Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ба Душанбе боз 30 адад автобусҳои тамғаи «AKIA» ворид карда мешаванд

Ба Душанбе боз 30 адад автобусҳои тамғаи «AKIA» ворид карда мешаванд

18-02-2022, 07:44
Хабарро хонданд: 124 нафар
Назарҳо: 0
Ба Душанбе боз 30 адад автобусҳои тамғаи «AKIA» ворид карда мешаванд

Соли 2021 тибқи шартномаи баимзорасида 10 адад автобуси дуошёна ва 50 адад автобуси тамғаи «AKIA» бо дарозии 8 метр аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардид. То инҷониб 10 автобуси дуошёна ва 20 адад автобуси мусофиркаш мавриди истифодаи сокинону меҳмонони пойтахт қарор гирифтаанд. Ҳоло 30 адад автобуси боқимондаи тамғаи «AKIA» дар ширкати мазкур банду баст гардида истодаанд. Ин матлабро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон баён дошт.

Зикр шуд, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи ҳамкории судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб мешавад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳо дар қитъаҳои 2 ва 3 бо дарозии 5 км бомаром идома доранд.
Ба Душанбе боз 30 адад автобусҳои тамғаи «AKIA» ворид карда мешаванд


Инчунин дар асоси иқдомҳои созанда ва дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати мукаммалгардонии парки техникии корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе бо таҷҳизоту воситаҳои муосир дар асоси Созишнома бо Ҳукумати Ҷумҳурии Чин давоми соли 2021 ба пойтахт 466 адад техникаҳои коммуналӣ оварда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар хатсайри автобусгарду троллейбусгард пардохти роҳкиро пурра тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидаанд.

АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: