Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » СЕМИНАРИ ОМЎЗИШӢ ОИД БА БАРҲАМ ДОДАНИ БЕМОРИИ СИЛ

СЕМИНАРИ ОМЎЗИШӢ ОИД БА БАРҲАМ ДОДАНИ БЕМОРИИ СИЛ

18-04-2022, 15:09
Хабарро хонданд: 148 нафар
Назарҳо: 0
СЕМИНАРИ ОМЎЗИШӢ ОИД БА  БАРҲАМ ДОДАНИ БЕМОРИИ СИЛ

Бо ибтикори лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бемории сил ва роҳҳои инъикоси он дар ВАО семинари омўзишӣ доир гардид.
Дар семинари мазкур зиёда аз 20 нафар намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуда, атрофи бемории сил маълумот пайдо карданд.
Намояндаи лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ Ҷамила Исмоилова доир ба вазъи беморӣ сухан карда, иброз дошт, ки маќсади асосии лоиҳа ин ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, паст намудани сатҳи паҳншавии шаклҳои мутобиќгаштаи бемории сил, баланд бардоштани огоҳии мардум оид ба беморӣ ва инчунин, омўзиши мутахассисони силшинос ва кормандони ғайритиббӣ мебошад. Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар 5 давлат амалӣ шуда, солҳои 2019 – 2024- ро дар бар мегирад.
Ба зикри ҳамоҳангсози лоиҳа Ҳурия Ҳисомова, сил бемории сироятӣ буда, аз шахси бемор бо роҳи ҳаво ба атрофиён мегузарад. Шахси бемор ҳангоми суҳбат, сулфа ва атса миќдори зиёди микробактерияҳоро ба фазои атроф паҳн мекунад. Дар натиҷаи сариваќт табобат нагирифтани бемори гирифтори сил ў метавонад дар 1 сол 10-15 нафари дигарро мубталои ин беморӣ намояд.
“Бемории сил ирсӣ нест, он ҳангоми нўшидани об ё истеъмоли ғизо, муошират, истифодаи якҷояи зарфҳои хўрокхўрӣ наметавонад шахси дигарро сироят кунад. Шароити иќтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ аз омилҳои асосии гирифторӣ ба бемории сил дониста мешаванд”,-гуфт Ҳурия Ҳисомова.
Ба андешаи мавсуф, хушбахтона, имрўзҳо бо талоши Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи гирифторони бемории сил нисбат ба солҳои ќаблӣ рў ба коҳиш ниҳодааст.
Ёдовар мешавем, ки бемории сил табобатшаванда буда, сабаби асосии паҳншавии он паст будани маълумотнокӣ дар бораи беморӣ, сариваќт муроҷиат накардани бемор ба муассисаҳои табобатӣ ва тамғагузорӣ нисбат ба ин беморӣ мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: