Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Қоидаҳои вуруд ба Ҷумҳурии Узбекистон тибқи тартиби нав ҷорӣ мегарданд Январь 14, 2022 09:00

Қоидаҳои вуруд ба Ҷумҳурии Узбекистон тибқи тартиби нав ҷорӣ мегарданд Январь 14, 2022 09:00

14-01-2022, 10:06
Хабарро хонданд: 132 нафар
Назарҳо: 0
Қоидаҳои вуруд ба Ҷумҳурии Узбекистон тибқи тартиби нав ҷорӣ мегарданд Январь 14, 2022 09:00

Мувофиқи қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Узбекистон аз 15 январи соли равон қоидаҳои вуруд ба ин кишвар тибқи тартиби нав ҷорӣ мегарданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.

Тибқи тартиби нав:

— шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ПСР-тести манфии сироят аз коронавирус дошта бошанд, ки на дертар аз 48 соат то расидан ба Ҷумҳурии Узбекистон дода шудааст;

— дар сурати надоштани ПСР-тести манфии сироят аз коронавирус супурдани экспресс-тест дар фурудгоҳ, вокзал ва гузаргоҳҳо дар марз талаб карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки моҳи декабри соли 2021 низ мақомоти Узбекистон талаботи марбут ба карантинро барои шаҳрвандони якчанд кишварҳои хориҷӣ сангинтар карда буданд.

Он замон шаҳрвандони ба Узбекистон аз хориҷа воридмешуда уҳдадор шуда буданд, ки бояд бо худ гувоҳнома (сертификат) бо натиҷаи манфии ПСР-тест ба сирояти коронавирус дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони расидан дода шудааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки мусофироне, ки ба қаламрави Узбекистон аз Австралия, Австрия, Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Дания, Исроил, Италия, Нидерланд, Чехия ва Миср ворид мешаванд, бояд ба муддати 10 рӯз ба карантин фаро гирифта шаванд ё 10 рӯзро аз ҳисоби худ дар меҳмонхона гузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон штамми нави «омикрон»-и коронавирус ба қайд гирифта шуда, пурзӯр кардани чораҳои пешгирӣ ва ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандон ба он марбут аст.

/АМИТ «Ховар»/.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: