Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои филиали БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро ифтитоҳ намуданд Апрель 28, 2022 10:18

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои филиали БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро ифтитоҳ намуданд Апрель 28, 2022 10:18

29-04-2022, 07:43
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои филиали БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро ифтитоҳ намуданд Апрель 28, 2022 10:18

Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ намуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз 10 ошёна иборат буда, дар 3 қабати аввали он бонк, дар 5 ошёна манзилҳои истиқоматӣ ва дар ошёнаи даҳум меҳмонхона ҷойгир карда шудааст. Дар таҳхона ҳуҷраи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникии бонк мавҷуданд.

Дар маҷмӯъ, дар бинои нав мутобиқ ба талаботи замони муосир барои кормандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Масоҳати умумии бино 6 748 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Намои берунии бинои Филиали Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Данғара бо санъати баланди меъморӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст. Атрофи иншоот бо сангҳои ороишӣ зебо гардонида шуда, гулу буттаҳои ороишӣ ва сояафкан шинонида шудаанд.

Дар назди бино иншооти ёрирасон, аз қабили обанбор, таваққуфгоҳи нақлиёт ва ҷой барои истироҳату фароғат мавҷуд мебошад.

Баъди шиносоӣ бо шароити кор дар бинои нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро барои мутобиқ ба талаботи замони кунунӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ба мизоҷон вазифадор карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: