Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Номи Горбачёву Елтсин ба маҳкама меравад?

Номи Горбачёву Елтсин ба маҳкама меравад?

3-03-2016, 09:40
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
Сиёсати пешгирифтаи аввалин ва охирин Президенти СССР Михаил Горбачёв ва нахустпрезиденти Федератсияи Русия Борис Елтсинро бемуҳобот метавон табаддулоти давлатӣ, хиёнат ба Ватан ва қатл шудани теъдоди зиёди аҳолии мамлакат унвон кард. Бо чунин муроҷиат ва пешниҳоди далелҳои дигар узви Палатаи ҷамъиятӣ, президенти Маркази таҳқиқоти сиёсӣ ва иҷтимоии "Аспект" Георгий Фёдоров аъмоли ин ду сарвари вақтро ҳаволаи таҳқиқи мақомоти Прокуратураи генералии Федератсияи Русия намудааст.

Номбурда зимни мусоҳиба бо оҷонсии Накануне.RU мегӯяд: "Ман чунин меҳисобам, ки сиёсати Михаил Горбачёв ва Борис Елтсин ҷомеаро дучори фалокат сохт. Якуминаш Иттиҳоди Шӯравиро барҳам зад, дуввумин ҳамаро, ки тӯли мавҷудияташ давлати коргару деҳқон барпо карда буд, ба нестӣ расонид. Мусаллам аст, ки дар марҳилаи бесарусомониву беҳокимиятии солҳои 90 –ум ришвахорӣ, хусусигардонии ғайриқонунӣ, ривоҷи нашъамандиву авбошии гурӯҳҳои мухталиф, фалаҷ шудани истеҳсолот вазъи молиявии шаҳрвандонро ба нуқтаи пасттарин фароварда, бар замми ҳамаи ин мудохилаи ҳарбӣ ба Чеченистон вазъи ноорому харобиовари Русияро муташанниҷтар гардонида буд.»

Георгий Фёдоров ба хабарнигори ин оҷонсӣ иттилоъ медиҳад, ки вай ба Прокуратураи генералӣ нома навишта, тақозо кардааст, ки фаъолияти роҳбарии Горбачёв ва Елтсин мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор дода шавад:

« Ҳамагон бохабаранд, ки гуфтугӯйҳои телефонии Горбачёву Елтсин бо президенти ИМА Ҷорҷ Буш дар матбуоти даврӣ ба тафсил инъикос гардида буд. Аз ин сӯҳбатҳои телефонӣ хиёнат ба Ватанро ба зудӣ пайдо кардан имконпазир аст.

Ба ақидаи коршиносон хиёнат ба Ватан аз қонунҳои қабулнамудаи Горбачёв оид ба барҳам задани Иттиҳоди Шӯравӣ, бекор карда шудани нишондоди Конститутсияи СССР оғоз шуда, табаддулоти давлатӣ дониста мешавад. Елтсин ғайриқонунӣ фаъолияти Иттиҳоди Шӯравиро барҳам зада, соли 1993 табаддулоти ҳарбӣ карда буд. Ҷинояти дигари ӯ интихоботи ғайриқонуниаш маънидод мешавад. Зеро дар ин интихобот ғалаба насиби Зюганов гардида буд, лекин Елтсин ба сари ҳокимияти Русия ғайриқонунӣ нишаст.

Номи Горбачёву Елтсин ба маҳкама меравад?
"Ман чунин меҳисобам, ки Горбачёв ва Елтсин ҷинояткорони давлатианд. Натиҷаи роҳбарии Горбачёв парокандагии СССР буд. Зимни роҳбарии вай ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида, якчанд халқиятҳо генотсид карда шуданд, мегӯяд ба оҷонсии Накануне.RU роҳбари ҳизби "Родина" Фёдор Бирюков ва илова менамояд, ки барои ин ҷиноят Горбачёв натанҳо ҷавоб надод, балки дар Аврупо питсаро реклама карда, дар лексияҳои такрор ба такрори худ ба аврупоиён чӣ тавр барҳам задани муқтадиртарин давлати ҷаҳон - СССР-ро нақл мекард.

Ҳукмронии Борис Елтсин бо фалаҷ шудани сохтори офаридаи ӯ хотима ёфта, худаш чун нафари майзадае, ки дигар аз дасташ коре намеомад, табдил ёфт. Замоне, ки ӯ идораи Русияро ба дигарон вогузошт, анқариб буд, ки ин давлати беҳадду канор ба қисматҳо тақсим шаваду ҷанг дар Қафқоз иқтисоди бе ин ҳам фалаҷи кишварро ба чоҳи чуқур тела медод. Бо назардошти ин омилҳо Елтсин ба маънии том ҷинояткори сатҳи давлатӣ мебошад.»

Ҳамчуноне ба мушоҳида мерасад, баргузории протсесси судӣ нисбати ин ду нафар ғайриимкон аст. Зеро Михаил Горбачёв дар кишварҳои аврупоӣ зери сояи ҳимоятгаронаш фароғати пиронсолӣ дораду дуввуми Борис Елтсин дар қайди ҳаёт нест. Ва номи ӯ тавассути ақидаҳои он, ки «Елтсин ба мо демократия ва озодӣ ато кард», ёдоварӣ гардида, аксҳояш дар осорхонаҳо чун сарвари қаблии Федератсияи Русия ёдоварӣ карда мешавад.

Коршиносони Русия бар ақидае мебошанд, ки баргузории «Нюрнберг»-и Русия ғайриимкон аст, вале зарур аст, ки дар китобҳои фанниву маводи таърихӣ Горбачёв ва Елтсин на чун фарзонагони даврон, балки ба таври объективӣ инъикос ёбад.

"Зарур аст, ки ба фаъолияти ҳарду баҳои ҳаққонӣ дода шавад. Дар ҳеҷ ваҷҳ набояд Елтсин ҳимоятгари Русия қаламдод шавад. Гӯиё вай ба русҳо озодӣ дод, дар асл бошад ин озодиро ба мо Сталин ато карда буд. Мо таҳти роҳбарии вай аз болои миллатгароёни немис ғалаба ба даст оварда будем, мегӯяд Биюков ва илова менамояд, ки вақти он расида ки «Елтсин- сентр»-ро на дар Екатеринбург , балки дар ягон ҳабсхонае, ки дар он ҷинояткорони иқтисодӣ нигоҳдорӣ мешаванд, мустақар намоянду дар он Форумҳои соҳибкориро бо усули Гайдарови барпо кунанд.

Ҳамчуноне ба мушоҳида мерасад, дар атрофи фаъолияти ин ду сиёсатмадор дар Русия гуфтугӯйҳои ҷиддӣ сурат мегиранд. Ба ин иқдом аъзои ҳизби пешбар- "Единая Россия" низ мароқ зоҳир намудаанд, мегӯяд вакили Думаи давлатӣ –аъзои ин ҳизб Евгений Фёдоров. Мо вакилон аз ҳама фраксияҳои гуногун чандин маротиб барои баррасии ҳаққонии фаъолияти Горбачёву Елтсин ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кардем, вале онҳо дар ин амал камҳаракатӣ менамоянд. Аминем рӯзе мерасад, ки ба онҳо баҳои ҳаққонӣ дода мешавад.

Ба ин ақида сенатори вилояти Курган Сергей Лисовский низ ҳамфикр аст. Номбурда Горбачёву Елтсинро чун роҳбарони камфаъолият баҳогузорӣ кардааст. Сустӣ дар фаъолияти корӣ барои сарвар худ ҷинояти нобахшиданист.

Вақт довар хоҳад буд, ки сиёсатмадорону таърихнависони Рус ба фаъолияти Михаил Горбачёв ва Борис Елтсин чӣ гуна баҳогузорӣ хоҳанд кард.
Маъруфи Бобораҷаб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: