Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ ҶДММ «Ганҷи деҳа»-ро мавриди истифода қарор доданд Июнь 16, 2022 10:50

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ ҶДММ «Ганҷи деҳа»-ро мавриди истифода қарор доданд Июнь 16, 2022 10:50

17-06-2022, 07:34
Хабарро хонданд: 302 нафар
Назарҳо: 0
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ ҶДММ «Ганҷи деҳа»-ро мавриди истифода қарор доданд Июнь 16, 2022 10:50

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи деҳа»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Самти асосии фаъолияти корхонаи «Ганҷи деҳа» ба истеҳсоли равғани растанӣ ва қуттиҳои пластикӣ равона гардида, он дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар ва «Солҳои рушди саноат» бо саҳми соҳибкори ватанӣ Зиёдалӣ Ашӯрматов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта ба истифода дода шудааст.

Биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ёрирасони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи деҳа» дар масоҳати 0,77 гектар қомат афрохта, бо ифтитоҳи корхона 20 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарони хонашин соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоиши хуб гардиданд.

Нақшаи бунёди иншоот, ворид ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ бо харҷи 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ амалӣ шудааст.

Технология ва хатҳои истеҳсолии корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва онро мутахассисони ватанӣ васлу насб намдаанд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи деҳа» имкон аст, ки дар як шабонарӯз 3,5 тонна чигит коркард ва аз он то 400 литр равғани хушсифати растанӣ истеҳсол карда шавад.

Дар маҷмӯъ иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ дар як сол 144 тонна маҳсулоти босифати ғизоии ивазкунандаи воридотро дар заминаи коркарди 800 тонна чигит дар бар мегирад.

Истеҳсоли зарфҳои пластикӣ барои гирифтани маҳсулоти ватанӣ низ дар корхона ба роҳ монда шуда, имкон аст, дар як сол то 400 ҳазор қуттӣ пешниҳод карда шавад.

Равғани истеҳсолии «Ганҷи деҳа» дар марҳилаи аввал барои таъмини бозори дохилӣ пешбинӣ гардида, оянда бо васеъсозии фаъолият содироти он ба бозори кишварҳои ҳамсоя дар назар аст.

Чигит ва дигар растаниҳо барои истеҳсоли равған ба корхонаи нави саноатӣ аз хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ва атрофи он дастрас карда шуда, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ мавриди коркард қарор дода мешавад.

Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ Зиёдалӣ Ашӯрматов барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии сиёсии Ҳукумати мамлакат ва фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати коркарди ашёи хоми ватанӣ то ба ҳади ниҳоӣ дар дохили кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба масъулон барои дастгирии ҳамаҷониба аз чунин ташаббусҳои бунёдкорона ва муҳайёсозии шароити боз ҳам хубтару беҳтар ҷиҳати татбиқи тарҳои нав ба нав дар самти рушди ноҳияҳои дурдасти кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: