Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Озарбойҷон ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат дод, то бо роҳи ҳавоӣ вориди ин кишвар шаванд

Озарбойҷон ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат дод, то бо роҳи ҳавоӣ вориди ин кишвар шаванд

17-02-2022, 07:57
Хабарро хонданд: 150 нафар
Назарҳо: 0
Озарбойҷон ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат дод, то бо роҳи ҳавоӣ вориди ин кишвар шаванд


ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Озарбойҷон вуруди шаҳрвандони 17 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро тавассути ҳавопаймо иҷозат дод. Ба гузориши АМИТ «Ховар», дар ин бора сомонаи Девони Вазирони Озарбойҷон хабар медиҳад. Қарори дахлдорро дирӯз, 15 феврал, Сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов ба имзо расонд.

Бар асоси ин қарор Озарбойҷон фазои ҳавоии худро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Гурҷистон, Молдова, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Индонезия, Таиланд, Албания, Ҷумҳурии Доминикан, Филиппин, Колумбия, Перу, Тунис ва Венесуэла боз мекунад.

Тибқи қарор, мусофирони ҳавопаймо бояд якчанд ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла шаҳодатномаи эмкунии пурра ё шифо ёфтан аз коронавирус дошта бошанд. Ҳуҷҷати расмии тасдиқкунандаи натиҷаи манфии санҷиши ПТР низ зарур аст, ки давоми 72 соат аз рӯзи нашри натиҷа эътибор дорад.

Чунин талабот танҳо ба мусофирони аз 18-сола боло дахл дорад. Шаҳрвандони то 18-сола бояд натиҷаи санҷиши ПСР- манфӣ дошта бошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: