Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «БЕҲТАРИН ПЕДАГОГ-2021»

«БЕҲТАРИН ПЕДАГОГ-2021»

19-01-2022, 07:52
Хабарро хонданд: 895 нафар
Назарҳо: 0
«БЕҲТАРИН ПЕДАГОГ-2021»

Дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида ба 30-солагии ИДМ таҳти унвони “Беҳтаринҳо дар маориф-2021” озмуни омӯзгорон ва олимони ҷавони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он омӯзгори Академияи идоракунии давлатии (АИД) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Имомназарова бо дипломи дараҷаи III ва медали“Беҳтарин педагог — 2021” сарфароз гардонида шуд.

Хабарнигори АМИТ “Ховар” бо ӯ ҳамсуҳбат гардид.

Мавҷуда Имомназарова 7 майи соли 1992 дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 2009 тариқи квотаи Президентӣ ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, соли 2013 онро хатм намудааст. Худи ҳамон сол ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи магистратураи Донишгоҳи мазкур (аз рӯи ихтисоси сиёсатшиносӣ) супорида, соли 2015 онро бо дипломи дараҷаи олӣ ба итмом расонидааст. Аз соли 2020 дар кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи АИД ба ҳайси муаллимаи калони кафедра фаъолият мекунад.

… -Мавҷуда, дар роҳ ба сӯи академия, ба дарси нахустинатон дар бораи чӣ фикр карда будед, ёд доред?

-(Ба хаёл меравад)…Медонед, то академия вақти дар донишгоҳи омӯзгорӣ хонданам ба мактабҳо таҷрибаомӯзӣ мерафтем, бинобар ин метавон гуфт дарсҳои шогирдонаам дар синфхонаҳои макотиби таҳсилоти миёна шуруъ шудаанд. Вале сабақ омӯзонидан дар мактаби миёна дигар асту дар донишгоҳ ё академия дигар.



Вақте дар академия ба дарси нахустини худ сӯи аудитория роҳ пеш гирифтам, маро воқеан як ҳиссиёти аҷибе фаро гирифт, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Шояд тарс буд (табассум мекунад). Ба гумони он ки оё аз уҳдааш мебаромада бошам…Зеро, бовар кунед, ҳар як омӯзгори ҷавон дар нахустин дарсаш шояд чунин ҳиссиётро дошта бошад, вақте ҳанӯз боварӣ ба худ таҷриба нашудааст ва намедонӣ пас аз чанд лаҳза чӣ хоҳад шуд. Бале, дар рӯзи аввал каме дар дилам тарс буд, лекин вақте ба аудитория медароед, домани донишу фаҳмишҳои шум обоз мегарданд, шумо тадриҷан, тавре мегӯянд, кушода мешавед ва худро озодтар ҳис мекунед. Шумо тадриҷан ба фазои аудитори мутобиқ мешавед ва дере нагузашта он ҳама тарсу ваҳм гум мешавад.

-Шумо ҳанӯз хеле ҷавонед, аммо дар байни шогирдонатон шояд одамони хеле калонсолтар ҳастанд… Душвор аст, албатта…

-Бале. Аммо мегӯянд, “мушкиле нест, ки осон нашавад”. Буданд ва ҳастанд донишҷӯёне, ки дар синну сол аз ман бузургтаранд, билхоса дар байни донишҷӯёни шуъбаҳои фосилавӣ, яъне ғоибона, аз ҷумла, онҳое, ки барои гирифтани маълумоти дуюми таҳсилоти олии касбӣ ва ё дар шаклҳои ғоибона таҳсил мекунанд. Миёни онҳо нафароне низ ҳастанд, ки таҷрибаи кории тӯлонӣ низ доранд.

Аз аввалин рӯзҳои фаъолияти омӯзгориям ба худ мегуфтам: барои ман муҳим синну солаш нест, ӯ донишҷӯ аст ва барои донишомӯзӣ омадааст. Ва донишҷӯ новобаста аз синну сол бояд бо омӯзгоре, ки дар аудитория дарс медиҳад, чун бо устод муносибат намояд. Дар навбати худ омӯзгор низ вазифадор аст бо ба инобат гирифтани хусусиятҳои синну сол ва дараҷаи фаҳмиши аудитория тарзу усули дарсдиҳии худро ба роҳ монад.

-Чӣ ҷиҳат ё кадом паҳлӯҳои касби омӯзгорӣ ба Шумо писанд аст?

-Модарам омӯзгор буданд ва мо бо нони омӯзгорӣ бузург шудаем. Ва вақте муҳаббати модарамро нисбат ба касби хешу шогирдонашон дидам, ман низ ин ишқи бузургро дар дилам парваридам. Ман касби худро бениҳоят дӯст медорам. Ба ҳар коре, ки бо шавқ, бо меҳр, бо муҳаббат ба он даст мезанед, ҳатман муваффақ хоҳед шуд. Агар мутахассис касби худро дӯст надорад, вай оянда таҷрибаи зиёд ва натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда наметавонад. Барояш мушкил мешавад.Шояд малакаашсайқал наёбад чун вай хоҳиш надорад. Омӯзгорӣ барои ман ишқ аст. Кадом паҳлӯи касби омӯзгорӣ ба ман писанд аст? Кор бо донишҷӯён. Муаллим ҳам мисли боғбонест, ки ниҳол мешинонад, парвариш мекунад ва боғ бунёд менамояд. Ниҳолҳое, ки муаллим парвариш мекунад, шогирдони ӯ ҳастанд. Агар ин ниҳолҳо хуб тарбия ёбанд, боровар ва серҳосил мешаванд ва ба ҷомеа нафъи худро мерасонанд.

-Бигӯед, ки сиёсатшиносӣ чӣ гуна илм аст ва оё омӯхтани он ба онҳое, ки сиёсатшинос нестанд, зарур аст?

-Мафҳуми сиёсатшиносӣ дар аксари забонҳои дунё бо мафҳуми “политология” ифода меёбад, ки он ҳамзамон аз ду калимаи юнонӣ таркиб ёфтааст: “politike” — корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва “logos” — таълимот, илм. Метавон гуфт, ки илми сиёсатшиносӣ бевосита илми ҷомеавӣ аст. Илмест, ки ҳаёти сиёсии ҷомеаро меомӯзад, равандҳои сиёсӣ, фаъолияти сиёсии шахс, умуман тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ бар души омӯзиши илми сиёсатшиносӣ аст. Ҳар як шахси маълумотноки имрӯза, новобаста аз касбияташ, аз он ки вай сиёсатшинос аст ё нест, бояд аз ҳаёти сиёсии ҷомеаи худ худ, давлати худ огоҳ бошад. Ҳам омӯзгор, ҳам ҳуқуқшинос, ҳам аҳли илму фарҳанг, коргарону кишроварзон бояд то ҷое мебояд, аз сиёсат огоҳ бошанд. Вақте шахс аз ҳаёти сиёсии ҷомеаи худ бохабар аст, вай ҳамеша мутолиа ва пайгирӣ мекунад ва ба ин васила донишҳои сиёсии худро, зиракии сиёсии худро сайқал медиҳад. Ин махсусан дар замони имрӯза бисёр чизи муҳим аст. Чун имрӯз, дар замони ҷаҳонишавӣ дар баробари равандҳои мусбат равандҳои анфие низ ҳастанд, ки ба арзишҳои миллӣ хатар эҷод мекунанд. Ва ҳар як шахс дар сурати пайгирӣ кардани донишҳои сиёсии худ метавонад аз арзишҳои миллии худ ҳимоя кунад.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар китоби “Ахлоқи Мӯҳсинӣ” дар боби сиёсат чунин овардааст: мадори олам бар сиёсат аст, агар забти сиёсат набошад, муҳимоти ҷаҳон бар насақ намонад ва агар қонуни таъдибу таъзиб набувад, корҳо руй ба табоҳӣ ниҳанд:

Аз сиёсат низом ёбад мулк,
Бе сиёсат халалпазир бувад.
Насақи корҳои оламро,
Аз сиёсат ногузир бувад.

-Яъне, шунавандагон ё дастпарварони Академияи идоракунии давлатӣ метавонанд дар дигар соҳаҳо низ кор кунанд?

-Шунавандагон ё дастпарварони академия на танҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ, балки дар дигар соҳаҳои мамлакат низ кор карда метавонанд, зеро мо, қабл аз ҳама, менеҷерҳо, роҳбарон, ҳамоҳангсозонро омода месозем, онҳоеро, ки идора карда метавонанд, ҳам худ ва ҳам дигаронро. Онҳоеро, ки фикр кардан, дарк намудан, мулоҳиза ронданро хуб азбар мекунанд. Барои ин омӯзиши зиёд лозим аст. Мегӯянд, омузишро то охирин лаҳзаи зиндагӣ давом додан даркор. Инро зиндагии паваста рушдёбандаи имрӯза, ки ҳар рӯз як навгонӣ пеш меорад, тақозо мекунад, ҳар рӯз технологияҳои нав пайдо мешаванд. Барои ҳамин ба насли имрӯза донишҳои муосир лозиманд. Ва чизи муҳиме, ки ин донишҳо медиҳанд, — ин ташаккули тарзи нави кору рӯзгор аст, ки ба василаи он мо ҷаҳони нав, навгониҳо, технолоогияҳои навро дуруст қабул мекунем.

Раванди глобализатситя ё ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки намояндагони касбу кори гуногун бояд дар талоши донишандӯзии пайваста ва боло бурдани сатҳи малакаи худ буда, кӯшиш намоянд, ки дар ин ҷода ҳамқадами замон бошанд. Имрӯз даврае фаро расидааст, ки мо, мутахассисон на танҳо ба талаботи ҷомеаи миллӣ, балки ба сатҳи байналмилалӣ омода бошем. Тавре шоҳидем, имрӯзҳо дар кишвари мо ҳар як ҷавон метавонад тамоми он нақшаву орзуи амали неке, ки дорад дар самти дилхоҳ озодона, бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда амалӣ намояд.

-Ба ҳар сурат, муассисаи таълимие, ки Шумо дар он фаъолият мекунед, асосан хизматчиёни давлатиро тайёр менамояд, ҳамин тавр?

-Дуруст аст. Ҳамасола Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабонро ба ихтисосҳои идораи давлатӣ, идораи давлатӣ ва иқтисодиёт, идораи ҳайати кадрӣ, идораи мақомоти маҳаллӣ, менеҷменти молиявӣ, менеҷменти сиёсӣ, сиёсат ва идораи давлат, муносибатҳои байналмилалӣ қабул менамояд. Академия имрӯз ягона муассисаи таълимист, ки муассисаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Академия ҷиҳати омода намудани кадрҳои хизмати давлатӣ ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат фаъолияташро пурсамар ба роҳ монда, ҳамасола садҳо нафар дастпарвааронашро ба ҷодаи фаъолияти мустақили касбӣ гусел менамояд. Сол аз сол афзудани шумораи довталабон худ нишони пешрафти нуфузи ин боргоҳ мебошад.

-Хизматчии давлатӣ кист, бояд чӣ гуна шахс бошад, чиҳоро бояд донад?

-Хизматчии давлатӣ будан масъулияти бузургро талаб мекунад ва касби бисёр ҳам пуршараф аст. Хизматчии давлатӣ шахсест, ки намояндаи давлату ҳукумат мебошад. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст хизматчии давлатӣ мебошад. Ҷомеа дар симои хизматчиёни давлатӣ ба фаъолияти давлату ҳукумат баҳо медиҳанд.

Бояд гуем, ки самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мақсаду вазифаҳо ва принсипҳои асосии фаъолияти муассисаи хизмати давлатӣ, таъмини кори самарабахши ҳамаи мақомоти давлатӣ мувоффиқи салоҳияти онҳо муайян менамоянд.

-Хизматчии давлатӣ бояд одоби махсус дошта бошад, ҳамин тавр?

-Бале, хизматчии давлатӣ бояд аз дигар намояндагони касбу кори гуногун фарқ кунад, дар кору фаъолияти худ серталаб, бомасъулият, ташкилотчӣ бошад. Вай дар доираи риоя кардани принсипҳои баланди гуманистӣ ва қаводиди муоширати касбии худ бо ҷомеа бояд намунаи ибрати дигарон бошад.

-Рафтору одоби хизматчии давлатӣ чӣ тавр назорат ва танзим карда мешавад?

-Одоби хизматчиёни давлатиро дар кишварамон Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Ин кодекс маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар ҷои кор, оила ва дар ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқии инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ мебошанд, дарбар мегирад.

-Иштирок дар озмуни байналмилалии “Педагог-2021” тавсия ё маслиҳати кӣ буд?

-Тавсияи ҳеҷ кас набуд. Вақте варақаи иттилоотӣ ворид гардид ва ман талаботҳои озмунро дидам, пеши худ мақсад гузоштам, ки дар он иштирок мекунам.Озмун дар шакли ғоибона моҳи сентябр баргузор гардид. Талаботи асосии озмун ин пешниҳоди мақолаҳо ё дигар дастовардҳои илмӣ ва ё лоиҳаҳои илмӣ буд. Ва ман мақолаҳои илмии худро пешниҳод кардам ва моҳи октябр ҷавоби озмун омад. Навишттаанд ки шумо ғлиб омадед, шуморо табрик мегӯем ва метавонед дар моҳи ноябр дар конфренсияи ҷамъбастӣ иштирок намоед.



Бовар кунед, пас аз дарёфти хабар, ки соҳиби ҷоизаи ин озмун шудаам ва маро табрик намуданд, ман худро бисёр нороҳат ҳис кардам, фикр кардам ҳанӯз ба чунин ҷоиза арзанда нестам. Зеро дар паҳлӯи ман устодони барҷаста ва шахсиятҳои арзанда кору фаъолият мекунанд… Фаъолияти онҳо, таҷрибаи онҳо, дониши онҳо, маҳорати касбии онҳо аз ман даҳчанд болост. Ва дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мо дорем омӯзгорони пешқадаме, ки алаккай чандсолаҳо фаъолияти худро ба роҳ мондаанду дар касби омӯзгорӣ ба қуллаҳои баланди илмиву касбиву таълимии худ расидаанд.

Мусоҳиб
Зебои ЮСУФ,
АМИТ “Ховар”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: