
ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 май дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2022 бо иштироки Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва барандаи нишонҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон — дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Мавсими гузашта дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб хеле ҷолиб баргузор шуда, бо натиҷаи 2:0 ба суди дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хотима ёфта буд. Дар ин рақобати пуршидат голҳои дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо легионери ҳолландӣ Ҳусейн Доған дар дақиқаи 56 ва Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 60 ба нишон расониданд. Ҳамин тавр, дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ду голи беҷавоб бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ғалаба карда, барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2021 гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бори 10-ум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.
Натиҷаҳои ҳама бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2021):
2010. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013. «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014. «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. (пен.4:3)
2016. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017. «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1
2021: «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0
2022: «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) — ?