Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар назар аст Февраль 13, 2022 08:17

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар назар аст Февраль 13, 2022 08:17

14-02-2022, 16:00
Хабарро хонданд: 167 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар назар аст Февраль 13, 2022 08:17

ДУШАНБЕ, 13.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда баъзан ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обу ҳавошиносӣ имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 23-28 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 9-14 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда баъзан ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона -3+2 дараҷа мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона -3+2 дараҷа, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда, дар водиҳо баъзан ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм, рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: