Доя мегӯяд, кӯдакро бо "Амри Аллоҳ" куштааст4-03-2016, 15:26
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Гулчеҳра Бобоқулова, зане ки дар куштори кӯдаки чаҳорсола дар Москва муттаҳам мешавад, гуфт, "Аллоҳ фармудааст", ки ин амалро анҷом диҳад.
Ин зодаи Ӯзбекистон дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор шуд ва изҳори пушаймонӣ кард. Бино бар қарори додгоҳ, Бобоқулова то 29 апрел ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Бобоқулова рӯзи душанбеи 29 феврал дар назди метрои "Майдони октябр"-и Москва боздошт шуд. Вай дар даст сари буридаи кӯдакеро дошт. Баъдтар маълум шуд, ки боздоштшуда кӯдаки чаҳорсоларо, ки барояш доягӣ мекардааст, куштааст. Тафтишот мегӯяд, доя берун рафтани волидонро интизор шуда, баъдан кӯдакро кушта ва хонаро оташ задааст. Муфаттиши парванда дар додгоҳ гуфт, ин зан "ҳаммаслак ва таҳрикдиҳандагоне" доштааст. Дар наворе, ки дар Интернет нашр шуд, Бобоқулова бо забони русӣ фарёд мезанад: "Ман террористам, ман хоҳам мурд, вале ҳамаи шумо ҷазо мебинед". |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.