Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат

Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат

12-05-2022, 08:08
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрию суҳбатҳои хеш бо мардум, алалхусус дар Паёмҳои ҳамасолаи хеш ба ҷомеаи кишвар дар бораи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба илму дониш, ҳунаромузӣ ва корҳои ободонию созандагӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳсил, истироҳат ва донишандўзии наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати зеҳнии онҳо бо истифода аз усулҳои муосир ҳамасола тадбирҳои судманд меандешанд.

Ҷавонон аз ҷониби Роҳбари давлат ҳамчун идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи миллат, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, парчамбардорони миллат, эҷодкорони тақдири имрӯзу оянда, таҳкимбахшандаи Ваҳдати миллӣ, муҳофизони боэътимоди истиқлолияти Ватан эътироф шуда, масъулияти бузургеро бар дӯш доранд. Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд:

"Мо аз ҷавонони кишвар умеди калон дорем, ки вақтро ғанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаву технологияҳои навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд".

Месазад, ки ҷавонони мо барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигиранд.

Мо ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзем, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошем, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ занем ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоем. Номбардори Ватан ва авлоду аҷдоди гузаштаи хеш бошем! Ин марзу бумро содиқонаву софдилона нигаҳбонӣ намоем!

Мирсаидов Давлат, донишҷуи коллеҷи тиббӣ,

узви фаъоли ТҶҶ " Созандагони Ватан "- и

кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: