Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Одобу муоширати ҷавонон дар нақлиёти мусофиркаш

Одобу муоширати ҷавонон дар нақлиёти мусофиркаш

10-05-2022, 08:30
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
Одобу муоширати ҷавонон дар нақлиёти мусофиркаш
Мо аз рӯйи зарурат аз нақлиёт – автобус, троллейбус, микроавтобус, истифода мебарем. Бо ронандагон, мусофирон, одамҳои гуногун вомехӯрем. Аввалан, дар нақлиёт бодиққат бояд буд. Ҳангоми дохилшавӣ ба нақлиёт навбатро риоя карда, ба занҳои ҳомиладор, кӯдакдор, пиразанон, маъюбон ёрӣ бояд кард, то ки аввал онҳо шинанд. Дар дохили нақлиёт ҷавонон бояд ба калонсолон, муйсафедон, занон ва маъюбон ҷой диҳанд.
Дар дохили мошин мағал кардан, баланд сухан намудан, хандидан ё шиносу хешовандро дида, баланд гуфтугӯ кардан, аз рӯи одоб нест. Агар зарурате ба миён ояд, бо овози паст пурсупос ва гуфтугӯзор кардан мумкин аст. Гуфтугӯ бо телефон низ номатлуб аст. Дар чунин вазъият услубу одоб, ақлу фаросат ва маданияти шахс базудӣ аён мешавад.
Чанд рӯз пештар ҳодисаеро дар микроавтобус мушоҳида кардам. Марде, ки синну солаш аз 70 боло буд, вориди мусофирбар шуд. Дар он мусофирон нисбатан кам буданд. Мард назди ҷавони тахмин понздаҳ шонздаҳсолае нишаст. Ҷавон ба муйсафед эътибор надод.
Ҷавонписар дар миёни ду курсӣ пойҳоро васеъ монда, менишаст. Дар гӯшаш гӯшмонаки аудиоплейер. Мард аз вай хоҳиш кард, ки дар курсӣ дуруст нишинад, як курсиро ишғол кунад. Вале вай сухани мардро нашунид. Мард бори дигар ба ӯ ишора кард, ки таҷҳизоташро аз гӯшаш бигирад.
Муйсафед ӯро насиҳат кард: – Писарам, шумо дар нақлиёт ҳастед. Ҳар як фард дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вазифадор аст, ки нисбат ба атрофиён бепарво набошад. Аз руйи расми миллиамон амал кунад. Ба калонсолу пиразанон бояд ҷой диҳад, нисбат ба хурду калон муомилаи хуб кунад. Рӯзе шумо ҳам пир мешавед, ниёзманди дастгирии дигарон мегардед. Вале ҷавон насиҳатро гӯш накарда, бо ситеза ба дигар курсӣ нишаст.
Ҷавонписар, ки сарулибос ва сурати зебо дошт, баъди чунин рафтори ношоиста, ба чашми ҳамаи мусофирон бенуру зишт ва манфур мерасид. Аз қиёфаи муйсафед бошад, аён буд, ки вай афсӯс мехӯрд, ки ин ҷавон тарбия надидааст, аз ҳама чизи қиммат аз ахлоқи писандида, одоб, ки тоҷи сари инсон аст, бебаҳра мондааст.
Наргис Шамсова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: