ҳавасмандгардонии ин самт ба таври назаррас сода кардани тартиби бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон диққати махсус дода шуд. Яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисодиёт устувории гардиши он мебошад, ки дар навбати худ аз вазъи ҳуқуқ вобастагии калон дорад. Дар ин ҷода, аксаран баҳсҳое, ки аз амалисозии фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд, аз ҷониби иштирокчиёни муомилот мустақилона бо назардошти манфиатҳои тарафайн дар асоси созиш ё гуфтушунид ҳал мегарданд. Аммо қисмати зиёди баҳсҳо, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиёни онҳо поймол мегарданд, дар судҳои иқтисодӣ баррасӣ мегарданд, зеро дастрасӣ ба адолат дар рушди тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ нақши муҳим мебозад. Имрӯз дар мамлакат судҳои иқтисодӣ индикатори асосии иқтисодиёти давлат ба шумор рафта, баҳри ҳимояи манфиатҳои иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ, инчунин, ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қароргирифта ва манфиатҳои қонунии давлат, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳову шаҳрвандон дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар фаъолияти иқтисодӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими қонунияту пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ адолати судиро татбиқ менамоянд. Бо гузарондани ислоҳоти судӣ ва такмил додани қонунгузорӣ мурофиаҳои судӣ ба сатҳи сифатан нав гузашта, муҳлати баррасии парвандаҳо кам гардида, марҳилаҳои судие, ки дар он такрор ба такрор парванда баррасӣ мегардид, хориҷ ва низоми истеҳсолоти иҷро сода гардонда шуд. Яъне, ҳокимияти судӣ, ки вазифаҳои асосии он дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат ифодаи бевоситаи худро меёбад, ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Ин ҳама комёбиҳо, ки дар зарфи бисту панҷ соли ваҳдатдорӣ ба даст омадаанд, натиҷаи заҳматҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат мебошанд. Ва имрӯз тоҷики ватандору ватанпараст комилан ин мавқеи сиёсии Роҳбари давлатро дастгирӣ менамояд. Зеро муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои миллат кафили рушди Тоҷикистон мебошад.
Асрорзода ЗУҲУРИДДИН, сардори раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои шаҳрвандони Суди Олии иқтисодӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: