Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Москал кӯчаи Ленинро ба Леннон табдил дод

Москал кӯчаи Ленинро ба Леннон табдил дод

4-03-2016, 17:39
Хабарро хонданд: 269 нафар
Назарҳо: 0
Москал кӯчаи Ленинро ба Леннон табдил дод
Раиси маркази маъмурии вилояти Закарпатияи Украина Геннадий Москал бо имзои як қарор дар доираи қонуни украинӣ "Дар бораи маҳкумияти режими миллӣ-сотсиалистӣ (миллатгароёна)-и тоталитарии Украина ва манъи рамзҳои он" номи чанде аз кӯчаҳоро иваз кард.

Тавре сомонаи хусусии Москал менависад, дар қатори ин кӯчаҳо кӯчаи Ленин дар деҳаи Калини ноҳияи Тячевски вилояти Закарпатия низ ҳаст. Аз ин ба баъд ин кӯча Ҷон Леннон - яке аз аъзои гуруҳи маҳшури "Битлз" номида хоҳад шуд.

Пештар дар шаҳри Изюм дар шарқи Украина, дар вилояти Харков бар асоси қонун "Дар бораи декоммунизатсия" майдони Ленин ба ифтихори Ҷон Леннон табдили ном карда буд.

Дар доираи қонун "Дар бораи декоммунизатсия" дар Украина бояд бештар аз 900 маҳалли истиқоматӣ ва ҳазорон кӯча, майдон, гулгашт ва хиёбонҳо табдили ном кунанд. Тавре нашрияи "Украинская правда" менависад, ба ин рӯйхат ҷойномҳое, ки номи роҳбарони ҳизби коммунистии пешинро гирифта буданд, низ дохил шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: