Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷое, ки дипломатия хомӯш аст, низоъ сар мезанад

Ҷое, ки дипломатия хомӯш аст, низоъ сар мезанад

10-02-2016, 17:42
Хабарро хонданд: 556 нафар
Назарҳо: 0
Ҷое, ки дипломатия хомӯш аст, низоъ сар мезанад
10 феврал – рӯзи кормандони дипломати Русия

Иди касбии дипломатҳои Русия бо Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 31 декабри соли 2002 эълон гардид. Интихоби ин сана тасодуфӣ набуда, айнан дар ҳамин рӯз соли 1549 нахустин маротиба аз якумин мақомоти сиёсии кор бо хориҷии Русия – «Фармони сафирӣ» ёдрас мешавад.

Аз давраҳои Фармони сафирӣ дар хадамоти кор бо хориҷа шахсиятҳои барҷаста, намояндагони боистеъдод ва рӯшанфикри ҷомеаи Русия, аз ҷумла, А.С. Грибоедов, А.М. Горячков, С.Ю. Витте, Г.В. Чичерин, А.М. Колонтай, А.А. Громико, А.Ф. Добринин, Ю.М. Воронсов ва мисли ин фаъолият намудаанд.

Фаъолияти дипломатӣ тавре ки ба назари баъзе ашхоси ноогоҳ аз кори дипломатӣ мерасад, на силсилаи чорабиниҳои ашрофонаи дилхушкунанда, балки меҳнати хеле сангин, шабҳои бехобӣ ва масъулияти сахт аст, ки гоҳҳо аз тасмимҳо ва қарорҳои қабулгардида тақдири миллионҳо одамон, кишварҳо, қораҳо (континент) ва ҳатто тамоми сайёра вобаста аст. Моҳияти дипломатия - яке аз мураккабтарин ва гуногунҷанбатарин навъҳои фаъолияти давлатӣ дар он аст, ки бояд бехатарии давлатро таъмин намояд, шароитҳои мусоиди байналмилалиро барои тавсеаи бештаре фароҳам орад, ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намояд, амниятро таҳким бахшад, низоъҳоро пешгирӣ ва ё ба ҳалли бидуни хушунат ва сиёсии он замина гузорад.

Байни мақомомти давлатии Федератсияи Русия, Вазорати корҳои хориҷӣ – мақоми махсусро дорост. Роҳандозии муносибати беруна бо дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ салоҳияти бузург, донишу маърифати махсус, ақоиди устувор, боварӣ ва эътимодро талаб менамояд.

Сиёсати хориҷии кишвар таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Русия қарор дорад. Вазири корҳои хориҷӣ низ бевосита аз ҷониби ӯ таъин карда мешавад. Вазорати корҳои хориҷӣ ба риштаҳое, ки таҳти салоҳияти Президент қарор доранд, ворид мешавад. Вазири мақомоти мазкур дар радифи вазирони дифоъ, корҳои дохилӣ узви доимии Шӯрои амнияти ФР маҳсуб мешаванд. Қадр намудан бо рутбаҳои олии дипломатӣ низ ба салоҳияти роҳбари давлат марбут аст. Барои ин мақом кадрҳои баландихтисоси хадамоти дипломатӣ, дастгоҳи боэътимоди сиёсати хориҷӣ зарур аст.

Сиёсати хориҷии президентӣ ҳаргиз нақш ва мақоми ВКХ Русияро дар маҳдудаи иҷроия қарор намедиҳад. Вазорат ҳамеша дурнамо, таҳлил ва ташаббуси худро пешниҳод менамояд. Вазифаи асосии ВКХ ба ҳайси мақоми роҳбарӣ амалӣ сохтани нақши ҳамоҳангсозӣ дар муносибат бо дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар татбиқи роҳи ягонаи сиёсати хориҷӣ аст.

Муносибати гуногунҷанбаи Русия тақрибан бо дусад давлати дунё ва шабакаи созмонҳои байналмилалӣ, ба инобат гирифтани омилҳо ва вижагиҳои зиёдро талаб менамояд. Солҳои охир теъдоди муассисаҳои хориҷии вазорат хеле тавсеа ёфтанд: беш аз 250 сафорат, намояндагии (ваколатхона) доимӣ, консулгариҳо манофеи миллиро пеш мебаранд ва ҳимоя мекунанд, маълумотҳоро оид ба вазъи дигар кишварҳо ва фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ҷамъ ва таҳлил мекунанд, пешниҳодҳо ироа месозанд, ки масъулияти бузург ва фаъолияти пурмаҳсулро талаб мекунад. Русия собиқаи ин миқдор шартнома ва уҳдадориҳоро надошт, ки имрӯз дорад. Ҳеҷ гоҳ то ин вақт чунин миқдори шаҳрвандони Русия (муқимӣ, сайёҳон, тоҷирон, журналистон ва ғ.) дар хориҷи кишвар қарор надоштанд. Дар Русия низ ин миқдор хориҷиён вуҷуд надоштанд.

Вазъи ноороми сиёсию иҷтимоӣ, хуруҷ ва фаъол гардидани терроризм дар як қатор кишварҳо ба русиягиҳо низ таҳдид мекунад. Барои шаҳрвандони Русия дар ин кишварҳо шахси масъули давлатӣ сафир, дар музофотҳо бошад, консули генералӣ аст. Нақши вакили (намояндаи) муваққатӣ дар умури Русия, инчунин мудири шуъбаи консулӣ (аз ҷониби ВКХ ва ё сафир таъин мешаванд) низ муҳим аст.

Қабл аз ҳама зикри нақши сафирон аз аҳамият холӣ нест. Онҳо дар асоси тартиби муқарраргардида, бо роҳбарияти олии кишваре, ки дар он адои вазифа мекунанд, бо доираҳои бонуфузи парлумонӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии он, арбобони фарҳангу ҳунар робитаҳои муфид доранд ва аз ин рӯ ҳам метавонанд ба сиёсати ин кишварҳо то андозае таъсиргузор бошанд, аз вайроншавии муносибатҳо канорагирӣ кунанд ва ба вайроншавии он роҳ надиҳанд ва онро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доранд, ки ин касбияти хеле баландро тақозо менамояд.

Аксарияти давлатҳо то имрӯз муҳим будани сиёсати хориҷии худро таъкид намуда, вазифаи вазири корҳои хориҷиро ба зиммаи муовини сарвазир мегузоранд. Котиби давлатӣ – аз дигар вазирони ҳукумати ИМА салоҳияти бештаре дорад ва шахси чорум маҳсуб мешавад, ки дар ҳоли зарурӣ метавонад Президентро иваз намояд.

Ин ҷо ёдовар шудан аз натиҷаҳои сиёсати хориҷии соли 2015 муҳим аст, ки хеле мураккаб буд. Он бо шиддатёбии зиддиятҳои глобалӣ барои таъсир расонидан ба ҷараёни таҳаввулот ва ташаккулёбии сохтори нави байналмилалӣ дар хотираи таърих хоҳад монд.

Вазъият дар иқтисоди ҷаҳонӣ номуътадил боқӣ монд. Инро тақрибан аксарияти давлатҳо, аз ҷумла Русия эҳсос намуд. Вале дар заминаи бенизомии иқтисоди ҷаҳонӣ мо шоҳиди он гардидем, ки баъзе қудратҳо кӯшиш мекарданд манофеи худро аз ҳисоби дигарон таъмин созанд, иттиҳодияҳои пӯшидаи иқтисодиву тиҷоратӣ бунёд намоянд, фазои иқтисодиии ҷаҳониро дар ҳам шикананд.

Ҳуҷумҳои шадиди расонаи роҳандозӣ гардид. Дар маҷмӯъ дар баъзе ҳолатҳо ҷангҳои воқеии иттилоотӣ сурат гирифтанд, ки дар доираи он кӯшишҳои роҳ надодан ба иттилооти дигар (алтернативӣ) ва назари дигар ба ҳодисаҳо ба назар мерасид.

Муноқишаву даргириҳо дар Сурия, Ироқ, Яман, Либия ва Украина шиддати бештаре пайдо карданд. Ҳодисаҳои мазкур дар заминаи ривоҷи бесобиқаи хатари террористӣ сурат гирифтанд. ДИИШ, ки худро давлат эълон намуд, дар ҳамоҳангӣ бо дигар нерӯҳои террористӣ қисми бештари марзҳои Ироқ ва Сурияро тасарруф намуданд ва ғолибан тавонистанд, ки нуфузи худро дар дигар мамлакатҳо, аз ҷумла Либия, Афғонистон ва як қатор кишварҳои Африқо афзоиш диҳанд. Ҳамагон шоҳиди амалҳои хунбор ва ваҳшатзои терористии ин гурӯҳҳо будем, ки алайҳи шаҳрвандони Русия, кишварҳои Аврупо, Шарқи Наздик, Африқо, ИМА, Ховари Миёна сурат гирифт ва муҳоҷирати оммавии аҳолии кишварҳои минтақаҳои мусалмоннишинро ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо таҳрик дод. Террористон ошкоро изҳор менамоянд, ки ҳадафашон бунёди «хилофат» аз Португалия то Покистон аст. Ин хатар на танҳо характери минтақавӣ дошта, балки ба амнияти байналмилалӣ таҳдид менамояд.

Дар шароити фароҳамомада Русия ба ҳайси узви доимии Шӯрои амниятии СММ ва яке аз бузургтарин кишварҳои сиёсати хориҷиаш фаъол, на танҳо ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллии худ, балки бо дарки масъулият ба тақдири ҷаҳон фаъолона амал мекард.

Самти калидии талошҳои мо ин роҳандозии ташаббусҳои Президенти Федератсияи Русия В.В.Путин оид ба таъсис додани эътилофи васеи зиддитерористӣ бар асоси қавонини байналмилалӣ ва таҳти назорати СММ буд. Амалиётҳои қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия дар ҷавоб ба муроҷиати Ҳукумати Сурия ҷиҳати тағйир додани вазъият дар ин кишвар ва маҳдуд намудани қаламрави таҳти тасаллути террористон, кӯмаки амалӣ расонид. Дар натиҷа, бараъло маълум шуд, ки кадом нерӯҳо бо террористон муборизаи воқеӣ мебаранд ва киҳо ҷурмшарики онҳо буда, аз ин неруҳои қаттол худхоҳона ба манфиати худ истифода мебаранд.

Мусаллам аст, ки танҳо бо аслиҳа ва тадбирҳои ҳарбӣ мағлуб кардани терроризм ғайриимкон аст. Бояд ҳатман амалиёти мусаллаҳона бо равандҳои сиёсӣ дар самти ҳаллу фасли низоъ, бо чораҳои пешгирии истифодаи инфрасохтори иқтисодӣ (ки онҳо таҳти тасаллути худ қарор медиҳанд) аз ҷониби террористон, мисли ин ки ДИИШ дар Ироқ ва Сурия фурӯши нафт ва дигар амволро ба кишварҳои ҳамҷавор роҳандозӣ кард, мутобиқ карда шаванд. Чора ҷустан оид ба барқарорсозии иқтисодии кишварҳои ҷабрдида, баъд аз он, ки хатари терроризм аз байн бурда мешавад ва инчунин мубориза алайҳи идеологияи экстремистӣ низ басо муҳим аст.

Мо дар вақташ барои баргузории мулоқот дар Женева соли 2012 ва қабули Баёнияи Женева аз 30 июни соли 2012 мусоидат намуда будем. Ин навбат низ ҷиҳати таъсис додани Гурӯҳи байналмилалии дастгирии Сурия ва таҳрик додани «Раванди Вена», ки бо қарори (резолютсияи) 2254 Шӯрои амнияти СММ тасдиқ гардида, иҷрои он ҳатмист, фаъолона мусоидат намудем

Президенти Федератсияи Русия В.В. Путин борҳо таъкид намуд, ки кушодани гиреҳҳои печидаи тамоми мушкилот танҳо дар ҳоли такя ба қавонини байналмилалӣ, арҷ гузоштан ба гуногунии фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳони муосир, эътирофи ҳуқуқи халқҳо барои муайян намудани тақдири худ, имконпазир аст.

Бояд инро ба назар гирифт, ки дар қарни 21 роҳандозии ҳамкориҳои гуногунҷанба танҳо дар ҳоли баробарҳуқуқии воқеӣ, ба инобат гирифтани манфиати тарафҳо, ҳамкориҳои судманд дар заминаи амалӣ сохтани ҳадафҳои умумӣ, имконпазир аст. Фаъолияти сохторҳои ҳамгироӣ дар қаламрави собиқ Шӯравӣ - мисли СААД (Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ), Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) бояд ҳамин тавр амалӣ шаванд. Аз рӯи ҳамин принсипҳо фаъолияти созмонҳои бонуфузе мисли БРИКС ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки саммити онҳо моҳи июли соли гузашта дар шаҳри Уфа баргузор гардид, ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, баҳри равандҳои ҳамгироӣ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият намуда, мо ҳаргиз онро ба дигар тасмимҳои ҳамгироӣ муқобил намегузорем, ки доир ба ин роҳбарияти Федератсияи Русия борҳо ба таври ошкоро таъкид намудааст. Мо омодаем, ки ҷиҳати ҳамоҳангсозии равандҳои ҳамгироӣ, устувор намудани равобити мутақобилан судманд, аз ҷумла байни Аврупо, АвруОсиё, манотиқи Осиёву ҳавзаи Уқёнуси Ором фаъолият кунем. Созишномаи аслӣ оид ба алоқамандии фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва лоиҳаи чинии манотиқи иқтисодии «Роҳи абрешим», ки барои ҳамгироии кӯшишҳо имконоти густурда фароҳам меорад, ба тасвиб расид.

Аз рӯи принсипҳои мутобиқати манфиатҳо, волоияти қавонини байналмилалӣ ва нақши меҳварии СММ амал намуда, дипломатияи Русия, дар як қатор самтҳои рӯзномаи (дастури кори) байналмилалӣ ба муваффақияти кӯшишҳои дастаҷамъона мусоидат намуд.

Аз муваффаққиятҳои беназири соли сипаригардида Созишномаи Минск , ки 12 феврали соли 2015 ба имзо расид, маҳсуб мешавад. Дар ҳамин давра мо суботкорона кӯшиш намудем, ки дар доираи уҳдадориҳои Созишномаи мазкур, ҷиҳати ба танзим даровардани муноқиша дар Украина саҳми арзанда гузорем. Тавре ки маълум аст на ҳамаи бандҳои Созишнома иҷро гардиданд. Аз ин лиҳоз қарор дода шуд. ки корро дар ин самт то соли 2016 идома диҳем. Вале вазифаҳо тағйир нахоҳанд ёфт, чунки онҳо бидуни духурагӣ дар санадҳои Минск сабт шудаанд. Мо иҷрои қатъии онро мутобиқ бо созишномаҳои иловагӣ, ки дар мулоқоти сарони кишварҳо дар доираи «чоргонаи нормандия» қабул гардиданд, талаб хоҳем кард.

Дар маҷмӯъ мо мисли пешин муътақидем, ки низоъи дохилиукраинӣ бояд танҳо бо роҳи мусолиҳатомез ҳаллу фасл шавад. Кӯшиш бар он хоҳем кард, ки украиниҳо мусолиҳаи миллиро барқарор намуда, ба роҳи рушди устувори кишварашон баргарданд.

Сиёсати пайгиронаи мо дар радифи сиёсати тақобулии (муқобилистии) баъзе шарикон, зиёдшавии мушкилот дар умури ҷаҳонӣ мусоидат намуд, ки иштирокчиёни муносибатҳои байналмилалӣ бидуни алтернатива будани ҳамкориҳои густурдаро ҷиҳати ҳалли якҷоя барои баромадан аз ҳолатҳои инқирозӣ дарк кунанд. Дар доираи фаъолияти дипломатии сиёсати хориҷии мо ба вазифаҳо оид ба тақвият бахшидани ҳузури башардӯстонаи Русия, дастгирии ҳамватанон, ки дар хориҷа муқиманд ва ё бо мақсадҳои дигар дар он ҷо қарор доранд, афзалият дода шудааст. Мо минбаъд дар фаъолияти худ ба муошират бо созмонҳои ғайридавлатӣ, доираҳои илмӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дар маҷмӯъ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони васоити ахбори омма таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳем кард.
Котиботи матбуотии Сафорати Русия дар Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: