Иштироки Пешвои миллат дар ҷашни Сада дар шаҳри Хуҷанд 10.02.2022 11:26, шаҳри Хуҷанд11-02-2022, 08:03
Хабарро хонданд: 248 нафар
Назарҳо: 0
10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни Сада дар шаҳри Хуҷанд иштирок карда, аз намоиш ва фурӯши ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, гулу буттаҳо ва тухмиҳои босифат боздид ба амал оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷашнгоҳ сокинони вилоят бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Гӯшаи аслии намоишгоҳро ба муносибати ҷашни Сада дар шаҳри Хуҷанд ташкили намоиши калони маҳсулоти ҳунармандии хос ба кишту кор ва деҳқониву чорводорӣ, монанди маҳсулоти оҳангарӣ, маҳсулоти деҳқонӣ, бахусус тухмии зироатҳо, меваҳову полезиҳо ва хушкмеваҳои хоси Тоҷикистон ташкил дод. Дар намоишгоҳ ҳамчунин асал ва маҳсулоти аз асал омодашуда, маҳсулоти нониву қаннодӣ, таомҳои хос ба халқи тоҷик ҷойгир карда шуд. Дар як қисмати ҷашнгоҳ намоиши бошукӯҳи либосу газворҳо ва матоъҳои миллии тоҷикон, аз қабили алоча, бекасаб, атлас, адрас, чит, сатин ва навъҳои дигари ҳунармандӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, бурёбофӣ, сабадбофӣ, армуғонсозӣ ва дигар намуди ҳунарҳо ташкил карда шуд. Умуман саҳнаи чорабинии идона ба муносибати ҷашни Сада мувофиқи суннатҳои аҷдодӣ оро дода шуда, дар ду гӯшаи он ба таври сунъӣ оташи баланд, ки хос ба ин ҷашни бостонист, афрӯхта шуд. Ҳамаи инро сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллат ташкил намуданд. Дар тантанаҳои идона ба муносибати таҷлили ҷашни Сада ҷомеаҳои меҳнатии вилояти Суғд иштирок карда, дастовардҳои меҳнатӣ ва маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Иштироки васеи сокинон дар ҷашни Сада гувоҳӣ аз арҷгузории мардум нисбат ба ин иди бостонӣ мебошад. Ин ид, ки дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифта мешуд, дар даврони соҳибистиқлолӣ рукну оинҳои он аз нав эҳё гардид ва халқи тоҷик онро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд. Ба таъкиди муаррихон, Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллии ориёитаборон ба шумор рафта, онро ҳар сол мардуми тоҷик дар баҳманмоҳи 11-уми солшумории шамсӣ, ки ба 21 январ-20 феврал рост меояд, ҷашн мегиранд. Сада - ин пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадӣ буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад. Сада аз наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз мужда мерасонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи шоиста баргузор сохтани ҷашнҳои миллиро, ки тайи солҳои охир дар мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтани роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмати вилоят ва дастовардҳои бузурги меҳнатии хоҷагидорону кишоварзони соҳибтаҷрибаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд. Барои хотирмон таҷлил кардани ҷашни Сада ҳунармандони хушсалиқаи вилоят намоиши театрикунонидашударо, таҳти унвони «Кашфи оташ» пешниҳод карданд. Саҳнаҳои ҷолибу диданӣ аз рӯзгори ниёгони мо бо мақсади таҷлили ин ҷашни нуру гармӣ дар сатҳи баланд таҳия ва пешниҳод шуд, ки далели воқеии иди қадима ва таърихӣ будани Садаро бозгӯ мекард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкилкунандагони ин ҷашни бостонӣ ва сокинони вилоят, ки дар тарғиби анъана ва русуми миллӣ ба ифтихори таҷлили Сада саҳмгузорӣ карданд, арзи сипосу миннатдорӣ баён намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.