Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ

Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ

26-05-2022, 07:56
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ
2022-05-25

Дарки омили Ватандустии ҳар як фарди огоҳ хазинаи илҳом, макони ишқу ифтихор, хонаи умеду орзуҳо ва шарофату садоқат мебошад. Ҳар, ки бо қалби саршор аз инсонсолорӣ Ватанро азизу муқаддас медонад бешак фарди хушбахт ва саодатофар аст. Ҷавҳари аслии ватанпарварӣ ин садоқат ба арзишҳои он, пос доштани хотири гузаштагон, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасот, ҳифзи арзишҳои миллӣ, чашмбедор будан дар ҳифзи марзу бум, омӯзиши таъриху фарҳанг, осори бегазанди ниёгон, ҳамдаст будан дар ободии диёр, гиромидошти арзишҳои беназири замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзу бегазанд нигоҳ доштани онҳо ба наслҳои оянда мебошад.

Ҳақиқати бебаҳс аст, ки шаҳкитоби сарнавишти моро ба даст овардани истиқлоли миллӣ обу ранги тоза бахшид, ки ин ҳадяи яздониро посу гиромӣ доштан вазифаи имонӣ, қарзи виҷдонӣ ва гузашта аз ҳама рисолати фарзандии ҳар як фарзанди бо ору номус ва огоҳу ватандуст мебошад.

Агар мо мехоҳем, ки абадан ҳамчун миллат пойбарҷо, ҳамқадами ҷомеаи муосир ва бошарофат зиндагӣ намуда иззатманд бошем, бояд иззати Ватанро донем ва донаи меҳру муҳаббатро дар шуури насли чавон бо ифодаи олии ватандорӣ кишт намоем.

Миллати моро дар таърихи башар бо фарҳанги ғанӣ ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳангаш мешиносанду арҷ мегузоранд.

Аз ин лиҳоз мо ҳамеша бо азму иродаи қавӣ ва руҳи шикастнопазир ба суйи пайкориҳои созандагӣ дар роҳи пос доштани таъриху тамаддуни оламшумул, ҳифзу гиромидошти неъматҳои истиқлолият ва посдории анъанаҳои неки ниёгон саъй намуда, онҳоро фарзандвор то ба дуриҳои таърих раҳнамун месозем.

Ватансозӣ марҳила ва фосилаи ҳисобӣ набуда, балки бо ҳастиямон такя ба фарҳангу тамаддуни хеш ватанро ҷон ба ҷон, пайванд ба пайванд месозем, зеро ватандорӣ ва ватансозӣ дар иттиҳод аст.

Барои мо мақом, манзалат, арзиш, ҷойгоҳ ва шоистагии истиқлол бо ҳамешагӣ пурарзишу муқаддас ва сарнавиштсоз буда, дар фазои ин неъмати воло аз фарзанди гаҳвора то пири хирад барои тақвият ва нигоҳдошти он чун меросбарон ҳамеша бедор ҳастем, зеро истиқлоли миллӣ ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие пеш овард, ки мо дар кишварамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умум пазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем. Мафҳуми сулҳу ваҳдат ва гиромидошти он ба унвони ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ минбаъд бояд ҳамчун василаи муҳимтарини ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамаҷониба ба кор гирифта шавад, зеро мақоми меҳварӣ пайдо кардани сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ дар таркиби тафаккури миллӣ барои рушди мамлакат роҳи васеътар боз намуда, пояҳои иқтисоди миллӣ ва рушди кишварро ҳамаҷониба тақвият мебахшад. Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд ва дар руҳияи ватандӯстию ҳифзи арзишҳои миллию гиромидшти арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудани онҳо рисолат, вазифа ва қарзи имонию виҷдонии рушанфикорон ва кулли шахсиятҳои огоҳу ватандуст мебошад.

Бо гузашти се даҳсола Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар меҳвари давлатдорию давлатсозӣ бо ифодаи олии ватандорӣ давлати миллии арзишманд ва эътрофшударо пойбарҷо бунёд намуда, онро дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёр муаррифӣ намудааст.

Мо вазифадорем, ки ин ганҷинаи таърихӣ ва бемислро чун гавҳари нодир нигоҳ дорем, дар масири давлатсозӣ барои устувории пояҳои давлаторӣ талош варзем, ғояҳои ватандорӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои миллиро ба наслҳои ҷавон талқин созем ва барои шинохти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон талош варзем. Зеро дар назди наслҳои имрузу оянда барои ҳифз, ҳимоя ва пойдории рукнҳои истиқлолияти комили бароямон дар замони ҷаҳонишавӣ мушаррафгашта мо вазифадор ҳастем.

Мо ҳам хати роҳи худ нависем,

Бо килки нигоҳи худ нависем.

Пайгом диҳад зи васл моро,

Пайванд кунад ба асл моро.

Муҳаммад Ғоиб

Ширинбеков Садриддин Авазбекович,

мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти

Дастгоҳи КИМ ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: