Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Идомаи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Туркманистон

Идомаи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Туркманистон

12-05-2022, 08:15
Хабарро хонданд: 395 нафар
Назарҳо: 0
Идомаи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Туркманистон

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 11 май дар идомаи сафари расмӣ дар Туркманистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон аз Масҷиди маънавиёти Туркманбошии Қипчоқи шаҳри Ашқобод боздид ба амал оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром дар назди мақбараи нахустин Президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов гулгузорӣ намуданд.

Сипас, Раиси Маҷлиси миллӣ ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷмааи байналмилалии аспиву варзишии шаҳри Ашқобод ташриф оварданд. Дар ҳамин ҷо ба меҳмони олиқадр барномаи Гурӯҳи бозиҳои миллии аспии «Галкиниш» намоиш дода шуд.

Дар идома Рустами Эмомалӣ аз шаҳраки олимпии шаҳри Ашқобод дидан намуданд.

Дар ҳамин ҷо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Ашқобод Раис Гандимов мулоқот анҷом доданд.

Зимни суҳбати самимӣ доир ба дастовардҳои пойтахти Туркманистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, рушди иҷтимоиву фарҳангӣ, бахусус пешравиҳои бахши варзишу сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Шаҳраки олимпии мазкур ба сифати яке аз объектҳои асосии Бозиҳои Осиёии соли 2017 дар толорҳои пӯшида маҳсуб ёфта, дар масоҳати 157 гектар бунёд карда шудааст.

Дар ҳудуди шаҳрак зиёда аз 30 иншооти варзишии мухталиф, аз ҷумла варзишгоҳи «Олимпӣ» бо 45000 нишастгоҳ, маркази параолимпӣ, маркази тиббию офиятӣ, велотреки пӯшида, маҷмааи варзишии санъати ҳарбӣ, иншооти пӯшидаи варзиши сабук, корти теннис, ҳавзи шиноварӣ, толорҳои гуногун, маркази тиҷоратӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар объектҳои марбута қомат афрохтаанд.

Имрӯз ҳамчуни Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳони худ бо фаъолияти муассисаи давлатии «Маҷмааи бофандагии Ашқобод» шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин коргоҳ дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ягона буда, маснуоти босифати бофандагии он аз пахтаи маҳаллӣ мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ торафт мустаҳкам менамояд. Иқтидори солонаи маҷмааи бофандагии Ашқобод коркарди 13100 тонна ришта ва 22,5 миллион метри мураббаъ матои пахтагин буда, дар он 2800 корманд дар чор бахш – тайёркунӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ фаъолият доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: